20.05.2025

20 майи соли 2025 дар шаҳри Норак даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин расми кӯдакона дар мавзуи “Қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Рустам Мирзозода, роҳбарону кормандони сохторҳои марбутаи Вазорати маориф ва илм ва Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин хонандагони синфҳои 4-11 аз муассисаҳои таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву амниятии кӯдакон, рушди ҳисси масъулиятшиносӣ ва тарбияи ватандӯстиву далерии насли наврас сурат гирифта, ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи амалӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои фавқулода, бахусус сӯхтор равона шудааст.
Муовини вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ин гуна озмунҳо дар заминаи сиёсати давлатии тарбияи шаҳрвандони солимандеш ва масъул амалӣ шуда, ба ҳифзи моликияти шахсӣ, амнияти ҷомеа ва ташаккули тафаккури эҳтиётии насли наврас мусоидат мекунанд. Вазорат минбаъд низ барои татбиқи чунин ташаббусҳои муҳим бо мақсади тақвияти фарҳанги бехатарӣ миёни кӯдакону наврасон омода мебошад.
Раиси шаҳри Норак зикр намуд, ки ифтитоҳи даври ҷамъбастии озмун дар шаҳри Норак барои мо ифтихори бузург аст. Мо кӯшиш мекунем, ки муҳити солим ва созанда барои рушду парвариши кӯдакони ватандӯсту донишманд ва нигоҳдории онҳо аз хатари сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулода фароҳам намоем.
Дар ҷараёни ҷамъбаст, ғолибони озмун аз байни садҳо хонандагони кишвар муайян гардида, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта буданд. Аз миёни онҳо 3 нафар сазовори ҷойи аввал, 3 нафар ҷойи дуюм, 5 нафар ҷойи сеюм ва 15 нафар бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷом, масъулин ба ҳамаи иштирокчиён ва ҳайати ташкилӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Маркази матбуотии
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигар
-
33
21.05.2025 -
35
21.05.2025 -
36
20.05.2025