ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ДУШАНБ 5 феврали соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода баргузор гардид. Ҷаласа бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди корҳои ободонию бунёдкорӣ, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таҳкими ҳамкориҳо бо волидон, инчунин пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани омилҳои он дар муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд. Дар кори ҷаласа сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Муовини вазири маориф ва илм ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид намуд, ки мулоқоти мазкур дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баён гардидаанд, доир мегардад. Зикр гардид, ки Паёми Президенти кишвар идомаи сиёсати маорифпарваронаи давлат буда, аз ҳар як корманди соҳа масъулияти баланд, садоқат ба касб ва фаъолияти самаранокро талаб менамояд. Дар идомаи суханронӣ муовини вазир ба нақши созандагиву ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кард, ки дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, сохтмони биноҳои замонавӣ, муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳо, кабинетҳо ва озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир, инчунин ҷорӣ намудани озмунҳо ва механизмҳои ҳавасмандгардонии молиявӣ барои омӯзгорон заминаи мусоид ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот фароҳам овардааст. Дар чунин шароит кормандони соҳа вазифадоранд, ки масъулиятшиносӣ ва сатҳи касбияти худро боз ҳам боло баранд. Муовини вазири маориф ва илм ҳамчунин масъалаи дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкориро дар муассисаҳои таълимӣ муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бояд ҳамчун намунаи тартибот, тозагӣ, зебоишиносӣ ва муҳити солими таълимӣ фаъолият намоянд. Дар ин замина, роҳбарони муассисаҳо вазифадор шуданд, ки ҷиҳати сабзкорӣ, тозаю озода нигоҳ доштани атрофи муассисаҳои таълимӣ ва дар маҷмуъ корҳои ободонӣ тадбирҳои муассир андешанд. Зикр шуд, ки иҷрои босифати ин корҳо нишонаи арҷгузорӣ ба истиқлолият ва ҳисси баланди ватандӯстии кормандони соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, муовини вазир вобаста ба масъалаи пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ изҳори нигаронии ҷиддӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки ҷой доштани омилҳои коррупсионӣ, аз ҷумла ҳолатҳои пулситонӣ аз хонандагон ва волидон аз ҷониби баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ комилан ғайриқобили қабул буда, чунин амалҳо ба обрӯи соҳа ва сиёсати иҷтимоии давлат латма мерасонанд. Муовини вазир роҳбарони муассисаҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати таъмини шаффофият, риояи қонунгузорӣ ва роҳ надодан ба ҳар гуна қонуншиканиҳо чораҳои қатъӣ андешанд. Дар ҷаласа ҳамчунин Б. Исмоилзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, суханронӣ намуда, нуктаҳои матраҳшуда аз ҷониби муовини вазирро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард. Ӯ ба мудирони кӯдакистонҳо ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъкид намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат бояд дар мадди аввал қарор дошта, масъалаҳои таълиму тарбия, интизоми меҳнат, ҳамкории зич бо волидон ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла коррупсия, бояд таҳти назорати доимӣ қарор дода шаванд. Дар фарҷом зикр гардид, ки чунин ҷаласаҳои корӣ минбаъд низ бо мақсади таҳкими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносии роҳбарон ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф баргузор хоҳанд шуд. Иштирокчиён изҳор доштанд, ки дастуру тавсияҳои пешниҳодшуда барои беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои таълимӣ ва таъмини сифати баланди таҳсилот ҳамчун роҳнамо хизмат хоҳанд кард. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон38
05.02.2026
-
ВОХӮРИИ ВАЗИР БО САФИРИ НАВТАЪИНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 5 феврали соли 2026 вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо сафири навтаъини Иттиҳоди Аврупо Рудослав Дарский баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт. Нахуст, зимни суҳбат вазири маориф ва илм аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба бо Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамкориҳо бо он аз соли 1992 инҷониб пайваста рушд меёбанд. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупо ҳамчун шарики рушд дар самти ислоҳоти низоми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, татбиқи барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Эразмус+», саҳми назаррас дорад. Қайд гардид, ки тавассути ин барнома табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ амалӣ гардида истодааст. Дар идома таъкид шуд, ки дар доираи барномаи «Эразмус+» зиёда аз 280 нафар омӯзгорону донишҷӯён аз 28 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, беш аз 17 лоиҳа дар 25 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои ғайритаълимӣ татбиқ гардидааст. Ҳамчунин, вазири маориф ва илм оид ба татбиқи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат ибрози назар намуда, зикр кард, ки барномаи мазкур ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили низоми идоракунӣ ва омӯзиши омӯзгорон равона шудааст. Илова бар ин, амалӣ гардидани лоиҳаи «Таҳкими муносибати босалоҳият дар фанҳои технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва фанҳои дақиқ (STEM)» бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо муҳим арзёбӣ гардид. Дар навбати худ, намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз ҳамкориҳои судманд бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо ва дастгирии минбаъдаи барномаҳо ва лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва илм баён карданд. Дар интиҳо оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои расидан ба ҳадафҳои созанда таъкид намуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон37
05.02.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар- 26.01.2026 Бештар
-
26.01.2026
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН! Бештар -
09.01.2026
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (EXTENSION OF DEADLINE)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (EXTENSION OF DEADLINE) Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор