21.05.2025

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир дар бузургтарин чорабинии ҷаҳонӣ дар бахши таҳсилот - Форуми умумиҷаҳонии таҳсилот – 2025 (Education World Forum) низоми маорифи миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Форуми мазкур ҳамасола дар шаҳри Лондони Британияи Кабир бо иштироки намояндагони воломақоми низоми таҳсилоти кишварҳои ҷаҳон баргузор гардида, ҳамчун яке аз платформаҳои калидӣ барои арзёбии дурнамо, таҳлили вазъ ва рушди ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф шинохта шудааст.
Мавзуъҳои калидии баррасишаванда дар форум масъалаҳои ҷалби технологияҳои рақамӣ ба таҳсилот, татбиқи усулҳои муосири таълим, масъалаи иқлим ва инноватсия дар муассисаҳои таълимӣ, рушди касбии омӯзгорон ва таҳкими низоми ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошанд.
Соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар форуми мазкур Файзуллозода Амонулло, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм намояндагӣ намуда, зимни суханрониҳо ва вохӯриҳо сиёсати давлатии соҳаи маориф, дастовардҳои солҳои охир, ташаббусҳои байналмилалии Роҳбарияти Олии мамлакат ва омодагии Тоҷикистонро барои таҳкими ҳамкориҳои самарабахш бо кишварҳои шарик дар самти маориф муаррифӣ намуд.
Сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат дар доираи форуми мазкур бо як қатор роҳбарон ва коршиносони созмонҳои таҳсилотии Британияи Кабир ва байналмилалӣ вохӯриҳои дуҷониба анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ ва суҳбатҳо таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои татбиқи барномаҳои таҳсили дудиплома, кушодани филиал ва факултетҳои муштарак, ташкил ва гузаронидани мактабҳои тобистона ва курсҳои такмили ихтисос, нашри маводи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, ҳамкории илмӣ ва академӣ дар сатҳи байналмилалӣ зоҳир гардид
Иштирокчиёни форум омодагии худро ҷиҳати ташриф ва шиносоӣ бо имкониятҳои мавҷудаи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигар
-
33
21.05.2025 -
45
20.05.2025 -
35
20.05.2025