РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
14.01.2025
14 январи соли 2025 дар филиали Муассисаи давлатии "Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф" дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар мавзуи "Рақамикунонии соҳаи маориф дар меҳвари Паёми Пешвои миллат" бо иштироки меҳмонони даъватӣ аз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, роҳбарияти Филиал, мудирони шуъбаву кафедраҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос конференсияи илмӣ-назарявӣ доир гардид.
Сараввал бо садо додани Суруди миллӣ директори филиали Донишкада дар шаҳри Душанбе, Мутриба Аҳмадӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун барномаи мушаххаси корбарӣ барои ҳар як фарди фаъоли ҷомеаи маданӣ, муассисаҳову идораҳои давлатӣ, махсусан, аҳли маорифи кишвар ироа гардидааст, моро водор менамояд, то ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва ҷамъиятӣ масъулияти баланди маданӣ эҳсос намуда, барои татбиқи амалии нишондодҳои он саҳми назаррас гузорем. Чунки Паём роҳнамои асосии зиндагӣ ва воситаи муҳайёкунандаи зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Сипас дотсенти кафедраи методикаи таълими фан дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ, Мавлоназаров Силмон дар мавзуи "Масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикситон", омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Холназаров Имомназар дар мавзуи"Таҳлили Паёми Пешвои миллат дар соҳаи маориф ва илм" ва муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ва илмӣ-методӣ, Умедҷони Файзалӣ дар мавзуи"Рақамикунонии низоми такмили ихтисос дар партави Паёми Пешвои миллат" баромад намуданд. Ва зикр намуданд, ки дар Паём масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи мадании Тоҷикистон ҳамчун чароғи фурӯзон ва роҳнамову пешбарандаи ҷомеа нишон дода шудааст.
Дар анҷом бо садо додани Суруди миллӣ конфренсия кори худро ба анҷом расонид.