ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»

Механизми баррасии шикоятҳо

  • Муқаддима Тартиби баррасии шикоятҳо (ТБШ) барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» (ЛТО) аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВМИ) дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодињии лоиҳа (ҲБЛ), Шартномаи молиявӣ (ШМ), Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи апелляция» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ», ҳамчунин супориши Њукумати ҶТ «Дар бораи идоракунии бақайдгирӣ тибқи муроҷиати шаҳрвандон» омода карда шудааст. Дар ҳуҷҷати ТБШ тарзи пешниҳоди шикоят, бақайдгирӣ ва таҳлил, назорат(мониторинг)- и иҷрои ҳал аз рӯи шикоят ва ҳисобот бо нишондоди мӯҳлат ва сохторҳо (ё зерсохторҳо)-и масъул / нафаре, ки аз талаботҳои ЛТО бохабар аст, оварда шудаанд. Ғайр аз ин, дар ҳуҷҷат фаъолият вобаста ба паҳн намудани ахборот оиди ТБШ низ дарљ гардидааст. II. Принсипҳои асосии ТБШ ТБШ дар асосии принсипҳои зерин кор карда шудааст:
  • 1. Содда ва дастрас. Тарзҳои супоридани шикоят ва роҳҳои ҳалли онҳо вобаста ба имконият содда карда шудаанд, барои ҳамин иштирокчиёни лоиҳа метавонанд бюрократизм (расмиятбозӣ) ва мушкилиҳоро сарфи назар намоянд. Иштирокчиёни лоиҳа роҳҳои гуногуни алоқаро доранд, масалан рақами телефон, суроғаи почтаи электронӣ ва суроғаи зист. ТБШ барои ҳамаи иштирокчиёни лоиҳа новобаста аз дурии ноҳия(минтақа)- и зисти онҳо, забони муошират ва сатҳи маълумотнокӣ ё даромадашон дастрас мебошад.
  • 2. Холисона ва новобаста. ТБШ новобаста аз ҳавасмандии ҳамаи тарафҳо амал менамояд, ҳақиқат, воқеият ва муносибати беғаразонаро барои ҳар як арз кафолат медиҳад.
  • 3. Тартиби баррасии шикоят раванди ҳуқуқиро иваз намекунад. Дар асоси консенсус тартибҳо барои ба зудӣ ҳал намудани масъалаҳо кӯмак мерасонанд, ки онҳо барои пайдо намудани ҳуқуқ бидуни ҷараёни давомнокии додгоҳӣ мусоиданд. Агар тартиби қонеъ гардонидани шикоят натиҷа надиҳад, пас барои ҳалли масъала метавон ба додгоҳ муроҷиат намуд.
  • 4. Тартиби қонеъгардонии шикоят барои ҳалли баҳсҳо дар зинаҳои ибтидоӣ кор карда шуда, ба манфиати ҳамаи тарафҳои дорои таваҷҷуҳ мебошад.
  • Тартиби пешниҳоди шикоят Шикоят метавонад дар намуди хаттӣ ва ё даҳонӣ пешниҳод карда шавад. Ғайр аз ин, шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи лоиҳа ва ё барои пешниҳоди дастур баҳри татбиқи лоиҳа метавонанд ТБШ- ро истифода намоянд. ТБШ барои пешниҳоди шикоят вобаста ба ҳолати маҷбурии меҳнатӣ дар фаъолияти лоиҳа метавонад истифода бурда шавад. Шикоят тибқи моддаҳои 4, 5 ва 6 – и Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» бо як иловаи зерин баррасӣ мегардад: шикояти беимзо(анонимӣ) дар доираи лоиҳа, ки ба ВМО ирсол мегарданд, барои баррасӣ қабул карда мешаванд. Муаллифони шикоят метавонанд шикояти худро ба ВМИЉТ, ки мақомоти асосии давлатӣ ба ҳисоб меравад ва барои татбиқи ЛТО масъул аст, ирсол намоянд. Ҳамчунин, шикоят метавонад ба Дастгоҳи иҷрояи президент (ДИП) ва Кумитаи ҳамоҳансозии байниидоравӣ (КҲБ), ки барои татбиқи барномаҳои грантӣ дар доираи татбиқи лоиҳа таъсис дода шудааст ва ба донишгоҳҳо - иштирокчиёни лоиҳа низ, пешниҳод карда шавад. Рўйхати бандҳои асосии қабули шикоят ва маълумот оиди алоқа дар Замимаи 1 оварда шудаанд. Муаллифони шикоят имконияти ирсоли шикояти худро тавассути воситаҳои гуногун – суроғаи зист, почтаи электронӣ, телефон, веб-сайтҳо, смс, қуттӣ барои арзу шикоят ва ғайраҳо доранд. Апеллятсия, ки дар васоити ахбори омма ҷой дода мешавад, бояд воситае барои баррасӣ тибқи Қонун дар бораи чоп ва воситаҳои дигари ахбори омма бошад. IV. Қоидаҳои бақайдгирӣ ва баррасии шикоят Бақайдгирии шикоят дар доираи лоиҳа чун қоидаҳои мавҷудаи бақайдгирї гузаронида мешавад. Шикояте, ки новобаста аз шаклашон ба ВМИЉТ расонида мешавад, дар дафтари бақайдгирии шикоят (ДБШ) дар Шӯъбаи умумӣ ба қайд гирифта мешавад ва баъд ба сардори Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи ВМИЉТ барои муайян намудани шахсони масъул вобаста ба шикоят пешниҳод карда мешавад. Сипас шикоят ба Вазир барои имзо пешниҳод шуда, баъд ба Котибот барои ворид намудани маълумот ба ДБШ ва тақсимоти он ба шахсони масъул баргардонида мешавад. Дар ҳолатҳои мушкил барои баррасии шикоят комиссия таъсис дода мешавад (аъзоёнаш бояд шахсиятҳои масъул бошанд). Шикояте, ки ба ЛТО дахл дорад, ба Котиботи лоиҳа ирсол мегардад ва ба таври илова дар ДБШ- и лоиҳа ба қайд гирифта мешавад.
  • Замимаи 2 намунаи бақайдгирӣ ва корти назоратӣ ва сохтори ДБШЛ мебошад. Ҳамаи маълумот оиди шикояти алоҳида (мактуб, пайнавиштҳо ва ғайра) дар љузви алоҳида оиди ин шикоят ворид карда мешаванд. Маълумотҳои заминавӣ вобаста ба шикоят: таърихи пешниҳоди шикоят;  алоқа бо шахсоне, ки шикоят овардаанд (агар онҳо муайян бошанд); мавзӯи шикоят;  шахси масъул оиди баррасии шикоят;  таърихи ирсоли маълумот оиди ҳалли масъала ба шахси шикояткунанда (агар маълумоти алоқавӣ вуҷуд дошта бошад);  таърихи пушидан(бастан)- и шикоят; ва  таърихи ирсоли ҷавоб ба шахси шикояткунанда. Ҳуҷҷатгузорӣ барои ҳолати дақиқ тибқи банди 11 Дастур «Оиди тартиби идораи бақайдгирӣ аз рӯи муроҷиати шаҳрванд» амалӣ мегардад. Шикояте, ки дар ҷойҳои дигар қабул карда мешавад (ДИП, донишгоҳҳо ва ғайра), баќайдгириашон тибқи муқаррароти мавҷуда сурат мегирад. ВМИ оиди шикоят вобаста ба Лоиҳа дар ҷараён гузошта мешавад, агар шикоят махфӣ набошад. Дар ҳолатҳое, ки агар худи ВМИ мавриди шикоят қарор дошта бошад, пас баррасии масъала аз тарафи макомоти шикоятқабулкунанда ва ё мақомоти мувофиқи дигар амалӣ мегардад. Шикояте, ки ба мақомоти новобаста пешниҳод мегардад, дар муддати 5 рӯз бояд ба мақомоти марбут ирсол гардида, ба шикояткунанда оиди он хабар расонида шавад. Тибќи қонун (Қонуни ҶТ «Дар бораи апеллятсияи шаҳрванд» ва супориши ҳукумати ҶТ «Дар бораи тартиби идоракунии бақайдгирї аз рӯи муроҷиати шаҳрванд» шикоят дар муддати 15 рӯз аз рўзи бақайдгирӣ бояд баррасӣ гардад ва шикояткунандаро оиди натиҷа ё сатҳи баррасии шикоят на камтар аз 15 рӯзи бақайдгирӣ дар ҷараён гузошт. Дар ҳолати ҷой доштани монеаҳое, ки дар баҳс ва ё иштироки тарафҳо пеш меоянд, муҳлати баррасӣ метавонад то як моҳ дароз карда шавад. Шӯъбаи ҳуқуқ, ВМИЉТ ва Ҳамоҳангсози лоиҳа барои назорати риояи мӯҳлат ҷавобгаранд.
  • Маълумот барои ирсоли аризаҳо ба шӯъбаи марказии Вазорати маориф:
    734021, Тоҷикистон, Душанбе,
    Улица Нисормухаммад, 13-а
    Вебсайти МОиН: www.maorif.tj
    E-mail: mort.@maorif.tj
    Телефон: (992 37) 227-76-86;
    Факс: (992 37) 221-70-41
  • Тамосҳо барои ГКЛ лоиҳаи «LEARN»:
    Муттахассис оид ба рушд иҷтимоӣ: Тел: (+992) 888892929 (WhatsApp, Telegram)
    Муттахассис оид ба муҳити зист: Тел: (+992) 888896600 (WhatsApp, Telegram)
    Телефон: (992 37) 227-25-69
    Факс: (922 37) 227-25-74
    Вебсайт: www.maorif.tj
    E-mail: project.learn@maorif.tj
  • Ҷамъиятҳо ва афроде, ки ҳисоб мекунанд, ки лоиҳа, ки бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, таъсири манфӣ ба онҳо дорад, метавонанд аризаҳои худро мустақиман ба Хизматрасонии расидагӣ ба шикоятҳо (СРШ) Бонки Ҷаҳонӣ тавассути каналҳои зерин пешниҳод кунанд:
    Телефон: (+992) 48 701-5810
    Манзил: Душанбе, кӯчаи Айни 48, Маркази тиҷоратии «Созидание», ошёнаи 3-юм
    E-mail: tajikistan@worldbank.org

Муроҷиати шаҳрвандон

Ҳуҷҷатро замима кунед