ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»
-
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ» Имрӯз, 12 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати миссияи кории Бонки Умумиҷаҳонӣ бо роҳбарияти вазорат доир гардид. Дар вохӯрӣ муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, кормандони лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» ва ҳайати миссияи кории Бонки Умумиҷаҳонӣ иштирок намуданд. Зимни суҳбат муовини якуми вазири маориф ва илм таъкид кард, ки Бонки Умумиҷаҳонӣ яке аз шарикони боэътимоди Вазорати маориф ва илм ба шумор меравад, ки дар самти татбиқи ислоҳоти муҳимми соҳа саҳми назаррас дорад. Аз ҷумла, лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат», ки бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ мешавад, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва муҳайё намудани шароити мусоид барои хонандагону омӯзгорон нақши калидӣ дорад. Зикр гардид, ки дар соли сипаришуда татбиқи лоиҳа бо натиҷаҳои назаррас анҷом ёфта, «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва дар ҷаласаи мушовараи вазорат тасдиқ шуд. Ҳамзамон, дар асоси ин санад «Роҳнамо оид ба ташаккули муҳити физикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» таҳия шуда, айни ҳол мавриди тарҷума қарор дорад. Бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 ва таҳияи санадҳои зарурӣ, бо фармоиши вазир гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд. Ҳамзамон, дар 42 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 25 шаҳру ноҳия давраи озмоишии арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 амалӣ гардид. Муовини якуми вазири маориф ва илм изҳор дошт, ки вазорат умедвор аст, Бонки Умумиҷаҳонӣ барои бартараф намудани осебҳои расида ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод, ки бар асари заминҷунбии 13 апрели соли 2025 ба амал омад, кумак хоҳад расонид. Роҳбари гурӯҳи кории Бонки Умумиҷаҳонӣ Тигран Шмис зимни суханронии худ аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, мо ба ҳамкориҳои судманду созанда бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем. Натиҷаҳои то имрӯз бадастомада, аз ҷумла дар лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” нишон медиҳанд, ки ташаббусҳои пешгирифта дар самти дуруст ва даркорӣ роҳандозӣ шудаанд. Умед дорем, ки дар марҳилаҳои минбаъда низ бо такя ба таҷриба ва натиҷаҳои амалишуда метавонем иқдомоти навро роҳандозӣ намоем ва ба ин васила дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва беҳтарсозии муҳити таълим дар мактабҳои Тоҷикистон мусоидат намоем». Дар интиҳо аз номи Вазорати маориф ва илм ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён гардида, изҳори умедворӣ шуд, ки равобити самарабахш дар роҳи рушди соҳаи маориф идома хоҳанд ёфт. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
1282
12.05.2025
-
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ТРЕНЕРОНИ МАҲАЛЛИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS - 2026 17-уми марти соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе даври аввали семинари омӯзишӣ барои тренерони маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS -2026 баргузор гардид. Дар ифтитоҳи семинари мазкур муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ Абдулбосит Шодиниё, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Дилафрӯз Назарализода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, мудирон ва намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳи семинар муовини вазири маориф ва илм иброз намуд, ки имрӯз мо, кормандони соҳаи маориф дар партави сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ гардонидани як қатор стратегияҳои миллӣ, ки барои пешрафту шукуфоии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистони азиз нигаронида шудааст, фаъолияти худро роҳандозӣ намуда истодаем. Сипас, семинар ба кори худ шурӯъ намуда, тренерон аз рӯйи барномаи семинар иштирокчиёнро бо маълумотҳои зарурии назариявию амалӣ шинос намуданд. Гуфта шуд, ки 28 феврали соли 2025 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахуст Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 муаррифӣ намуданд. Стратегияи мазкур ба такмили раванди таълим равона шуда, ба таъмини сифати таҳсилот мусоидат мекунад ва барои иштирок дар арзёбии байналмилалии сифати таҳсилот замина мегузорад. Сифати таҳсилот бо дарназардошти таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбия, иқтидори кадрӣ, адабиёти таълимии ба қобилияти зеҳнию физиологии тарбиятгирандагону хонандагон мутобиқ, воситаҳои таълимӣ, маводи методию аёнӣ, инчунин азхудкунии барномаҳои таълимию тарбиявии мувофиқ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур 3 рӯз идома ёфта, 19 март ба анҷом мерасад.
1431
17.03.2025
-
ВОХӮРӢ БО МУШОВИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ 12-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Каримзода Равшан бо мушовирони байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид. Дар вохурии мазкур оид ба гузаронидани «Таҳқиқот доир ба мушоҳидаи дарс тавассути воситаи TEACH» ва гузаронидани «Таҳқиқоти истифодабарандагони муассисаҳои таълимӣ», ки дар 65 муассисаҳои талимии озмоишӣ ва 65 муассисаҳои талимии муқоисавӣ гузаронида мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки таҳқиқоти мазкур барои муайян ва боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълим, бештар намудани неруи зеҳнии хонандагон, беҳтар намудани шароити модии муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқ намудани стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои рушди маориф яке аз омилҳои таъсиррасон ба ҳисоб меравад.
1474
13.03.2025