ПАЁМ - РОҲНАМОВУ РОҲКУШОИ АҲЛИ ИЛМУ МАОРИФ
14.01.2025
Имрӯз, 14-уми январи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои марбут ба соҳаи маориф, ки дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд, таҳти унвони «Паём - роҳнамову роҳкушои аҳли илму маориф» конференсияи илмӣ - назариявӣ баргузор гардид.
Дар конференсия муовинони вазири маориф ва илм, раиси кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар командони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Конференсияро муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон зикр карданд, ки «Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд». Ин таъкидҳо моро водор месозанд, ки Паёми имсоларо ҳадафи аслии сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, баҳри рушди соҳа, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳарчи бештар чораҳои дахлдор андешем.
Сипас, маърузаҳои раиси кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Насиба Содиқӣ ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Изатулло Маҳмудов дар мавзуи «Паём-омили муҳимми соҳаҳои калидии ҷомеа» шунида шуд.
Иброз гардид, ки нуктаҳое, ки дар ҳар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, маҳз ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошанд. Сарвари давлат ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил доранд ва моро месазад, ки бо кору фаъолияти худ ва бо нишон додани натиҷаҳои самаранок сазовори эътимоди Роҳбари давлат гардем.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон