МУТАХАССИС, БАКАЛАВРИАТ, МАГИСТРАТУРА: УМУМИЯТ, ФАРҚИЯТ, БАРТАРИЯТ
14.01.2025
Муқаддима
Дар ҷомеа баҳсҳои зиёде атрофи доштани дипломи мутахассис, бакалавр ва магистратура вуҷуд доранд ва ин ҳолат бисёриҳоро ба сӯйи тафоҳум мувоҷеҳ сохтааст.
Аз ин рӯ, зарур донистем, ба таври мушаххас ва дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ зинаҳои таҳсили бакалавр, мутахассис ва магистратураро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор бидиҳем, зеро тасаввуроти ғалат вуҷуд дорад, ки гӯё бо дипломи бакалавр ба кор қабул кардан намехоҳанд, ҳол он ки ин тавр нест. Малака, қобилият ва тафаккури пешрафта барои корфармо аз ҳама муҳим ба ҳисоб меравад. На ҳама дарк мекунанд, ки бакалавр аз мутахассис чӣ фарқ дорад. Бояд қайд кард, ки бакалавр зинаи асосии таҳсилоти олӣ аст ва сатҳи навбатии он магистратура мебошад. Чунин низоми дузинагии таҳсилот дар соли 1999 дар ҷараёни татбиқи Болония тасдиқ карда шуд, ки ҳадафи он ташкили фазои ягонаи таълимӣ дар Аврупо мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин низоми таҳсил аз соли 2007 инҷониб амал мекунад. Бакалавр ба монанди мутахассис маълумоти олии мукаммал аст.
Бакалавр – таҳсилоти олии нопурра?
Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ тақсимот ба таҳсилоти олии пурра ва нопурра ва ибораҳое, ба монанди «таҳсилоти нопурра ва пурра» вуҷуд надоранд. Ҳам дараҷаи бакалавр ва ҳам мутахассис сатҳи таҳсилоти олӣ мебошанд ва маълумоти пурра медиҳанд. Таҳсилоти низоми панҷсола дар замони Шуравӣ пайдо шудааст. Аз ин рӯ, бо рушду пешрафти ҷомеа дар баробари мутахассис низоми дусатҳаи таҳсил ба миён омад. Ин низом имкон медиҳад, ки дипломи шаҳрванд дар арсаи ҷаҳонӣ бемамониат эътироф гардад ва ҳангоми таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ мушкилоте ба вуҷуд наояд.
Маълумоти нопурра таҳсилоте дониста мешавад, ки диплом гирифта нашудааст. Масалан, агар донишҷӯ аз аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ нагузаштааст, бо сабабҳои шахсӣ ё бо сабаби нокомӣ аз донишгоҳ аз таҳсил хориҷ карда шудааст ва ё ҳоло ҳам меомӯзад, пас маълумоти ӯ нопурра дониста мешавад. Бояд ба мафҳуми таҳсил эътибор дода шавад, зеро масъалаи дипломи нопурра ё таҳсилоти нопурра дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ зикр нашудааст. Бинобар ин, мехоҳем, нахуст мафҳумҳои «бакалавр», «мутахассис» ва «магистратура»-ро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ шарҳу тавзеҳ бахшем. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» зикр шудааст, ки «бакалавр - шахси дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбие, ки доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро соҳиб шудааст. Магистратура - дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбие, ки ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ё ҳимояи рисолаи магистрӣ дипломи намунаи давлатиро медиҳад». Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» қайд шудааст, ки бакалавр - дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ буда, шахси дорои ин таҳсилот доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбӣ ҳосил менамояд.
Магистр - дараҷаи таҳсилоти олии касбӣ, ки баъди супоридани имтиҳони давлатӣ ва ҳимояи рисолаи магистрӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода мешавад. Магистр асосан ба соҳаи муайяни илм машғул шуда, корҳои илмию таҳқиқотӣ мебарад ва аз рӯйи ихтисос дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар вазифаҳое, ки ба сатҳи таҳсилоти ӯ мувофиқанд, кор мекунад.
Мутахассис - шахсе, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ буда, доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбиро соҳиб шудааст ва барои иҷро намудани кори илмӣ қобилият дорад.
Маълум мегардад, ки дар ягон мафҳуми зикршуда калимаи «пурра» ё «нопурра» зикр нашудааст, баръакс, ҳамчун таҳсилоти олии касбӣ маънидод гардидааст ва дипломи таҳсилот аз рӯйи мутахассис ва бакалавр як мебошад. Яъне, таҳсилот дар зинаи бакалавр баробар ба таҳсилот дар зинаи мутахассис дониста шудааст. Ин нуктаро қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи низомномаҳои бакалавриат, магистратура ва мутахассис» (аз 30 декабри соли 2007) тасдиқ мекунад: «Дипломи намунаи давлатии дараҷаи «бакалавр» ба дипломи намунаи давлатии дараҷаи «мутахассис» баробарарзиш дониста шавад».
Дар ин замина, барои тақвияти андеша ба шарҳи ин ду мафҳум мепардозем, ки ҳам дар «Низомномаи мутахассис» ва ҳам дар «Низомономаи бакалавриат» омадааст.
Дар «Низомномаи мутахассис» зикр гардидааст, ки мутахассис - шахсест, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ буда, доир ба назария ва амалияи ихтисоси худ донишу малака ва маҳорати касбӣ дошта, инчунин, дорои қобилияти навиштани кори илмӣ мебошад.
Дар «Низомномаи бакалавриат» қайд шудааст, ки бакалавриат зинаи аввали (заминавии) таҳсилоти олии касбӣ буда, бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахассисони баландихтисос таъсис дода мешавад.
Бакалавриат таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити мусоид муҳайё месозад ва баробарарзишии онҳоро таъмин менамояд.
Паҳлуи дигари баробарарзишии ҳуҷҷатҳо ҳангоми қабул ба кор дар асоси низомнома ба ҳисоб меравад. Масалан, дар «Низомномаи мутахассис» зикр шудааст: «Ҳангоми ба кор қабул намудани мутахассис ба ӯ ҳуқуқи ишғоли вазифаҳое дода мешавад, ки мутобиқи талаботи давлатӣ ба тахассуси «мутахассис» пешбинӣ гардидааст». Ҳамин нукта низ дар «Низомномаи бакалавриат» қайд шудааст: «Ҳангоми ба кор қабул намудани бакалавр ба ӯ ҳуқуқи ишғоли вазифаҳое дода мешавад, ки мутобиқи талаботи таснифоти давлатии равияҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тахассуси «мутахассис» пешбинӣ гардидааст».
Аз ин рӯ, маълум мегардад, ки дар асоси санадҳои мавҷуда дипломи бакалавр баробарарзиш бо дипломи мутахассис мебошад ва ҳамчун зинаи асосии пурраи олӣ маънидод мешавад. Бинобар ин, он диплом дар зинаи бакалавр дода мешавад, ки моҳиятан бо дипломи мутахассис баробар аст ва овозаҳое, ки атрофи дипломи ин зинаи таҳсилот вуҷуд дорад, беасос буда, дипломи бакалавр ҳамчун таҳсилоти пурраи илмӣ ҳисобида мешавад.
Чаро бояд дар магистратура таҳсил кард?
Мусаллам аст, на ҳамаи онҳое, ки зинаи бакалаврро хатм мекунанд, имкони таҳсил дар зинаи магистратураро доранд. Аввалан, магистратура ҳамчун зинаи илмӣ маҳсуб меёбад ва на ҳама мехоҳанд, ки дар оянда ба самти илм раванд. Дуюм, тибқи талабот ва низомнома танҳо 20 фоизи хатмкунандагон, ки зинаи бакалаврро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонидаанд, имкони таҳсил дар зинаи магистратураро пайдо мекунанд. Дар зимн, дар омӯзишу таҳсил дар зинаи магистратура асоси фаъолияти магистрант ҷанбаи илмӣ пайдо мекунад. Бинобар ин, бояд магистрант ба корҳои илмӣ амиқан машғул гардад ва дар давоми таҳсил дипломи магистрии хешро омода кунад.
Дар «Низомномаи магистратура», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, №650 тасдиқ шудааст, қайд гардидааст, ки: «Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Таъсис додани магистратура таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандарти байналмилалии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад».
Дар зимн, қайд шудааст: «Ба магистратура шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд».
Фаъолияти магистрант ду ҷанбаро фаро мегирад: якум, таълимӣ ва дуюм, таҳқиқотӣ. Дар ин зина барои соҳаи илм мутахассисон омода карда мешаванд ва бояд самти таҳқиқиву пажуҳишии онҳо ба эътибор гирифта шавад ва ин нукта дар «Низомномаи магистратура» зикр шадааст: «Шахсоне, ки магистратураро бо баҳои аъло хатм мекунанд, дар асоси қарори комиссияи давлатии аттестатсионӣ ба аспирантура ва барои ба даст овардани дараҷаи илмии доктори илм (DPhD) ба муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ тавсия карда мешаванд».
Бинобар ин, бояд ба зинаи магистратура диққати махсус дода шавад, онҳое ба ин зина қабул гарданд, ки бевосита ба соҳаи илм машғул мегарданд, дар ин замина донишу ҷаҳонбинии пешрафта дошта бошанд ва дар оянда ҳамчун мутахассиси сатҳи баланд дар самти илму истеҳсолот ба камол расанд.
Хулоса
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ҷаҳонии таҳсил ворид гардидааст ва ҳар навгоние, ки дар соҳаи маорифи ҷаҳон ба вуҷуд меояд, тадриҷан дар кишвар амалӣ мегардад. Ин омил имкон фароҳам меорад, ки аз як тараф, маорифи кишвар ҳамқадами замон гардад, аз ҷониби дигар, мутахассисоне, ки дар кишвар омода карда мешаванд, ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд. Низоми Болония имрӯз дар тамоми ҷаҳон амал мекунад ва мутахассисоне, ки дар ин зинаи таҳсилот тайёр карда мешаванд, дар бозори ҷаҳонӣ харидор пайдо мекунанд. Ҳамчунин, ҳангоми кор ва идомаи таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ пешорӯйи онҳо мушкилӣ ба вуҷуд нахоҳад омад. Дар ин ҷода, мебояд танҳо ба омӯзиши фарогир машғул гардид, мутахассиси варзидаи соҳаи худ шуд ва мавқеи хешро дар ҷомеа ба таври шоиста пайдо намуд.
Зинаи магистратура, аслан, барои онҳое пешбинӣ гардидааст, ки дар оянда мехоҳанд дар самти илм ба ковишу таҳқиқоти бунёдӣ машғул гарданд ва дар самти муайяни илмию истеҳсолӣ корҳои муфиди илмиро анҷом бидиҳанд. Мутаассифона, баъзан иддае талош мекунанд, ки ба зинаи магистратура дохил гарданд, ҳол он ки ба пажуҳиш шавқу рағбат ва маҳорату малакаи кофӣ надоранд. Онҳо бо андешаи он ки гӯё маълумоти онҳо «пурра» мегардад, ба ин зина дохил мешаванд. Бинобар ин, бояд дар хотир дошт, ки дипломи бакалавр маълумоти олии пурра буда, соҳиби он ҳамчун мутахассис эътироф мегардад ва таҳсил дар магистратура имкон медиҳад, ки шахс дар оянда ба пажуҳишҳои илмӣ машғул гардад.
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»