03.08.2026

 img

«Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Сулҳхоҳӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ аз қадим ҷузъи фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллати тоҷик буда, имрӯз низ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Дар замони муосир, ки инсоният бо таҳдидҳои гуногуни амниятӣ, аз ҷумла ҷангҳои минтақавӣ, ифротгароӣ, терроризм ва буҳронҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ шудааст, масъалаи таҳкими сулҳу субот беш аз ҳар вақти дигар аҳаммияти ҷаҳонӣ касб намудааст. Дар чунин шароит қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда 2027–2036» рӯйдоди муҳим дар ҳаёти сиёсӣ ва дипломатии ҷаҳон ба шумор меравад.

 

Ин ташаббус, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, бори дигар мақому нуфузи кишварро ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ бо роҳи муколама ва ҳамкорӣ нишон дод.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ борҳо исбот намудааст, ки сиёсати хориҷии он бар пояи ҳамзистии осоишта, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои созанда бунёд ёфтааст.

 

Эълон гардидани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» барномаи амалиест, ки давлатҳои ҷаҳонро барои пешгирии низоъҳо, густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва тарбияи насли нав дар рӯҳияи инсондӯстӣ муттаҳид месозад.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ гузашта, бо талошҳои фарзандони фарзонаи миллат ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид, имрӯз таҷрибаи арзишманди худро дар ихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳад. Сулҳи тоҷикон собит намуд, ки ҳатто мураккабтарин ихтилофҳоро метавон тавассути музокирот, гузашт ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ ҳал намуд.

 

Бо заҳмати беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик, Тоҷикистон бо бештари кишварҳои дунё робитаи дӯстӣ дорад. Сабаби асосии робитаҳои дӯстии давлатҳо бо кишвари мо ин натиҷаи сулҳу оромӣ аст.

 

Қабули қатъномаи мазкур идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои марбут ба масъалаҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои глобалӣ тавонист эътибори баланди байналмилалӣ пайдо намояд. Акнун пешниҳоди «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» низ идомаи ҳамин сиёсати созанда мебошад.

 

Ин ташаббус аҳаммияти бузург барои наслҳои оянда дорад. Ҷавонон бояд дар фазои оромиву субот, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ тарбия ёбанд. Фарҳанги сулҳ танҳо вазифаи сиёсатмадорон нест, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад. Мактаб, оила, воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои илмӣ бояд дар тарбияи шахсиятҳои сулҳпарвар саҳми фаъол гузоранд.

 

Дар васфи фарҳанги сулҳ ва нақши он дар сарнавишти миллати тоҷик шоири маъруф Абдуллоҳи Раҳнамо чунин гуфтааст:

 

Бори дигар сулҳ кардӣ ҷангро,

Боз кардӣ ин гиреҳи тангро,

Эй мураббӣ, эй абарустоди сулҳ,

Бар ҷаҳон омӯз ин фарҳангро!

 

Ин мисраъҳо арзиши сулҳро ҳамчун неъмати бузургтарин ва кафили рушди давлату ҷомеа тараннум намуда, аҳаммияти фарҳанги сулҳро барои инсоният бозгӯ мекунанд.

 

Қатъномаи СММ дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» имконият фароҳам меорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимоди байни давлатҳо, рушди дипломатияи пешгирикунанда ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ ҳамкориҳои худро густариш диҳад. Амалӣ гардидани ҳадафҳои ин даҳсола метавонад барои таъмини амният, рушди устувор ва беҳбудии зиндагии миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам оварад.

 

Хулоса, қабули ин қатъномаи муҳим боз як дастоварди арзишманди дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он нишон медиҳад, ки ташаббусҳои созандаи кишвар тањти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо эътимод ва дастгирии васеъ пазируфта мешаванд. Дар ҷаҳоне, ки сулҳ ба арзиши олӣ табдил ёфтааст, чунин иқдомҳо барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва таъмини ояндаи осоиштаи инсоният аҳаммияти таърихӣ доранд.

 

Мо, халқи тоҷикро зарур аст, ки бо руҳияи саршори ифтихор аз ин иқдоми шоиста баҳри рушду шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоем ва дар фаъолияти кории худ содиқ бошем.

 

Зиёдулло АБДУЛЗОДА,

сардори Раёстаи маорифи вилояти Хатлон

  • ТАШАББУСИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ДАВЛАТИ ҚАТАР Имрӯз, 5 августи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо доктор Ҳориб Муҳаммад Саид Ал-Ҷабрӣ, намояндаи Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар баргузор гардид.   Дар оғози мулоқот муовини якуми вазири маориф ва илм меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм хайрамақдам гуфта, сафари ҳайати Давлати Қатарро нишонаи муносибатҳои дӯстона ва таваҷҷуҳи муштараки ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва илм арзёбӣ намуд.   Зимни мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қатар бар асоси эҳтироми мутақобил, ҳусни тафоҳум ва иродаи сиёсии роҳбарони олии ду давлат пайваста рушд намуда, ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи маориф ва илм дорои заминаи устувори ҳуқуқӣ мебошанд.   Аз ҷумла, зикр гардид, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ, ки моҳи феврали соли 2017 ба имзо расидааст, барои табодули донишҷӯёну омӯзгорон, татбиқи таҳқиқоти муштараки илмӣ, иштирок дар конференсияву ҳамоишҳои байналмилалӣ, омӯзиши технологияҳои муосири таълимӣ ва мубодилаи маводи илмию таълимӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.   Муовини якуми вазири маориф ва илм аз ҷудо гардидани бурсияҳои таҳсилӣ аз ҷониби Давлати Қатар барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зиёд намудани шумораи чунин бурсияҳоро аз рӯйи ихтисосҳои муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, иқтисод ва дигар самтҳои барои иқтисоди миллӣ афзалиятнок муҳим арзёбӣ кард.   Дар идома қайд гардид, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дорои имкониятҳои муносиби таълимӣ, кадрӣ ва инфрасохторӣ буда, метавонанд масъалаи қабули донишҷӯёни қатариро аз рӯйи ихтисосҳои мувофиқ баррасӣ намоянд.   Ҳамзамон, ҷонибҳо пешниҳоди таъсиси Маркази омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ дар шаҳри Душанбе, рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва густариши ҳамкорӣ бо Фонди «Маориф аз ҳама боло»-ро ҷиҳати бунёд ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.   Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи тавофуқҳои ҳосилшуда, роҳандозии ташаббусҳои нави муштарак ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва илм изҳор намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    15

    05.08.2026
  •  img
    ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР НАМУД Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 августи соли 2026 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҷониби ансабли "Зуҳал"- и Донишгоҳ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ роҳбарият, устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ ва барномаи ҷолиби консертӣ иштирок намуда, ба сокинону меҳмонони пойтахт рӯҳияи идона ва фазои гарми фарҳангӣ эҳдо намуданд.   Барномаи фарҳангӣ ба тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон равона гардида, боиси болидахотирии иштирокчиён гардид.   Қобили зикр аст, ки тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт бо иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор мешаванд.

    15

    05.08.2026
  •  img
    ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Шоми 4 августи соли 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Куруши Кабири шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва дилнишин пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардида, фазои идона ва руҳияи баланди миллӣ фароҳам овард.   Баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангии миллӣ миёни ҷавонон мусоидат менамояд.

    15

    05.08.2026