20.05.2025

Имрӯз, 20 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат оиди татбиқи хизматрасониҳои давлатии мақомоти андоз дар шакли электронӣ баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Музаффарзода Бадриддин, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Нарзулло, сардорону кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва дигар намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муовини вазир дар суханронии ифтитоҳии худ таъкид кард, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ ба соҳаи маориф дар байни кишварҳои минтақа пешсаф мебошад.
Дар идома Назирзода Назирҷон - намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рақамикунонии низоми андоз ва татбиқи хизматрасониҳои электронӣ дар мақомоти андоз ва истифодабарии барномаи “Андози ман” аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ суханронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки ин иқдомҳо барои пардохти электронии андоз, кам намудани шумораи андозҳо, поин овардани меъёри пардохти он, такмили имтиёзҳои андозӣ, бақайдгирии бақияи молу маҳсулот ва дигар навгониҳо барои беҳтар кардани шаффофият ва самаранокии низоми андоз дар кишвар муҳим мебошанд.
Дар семинар ҳамзамон масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, таъмини устувори воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар буҷети давлатӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии мамлакат, андоз ва намудҳои андоз дар кишвар ва имтиёзҳои андозӣ дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид.
Дар охир аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии вазорат ба номояндагони кумитаи андоз пешниҳоду саволҳои дахлдор пешниҳод гардида, вобаста ба саволҳо ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигар
-
31
21.05.2025 -
35
21.05.2025 -
35
20.05.2025