ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»

Механизми баррасии шикоятҳо

  • Сохтори механизми баррасии шикоятҳо:
  • Механизми баррасии шикоятҳо (МБШ) чист?
  • Механизми баррасии шикоятҳо (МБШ) барои мусоидат намудан ба ҳалли саривақтии шикоятҳо ва қаноатмандии ҳамаи ҷонибҳои дахлдор мусоидат менамояд. Инчунин, МБШ эътимод ва ҳамкориро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи амалҳои ислоҳии лоиҳаи (LEARN) ба роҳ мондааст. Механизми баррасии шикоят ба талаботи ESS10 Бонки Умумиҷаҳонӣ "Муомила бо ҷонибҳои манфиатдор ва ифшои маълумот" мувофиқат намуда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ"-ро дар бар мегирад.
  • Бенефитсиарҳои асосии лоиҳа 
  • Бенефитсиарҳои асосии лоиҳа Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеъи он; Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 40000 нафар хонандагон ва 1200 нафар омӯзгорон ва 65 муассисаи таълимӣ бевосита аз лоиҳаи мақсаднок барои беҳтар намудани муҳити таълим истифода хоҳанд бурд.
  • Ҳадафи лоиҳа
  • Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани сифати таҳсилот ва устувории муҳити таълиму тарбия, тадбирҳо оид ба таҷдид ва навсозӣ дар инфрасохтори мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баланд бардоштани сифат ва устувории муҳити таълим, беҳтар намудани дастрасӣ ба таҷҳизоти муосири лабараторӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим, ҳамзамон таҳкими иқтидорӣ баҳодиҳии таҳсилотро дар бар мегирад.
  • Чаро МБШ муҳим аст?
  • Механизми баррасии шикоятҳо (МБШ) ва пешниҳодҳо барои он заруранд, ки бенефитсиарҳои Лоиҳа имконияти пешниҳоди изҳорот, шикоятҳо ва хоҳишҳои хурдро (мушкилоти хусусияти иҷтимоӣ, экологӣ ва ғ.) барои ҳалли саривақтии онҳо таъмин менамояд. Механизм имкон медиҳад, ки душвориҳои баамаломада ба фоидаи ҳар ду тараф ҳал карда шаванд.
  • Оё пешниҳоди шикоят метавонад боиси қатӣ шудани лоиҳа гардад?
  • Шикояти пешниҳодшуда наметавонад боиси қатъ шудани лоиҳа гардад.
  • Оё шикоят мӯҳтали этибор дорад?
  • Механизми баррасии шикоятҳо вазифадор аст, ки ҳалли шикоятҳои воридшударо дар тамоми давраи татбиқи лоиҳа мувофиқа раванди зерин мусоидат намояд.
  • Раванди механизми баррасии шикоятҳо
  • Баррасии шикоят ва пешниҳодҳо барои таъмини шаҳрвандоне, ки аз лоиҳа зарар дидаанд, равона шудааст. Ин сатҳ имкон медиҳад, ки шикоятҳо ё нигарониҳо ройгон пешниҳод карда шаванд. МБШ бо мақсади беҳтар намудани шаффофият ва фаъолияти лоиҳа корҳои барқарорсозӣ, баррасии саривақтии аризаҳо, шикоятҳо ва пешниҳодҳоро таъмин намояд.
  • Баррасии шикоятҳо ба таври махфӣ сурат гирифта, шахси шикояткунанда уҳдадорӣ ва ҷавобгарии худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар аст.
  • Дар кадом ҳолатҳо бенефитсиарҳои лоиҳа ҳуқуқ доранд шикоят кунанд.
  • Дар рафти иҷрои Лоиҳа ҳуқуқи бенефитсиарҳо поймол карда шаванд;
  • Татбиқи Лоиҳа ба вазъияти ҳозираи хоҷагиҳо таъсири манфӣ расонад;
  • Дар рафти иҷрои Лоиҳа ҳолати экологии минтақа вайрон карда шавад;
  • Баробарӣ байни мардон ва занон поймол гардад (мушкилоти гендерӣ);
  • Вазъияти табақаҳои осебпазири аҳолӣ (маъюбон, занони танҳо, оилаҳои серфарзанд) ба назар гирифта нашаванд;
  • Ҳангоми татбиқи лоиҳа занону наврасон ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда шаванд;
  • Агар мувофиқи барномаи баҳодиҳии молу мулки бегонашуда ҷуброн дода навад ва ғайра.
  •  
  • Маълумот барои тамос: 
  •  Телефони боварӣ, паемнависии фаврӣ барои дастгоҳҳои мобилӣ бо дастгирии овоз ва видео:
  • +992 888892929
  • +992 (37) 2272569
  • WhatsApp, Telegram: 
  • +992 888892929
  •  Мукотиботи воридотӣ ба Шӯъбаи умумии Вазорати Маориф ва илми ҶТ:  тавассути почтаи электронӣ;
  • 734021, Душанбе, Тоҷикистон, 13а Нисормуҳаммад, 
  • e-mail: mort.@maorif.tj
  •  
  • Дафтари дастаи Татбиқи Лоиҳа дар назди Вазорати Маориф ва илми ҶТ: 
  • 734021, Душанбе, Тоҷикистон,   Нисормухаммад 13а, 
  • e-mail: project.learn@maorif.tj
  • Хадамоти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба баррасии шикоятҳо дар пайванд:
  • https://www.worldbank.org/en/projects-operations/products-and-services/grievance-redress-service, Намояндагии доимии БҶ дар Душанбе дар суроғаи: Айни 48, Маркази Тиҷоратии Созидание, ошёнаи 3, тел.: 992 48 7015810, э почта  tajikistan@worldbank.org

Муроҷиати шаҳрвандон

Ҳуҷҷатро замима кунед