21.05.2025

 img

23 МАЙ – РӮЗИ ҶАВОНОН

Ба шарофати истиқлол Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистон ба марҳалаҳои сифатан нави созандагию бунёдкорӣ ва тақвият бахшидани самтҳои афзалиятноки соҳоти кор ҷиҳати боло бурдани некуаҳволии мардум ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ гомҳои устувор мегузорад. Ба таъкиди Пешвои миллат: «Истиқлолияти воқеӣ доштан ва соҳиби давлату Ватан будан барои ҳар як инсон неъмати бебаҳо мебошад. Дар баробари соҳибватан будан ва аз давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор доштан ҳар як фарди миллат, пеш аз ҳама, ҷавонон вазифадоранд, ки барои ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, неруманд гардонидани давлати миллӣ ва таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша саъю талош намоянд». Дар воқеъ, ин андеша барои бедории эҳсосоти ватандорию ватандӯстӣ, раҳнамун сохтани мардуми кишвар, бахусус, ҷавонон ба ободониву шукуфоӣ ниҳоят арзишманду муҳим мебошад.

 

Таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои марбут ба сиёсати ҷавонон ҳамчун падидаи бесобиқа дар таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Чунин муносибат ва амали хирадмандона аз солҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ рӯйи кор омад ва Пешвои миллат кӯшидаанд дар такя бо ҷавонон, ки зиёда аз 70 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд, дар рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва муаррифии шоистаи он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ба ин васила, барои шинохти арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузашта заминаҳои боэътимодро гузоранд.

 

Баъди пушти сар шудани ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ уфуқҳои нав дар раванди давлатдорӣ боз гардид. Ин давраи ташаккулёбии муносибатҳо барои ҷавонон, давраи қадамҳои устувор дар масири бунёди таҳкурсии асосии сиёсати давлатии ҷавонон - низоми идоракунии соҳаи кор бо ҷавонон маҳсуб меёбад, ки дар асос гузоштани он саҳми Пешвои миллат хеле бузургу муассир мебошад.

 

Марҳалаи мазкур аз мулоқоти таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон, ки 23 майи соли 1997 баргузор шуда буд, ибтидо мегирад. Дар воқеъ, ҳамон вақт ин мулоқот дар давлатдории навини тоҷикон аз воқеаҳои муҳимми таърихӣ дар муносибати давлат бо насли ҷавон буд, зеро он дар шароити хеле ҳассоси кишвар баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур Сарвари давлат нақши ҷавононро дар барқарорсозии сулҳ, ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд ва ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, омӯзиши илму маърифат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ даъват карданд ва ҳамчунин, таъкид бар он доштанд, ки ояндаи кишвар дар дасти ҷавонон аст ва давлат барои дастгирии онҳо тадбирҳои зиёдеро пиёда хоҳад намуд. Дар ҳамин мулоқот Пешвои муаззами миллат 23-юми майро ҳамчун Рӯзи ҷавонон эълон карданд ва дар шароити бо тадриҷ дигаргуншавии муносибатҳои идоракунӣ қишри ояндасоз – ҷавонони кишвар зери назари бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шуд. Дар ин робита, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997, №727 «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ба тасвиб расид. Ҳамзамон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 1997, №240 «Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон таъсис ёфт, ки баъдан тағйири ном карда, ба Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

 

Воқеан, сиёсати созанда ва мардумсолории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди такмили сармояи инсонӣ, бахусус, баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии ҷавонон падидаи муҳимму арзишнок дар раванди давлатдорист. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар ҳошияи суханронӣ бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи ХУ1-и тақдирсоз 16 ноябри соли 2012 самтҳои асосии марҳалаи рушди давлатдориро таҳлилу баррасии ҳамаҷониба ва сиёсати «Рӯ овардан ба ҷавонон»-ро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии кишвар маънидод ва таъкид карданд: “Моҳияти асосии ин самт аз он иборат аст, ки барои беҳбуди шароити рушди маънавию ахлоқӣ ва таҳсилу кори ҷавонон имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шаванд. Мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо тавонанд дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд».

 

Чунин муносибати хирадмандона барои рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва муаррифии шоистаи он дар сатҳи байналмилалӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад, зеро заминаҳои боэътимодро барои шинохти бештари арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузашта фароҳам меовард.

 

Ташаббусҳои Сарвари давлат дар мавриди дастгирии ҷавонон боз дар он зоҳир мегарданд, ки 18 июли соли 2015 бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар Шурои мазкур масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла, таҳия ва татбиқи барномаҳо, стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии вобаста ба ҷавонон, рушди ҳамкориҳои байналмилалии онҳо; ҳолати иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонон – таҳлил ва баррасии мушкилоти шуғл, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, хидматрасониҳои тиббӣ ва манзил; пешгирии ҷинояткорӣ ва ифротгароии ҷавонон – баррасии роҳҳои коҳиши омилҳои хатарзо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ватандӯстии ҷавонон; тақвияти нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ – ҷалби ҷавонон ба раванди қабул кардани қарорҳо, ташкили чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ; ҳамкории мақомоти давлатӣ бо созмонҳои ҷавонон – таъмини муколама ва дастгирии лоиҳаҳои ҷавонон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

 

Маҳз бо дастуру ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои миллат мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон мавқеи устуворро касб намуд ва дар ҳаёти ҷавонони мамлакат барои фаъолияти пурвусъату доманадор дар ҳама самтҳо вазифаҳо муайяну саҳифаҳои нави кору пайкор боз гардид, яъне, насли ҷавон дар симои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибони воқеӣ ва парастори бевоситаи худро дарёфт. Дар робита барои танзим ва роҳандозии сиёсати давлатии ҷавонон, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» , «Барномаи давлатии рушди соҳибкории наврасон ва ҷавонон то соли 2027» қабул ва татбиқ мешаванд. Ин санаду ҳуҷҷатҳои муҳим бо мақсади мусоидат ба рушди маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонии ҷавонон; ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон; муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар; дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон, инчунин, ташаббусҳои аҳаммияти иҷтимоидоштаи онҳо равона гардида, татбиқи воқеии худро пайдо карда истодаанд.

 

Бояд тазаккур дод, ки қабули «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм низ ба хотири расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва захираи сармояи инсонӣ равона гардидаанд, зеро дар таҷрибаи кишварҳое, ки соҳибистиқлоланд, яке аз масъалаҳои муҳим мутобиқ сохтани мақсаду фаъолияти ҷавонон ба шароити зиндагии нав ва ба кори мувофиқу манфиатовар ҷалб кардани онҳо мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи мазкур аз вазифаҳои стратегии давлатҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад, дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳар сол ҳазорҳо ҷойи кории нав таъсис дода мешаванд, ки дар онҳо асосан неруи созандаи ҷавонон истифода мегарданд.

 

Қабули “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” низ зарурати ширкати ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами инкишофи иҷтимоию иқтисодии кишвар ба миён овард. Умуман, пас аз қабули чунин санадҳо, ки зикрашон дар боло рафт, конфронсҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, семинарҳои омӯзишӣ, озмуну фестивалҳо, инчунин, чорабиниҳои дорои хусусиятҳои иттилоотию маърифатӣ баргузор гардиданд, ки ҷавонон бо иштироки фаъолонаи худ дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ободонӣ дар сатҳи маҳал, минтақа, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ нақши бисёр муҳим мегузоранд ва боз хоҳанд гузошт.

 

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2016) зикр намуданд, ки: «Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад».

 

Тавре аз таъкиди Пешвои миллат пай мебарем, меъёри асосии пешрафти давлат илму дониш аст. Омӯхтани илмҳои замонавӣ, азхуд намудани забонҳои хориҷӣ, бархӯрдор гардидан аз истифодаи техника ва технологияи муосир талаботи асосиест, ки дар назди ҳар як ҷавони кишвар қарор мегирад. Аз ин рӯ, Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 қадами дигаре буд, дар баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии насли ҷавон ва ишораи он дар он ифода мегардад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар такя ба ҷавонони соҳибилм, бо нангу номус ва шуҷоъу муҳофизи Ватан имкони расидан ба марҳалаҳои олии рушдро дорад.

 

Ташаббусҳои роҳбарияти олии кишвар дар самти ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ хеле густарда ва фарох мебошанд. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод, бахусус, олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар ҷумҳурӣ ташаббусҳои миллӣ, аз қабили Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Стипендияи Президентӣ барои хонандагон, Квотаи Президентӣ барои ҷавонони болаёқат, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо баҳои хубу аъло хатм мекунанд, Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ҷиҳати таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ««Тоҷикон» - ойинаи таърихи миллат» ва ҳамчунин, олимпиадаву озмунҳои гуногун таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ҷавонони зиёд дар онҳо иштирок мекунанд.

 

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2024) боз ҳам таъкид бар он карданд, ки «Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад. Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд».

 

Сиёсати давлатии ҷавонон бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва бо ташаббусу тадбирҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешида шудаанд, дар ҷумҳурии мо рушд меёбад. Кӯшишу талошҳо ҷиҳати беҳтар намудани ҳаёту зиндагии ҷавонон васеъ гардида, ҳамаи ин қадам ба қадам давлати моро ба натиҷаҳои бобарори стратегии рушд ворид мекунад. Бояд ҷавонон ба он арҷ гузоранд ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо боз ҳам кӯшиш намоянд, то сатҳи донишу маърифати сиёсиву иҷтимоии хешро боло баранд, дар рушди илм, техника ва фановариҳои муосир саҳм гузоранд; дар чорабиниҳо ширкат намуда, афкори солимро паҳн кунанд ва ташаббусҳои созандаро дастгирӣ намоянд; ҳамчун муҳофизони ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он намунаи ибрат бошанд ва аз ҳама гуна ғояҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ канораҷӯӣ намоянд; мероси ғании адабиёт, фарҳанг ва таърихии миллатро омӯзанд, эҳтиром кунанд ва дар рушду таблиғи онҳо дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд; ба варзиш, ҳаёти солим ва дурӣ ҷустан аз одатҳои бад (монанди маводи мухаддир, машрубот, сигоркашӣ ва ғ.) аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд; пайваста кӯшиш намоянд, то касбу ҳунар омӯзанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд; технология ва иттилоотро ба рушди шахсӣ ва нафъи ҷомеа истифода баранд, соҳибкор шаванд ва дар рушди иқтисоди миллӣ саҳм бигиранд ва дар роҳи ҳифзу созандагии Ватан устуворона қадам гузоранд.

 

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА –

сармуҳаррири маҷаллаи

“Маорифи Тоҷикистон”,

номзади илмҳои филологӣ

  • ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАҲСИЛОТ Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир дар бузургтарин чорабинии ҷаҳонӣ дар бахши таҳсилот - Форуми умумиҷаҳонии таҳсилот – 2025 (Education World Forum) низоми маорифи миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.   Форуми мазкур ҳамасола дар шаҳри Лондони Британияи Кабир бо иштироки намояндагони воломақоми низоми таҳсилоти кишварҳои ҷаҳон баргузор гардида, ҳамчун яке аз платформаҳои калидӣ барои арзёбии дурнамо, таҳлили вазъ ва рушди ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф шинохта шудааст.   Мавзуъҳои калидии баррасишаванда дар форум масъалаҳои ҷалби технологияҳои рақамӣ ба таҳсилот, татбиқи усулҳои муосири таълим, масъалаи иқлим ва инноватсия дар муассисаҳои таълимӣ, рушди касбии омӯзгорон ва таҳкими низоми ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошанд.   Соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар форуми мазкур Файзуллозода Амонулло, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм намояндагӣ намуда, зимни суханрониҳо ва вохӯриҳо сиёсати давлатии соҳаи маориф, дастовардҳои солҳои охир, ташаббусҳои байналмилалии Роҳбарияти Олии мамлакат ва омодагии Тоҷикистонро барои таҳкими ҳамкориҳои самарабахш бо кишварҳои шарик дар самти маориф муаррифӣ намуд.   Сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат дар доираи форуми мазкур бо як қатор роҳбарон ва коршиносони созмонҳои таҳсилотии Британияи Кабир ва байналмилалӣ вохӯриҳои дуҷониба анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ ва суҳбатҳо таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои татбиқи барномаҳои таҳсили дудиплома, кушодани филиал ва факултетҳои муштарак, ташкил ва гузаронидани мактабҳои тобистона ва курсҳои такмили ихтисос, нашри маводи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, ҳамкории илмӣ ва академӣ дар сатҳи байналмилалӣ зоҳир гардид   Иштирокчиёни форум омодагии худро ҷиҳати ташриф ва шиносоӣ бо имкониятҳои мавҷудаи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    31

    21.05.2025
  •  img
    ИМЗОИ ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КАБАРДИНО-БАЛКАРИЯ Бо мақсади тақвияти робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва ҷалби довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёни Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” ва Донишгоҳи давлатии Кабардино-Балкария ба номи Х. М. Бербеков шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид.   Зимни ба имзо расонидани шарнома директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Рамазон Одиназода ва ноиби ректор оид ба корҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кабардино-Балкария ба номи Х. М. Бербеков Албина Виндижева мақсади асосии санади мазкурро таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самти ҷалби донишҷӯён аз Тоҷикистон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Кабардино-Балкария ба номи Х. М. Бербеков ва баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо тибқи меъёрҳои байналмилалии таълим арзёбӣ намуданд.   Гуфта шуд, ки шартномаи мазкур ба густариши имкониятҳои таълимӣ барои ҷавонони тоҷик, ҳамзамон рушди равобити илмӣ-академӣ миёни муассисаҳои таълимии Тоҷикистону Федератсияи Россия мусоидат хоҳад кард.   Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Кабардино-Балкария ба номи Х. М. Бербеков яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, бо таърихи ғанӣ ва таҷрибаи бой дар омодасозии кадрҳои баландихтисос дар самтҳои гуногуни илм шинохта шудааст.

    45

    20.05.2025
  •  img
    Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштироки беш аз 1000 намоянда дар назар дошта шудааст Интизор меравад, ки дар Конфронси байналмилалиии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баргузор мегардад, беш аз 1000 намоянда аз давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла коршиносони байналмилалӣ, сиёсатмадорон, олимон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи конфронси сатҳи баланд.   Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби беш аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт, гузаронида мешавад.   Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳаммияти пиряхҳо ва пешгирии обшавии босуръати он, пешбурди талошҳои глобалӣ барои рафъи обшавӣ ва таъсири густурдаи он тавассути амалиёти муштарак, навовариҳои илмӣ ва ҳамоҳангии амалҳо мебошад.   Интизор меравад, ки дар доираи баргузории нахустин Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо нишастҳои мавзуӣ, форумҳо ва чорабиниҳои канорию фарҳангӣ гузаронида шаванд.   Ҳамзамон иштирокдорон ва меҳмонони ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ зимни сайру саёҳат ба минтақаҳо бо табиати зебою нотакрори Тоҷикистон, захира ва иқтидори бойи обию энергетикии мамлакат шинос мешаванд.

    35

    20.05.2025