ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 1-уми феврали соли 2025 дар ноҳияи Дӯстӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовини вазири маориф ва илм, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, сардори раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф,директорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд. Нахуст, вазири маориф ва илм ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илмро оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва дар маҷмуъ таҳлили вазъи соҳаи маорифи минтақаи Бохтарро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд. Сипас, гузориши сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Асомиддинзода Шарофиддин “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон” шунида шуд. Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаҳои вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мақоми омӯзгор, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ, фарогирии пурраи хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, зиёд кардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагону омӯзгорон дар дарс, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, вазъи муассисаҳои таълимӣ дар давраи зимистони соли 2025, пешниҳоди маълумоти омории дуруст оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва дастгирии омӯзгорони онҳо, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти тарбияи кӯдак” равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод. Дар идома вобаста ба масъалаҳои баррасишуда сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода баромад карда, ба гурӯҳи кории вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифи вилоят ва баргузории ҷаласаи сайёр изҳори сипос намуда, баргузории ҷаласаи мазкурро амри зарурӣ маънидод кард. Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар охир, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҷиҳати босифат иҷро намудани дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо вазифадорем, фарзандонамонро хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва забон омӯзонем,аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор намоем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода созем, ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем, дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем, дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
133
01.02.2025
-
ХОНИШИ СИЁСӢ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ СОЛОНАИ ПЕШВОИ, МИЛЛАТ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 31 январи соли 2025 дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 декабри соли 2024 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бо иштироки директори институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода ва омӯзгорону хонандагони муассиса баргузор гардид. Чорабинии мазкурро директори литсей Асҳобиддини Шералӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ин соҳаро яке аз самтҳои афзалиятноктарин дар меҳвари сиёсати хеш арзёбӣ намуда, пайваста аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва рушди маорифи кишвар чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст. Сипас бо такя ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи Паём баён гардида буд, директори институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соланаи худ зикр намуданд: “Барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад”. Қайд карда шуд, ки воқеан ҳам солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намудани солҳои 2025-2030 дар ҳошияи раванди рақамикунонии ҷаҳонӣ тадбири муҳим ба ҳисоб рафта, муҳимияти масъаларо барои дар 5 соли оянда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани рақамикунонӣ дар мамлакат тақозо менамояд. Дар ин замина барои расидан ба ин ҳадафи бузурги стратегӣ мебояд ин роҳнамоиро ҳамчун дастурамали фаъолияти худ қабул намуда, ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи бузург бо аз бар намудани технологияҳои нави рақамӣ, дар рушди иқтисоди инноватсионӣ саҳми босазои худро гузорем. Дар идома таъкид гардид, ки бузургтарин дастоварди замони истиқлолият - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Аз ин рӯ моро мебояд ба қадри неъматҳои истиқлол бирасем ва барои насли ояндаи худ як давлати ободу осуда ва пешрафтаро ба мерос гузорем. Дар фарҷом директори муассиса Асҳобиддини Шералӣ бо таъкид изҳор дошт, ки ҷиҳати пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол насли ояндасози миллатро бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ таълиму тарбия дода ҷиҳати саводнок гаштани онҳо ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат пайваста кушиш менамоем.
67
31.01.2025
-
ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ СОМАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 31-уми январи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Сомалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Анқара) Фатҳуддин Алӣ Муҳаммад баргузор гардид. Вазири маориф ва илм сафирро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Сомалӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, минбаъд низ вусъат дода мешавад. Фатҳуддин Алӣ Муҳаммад низ дар навбати худ аз қабули гарму самимӣ изҳори ташаккур намуд ва зикр кард, ки Ҷумҳурии Федеративии Сомалӣ барои ҳамкориҳои судманди тарафайн, махсусан, дар самти маориф ва илм омода аст. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои гуногуни саҳаи маорифи ҳарду кишвар, аз ҷумла ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Федеративии Сомалӣ, дар асоси созишнома сафарбар намудани донишҷӯёни Ҷумҳурии Федератии Сомалӣ ба Тоҷикистон барои таҳсил дар ихтисосҳои тиб, геология, муҳандисӣ ва неруҳои барқароршаванда ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
103
31.01.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоМаълумоти муфид барои донишҷӯён
Маълумоти муфид барои волидайн
Маълумоти муфид барои омӯзгорон
Маълумоти муфид барои МТМУ
Маълумоти муфид барои МТО
Захираҳо
Эълон
Бештар-
05.02.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар -
05.02.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар -
28.01.2025
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!!! ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ОЛИМОНУ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОЛИ 2025
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!!! ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ОЛИМОНУ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОЛИ 2025 Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор