
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ДУРДОНАҲОИ ИЛМ Ятимов Худобахш. Иштирокчии даври чоруми озмун аз номинатсияи технологияи иттилоотӣ. Донишҷӯи соли чоруми факултети таъмини технологияи иттилоотии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ чор сол аст, ки дар даврҳои шаҳрӣ ва вилоятии озмун иштирок мекарду бо сабаби паст будани нишондод то ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат намегирифт. Аммо руҳафтода нашуда, пайваста дар пайи такмили дониши худ буд. Соли ҷорӣ имконият пайдо намуд то дар даври вилоятӣ сазовори ҷойи аввал ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гарад. - Пайваста дар озмунҳои гуногун иштирок мекунам. Соли гузашта дар озмуни “Муҳаққиқони ҷавон” сазовори ҷойи дуюм гашта будам. Умуман, ташкил ва баргузории чунин озмунҳо иқдоми хуб аст. Чунки ба мо-ҷавонон имкониятҳои нав ба навро фароҳам меоварад, донишамон мукаммал мегардад. Ҳамчунин, ба оворагардиву корҳои беҳуда машғул намешавем. Ба дигар ҳамсолонам низ тавсия медиҳам, ки дар чунин озмунҳо иштирок кунанд. Дар оянда мехоҳам яке аз мутахассисони беҳтарини барномасоз гашта, саҳмамро дар рушди кишвари азизам гузорам,-мегӯяд Худобахш
11
21.10.2025
-
ДУРДОНАҲОИ ИЛМ Бобозода Билол-донишҷӯи соли чоруми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар ш. Хуҷанд мебошад. Ӯ дар номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок дорад. Дастоварди Билол Бобозода дар озмун ин барномаи веб-замимаҳои тиббӣ-интеллектуалӣ мебошад. - Ин барнома ба кормандони тиб имкон медиҳад, то дақиқ беморонро ташхис намуда, бемориашонро аниқ кунанд. Яъне, ин барнома сифати ташхисро беҳтар месозад. Барнома зиёда аз даҳ ҳазор бемориҳо, аз қабили антология, диабет, дилу рагҳои хунгард, майнаи сарро аниқ мекунад. Мо пеш аз коркарди барнома дар сатҳи байналмилалӣ тадқиқот гузаронидем, ки дурустии ташхиси духтурон 85 дарсад буда, дурустии ташхиси зеҳни сунъӣ 95 дарсадро ташкил мекунад. Мақсади мо ин аст, ки барои духтурон ёрдамчии интеллектуалӣ созем, ки барои ташхиси хуб ёрӣ расонад. Ҳашт моҳ мешавад, ки ин барнома дар панҷ беморхонаи шаҳри Хуҷанд мавриди амал қарор дорад ва ният дорем, онро дар тамоми беморхонаҳои кишвар роҳандозӣ намоем. Шаш моҳ пеш дар Форуми байналмилалии “Стартап Азия”, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, мо бо барномаи худ иштирок кардем, дар он ҷо аз тамоми давлатҳои Осиё иштирокчиён буданд ва барномаи мо дар қатори 100-гонаи беҳтарин дохил шуд. Дар он ҷо кормандони соҳаи тиб буданд, бо мо дар алоқа шуданд, то барномаро дар он давлатҳо роҳандозӣ намоем ва мо иқдом дорем, ки аввал дар Тоҷикистон амалӣ намуда, пас ба он ҷо барем,-мегӯяд Бобозода.
10
21.10.2025
-
ДУРДОНАҲОИ ИЛМ Фирдавс Хосабеков-хонандаи синфи 11-и Литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғи ВМКБ. Ӯ дар номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ бо платформаи сохтаи худ – Marketplace иштирок дорад. - Платформаи Marketplace барои хизматрасонии мизоҷони мағозаҳои кишвар пешбинӣ шудааст. Яъне, тариқи ин барнома мизоҷ метавонад аз дилхоҳ мағоза молу хӯрока дархост намояд ва шахси интиқолдиҳанда онро то ба манзили ӯ мерасонад. Ин платформа аз дигар платформаҳои дар кишвар роҳандозишуда бо вазифаҳои нави воридотӣ ва осонии тарзи истифода фарқ мекунад. Яке аз вазифаҳое, ки мо дар он ворид кардем, ин тугмаи "молҳо тариқи тахфиф" аст. Ҳангоми пахши ин тугма дар экран танҳо молҳое пайдо мешаванд, ки дар тахфифанд. Ҳамчунин, харидор имконият дорад, бинад, ки интиқолдиҳанда (доставщик) ба куҷо расид. Ба мо пешниҳодҳо ҷиҳати роҳандозӣ намудани барнома зиёданд. Намояндагони Форуми байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ – Памиринвест ба мо чунин як пешниҳодро ҳафтаи гузошта карданд, ки алҳол дар бозбинӣ қарор дорад. Хулас, ман ниҳоят хурсандам, ки аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар чунин як иқдом роҳандозӣ шуд. Ин ба мо-насли ҷавон имконият медиҳад, ки дастовардҳои нав ба нави худро муаррифӣ кунем ва маблағи аз ин озмун ба дастомадаро барои такмил додани дастовардамон масраф намоем,-гуфт Фирдавс.
12
21.10.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
17.10.2025
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
16.10.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар - 30.09.2025 Бештар Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор