
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО РОҲБАРИ ГУРӮҲИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВИИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ 9 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф Муҳаммад Тариқхон вохӯрӣ доир намуд. Дар оғози вохӯрӣ вазири маориф ва илм ташрифи меҳмононро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ҳамкориҳои густурдаи вазорат бо Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар самтҳои дастрасӣ ба таҳсилот, муҳити бехатар ва мусоиди омӯзиш, сифати таҳсилот ва рушди малакаҳо ҷараён дошта, дар заминаи се гранти муҳимми байналмилалӣ мавриди татбиқ қарор доранд. Вазири маориф ва илм зикр намуд, ки дар доираи ҳамкориҳо лоиҳаҳои муҳимми стратегӣ татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафашон баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тавонмандсозии омӯзгорон мебошад. Зимни суханронӣ инчунин вобаста ба ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла, таҳким бахшидани сифати таҳсилот, таҳсилоти фарогир ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ишора шуд. Дар навбати худ, роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф Муҳаммад Тариқхон бо изҳори миннатдорӣ барои пазироии самимона, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти маориф намунаи ибрат буда, таҷриба ва пешрафтҳо дар ин бахш шоистаи омӯзиш ва таблиғ мебошанд. Ӯ афзуд, ки GPE омодааст, минбаъд низ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувори соҳа ҳамаҷониба дастгирӣ намояд. Дар охир вазир барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ислоҳоти маориф дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ин вохӯрӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат хоҳад кард. Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон
60
09.06.2025
-
СУҲБАТУ ВОХӮРӢ БО ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ 7 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид карда, бо омӯзгорони муассиса суҳбату вохӯрӣ намуд. Зимни боздид вазир бо омӯзгорон ва роҳбарияти муассиса суҳбат ороста, ба масъалаҳои муҳимми соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Аз ҷумла, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, риояи талаботи қонунгузорӣ, ҷалби омӯзгорони ихтисосманд, дастгирии омӯзгорони ҷавон, ҷалб накардани омӯзгорон ба обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ, манъи ҷамъи маблағ барои таъмиру дигар эҳтиёҷоти муассиса ва дигар корҳо мавриди таъкид қарор гирифтанд. Ҳамчунин, вазир вобаста ба мутобиқати ҷараёни имтиҳонҳои хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ, сатҳи омодагии хонандагон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар имтиҳонҳо суҳбат намуд. Вазир омӯзгоронро ташвиқ намуд, ки дар мавсими таътили тобистона хонандагонро ба китобхонӣ ва такрори донишҳои андӯхта ҷалб намоянд. Тавсия дода шуд, ки дар баробари истироҳат, кӯдакон вақти худро самаранок истифода баранд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» фаъолона ширкат варзанд. Дар охир вазири маориф ва илм омӯзгоронеро, ки бо шогирдонашон дар озмуни олимпиадаҳо дар сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолонаи намудаанд, қадрдонӣ намуд. Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон
70
07.06.2025
-
БОЗДИД АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ 5 июни соли 2025 бо мақсади шиносоӣ аз раванди баргузории имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва имтиҳонҳои хатм, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва №4-и ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуд. Дар ҷараёни боздид, муовини вазир аз ҷараёни ташкили имтиҳонҳои давлатӣ, иштироки хонандагон, мутобиқати раванд ба дастурамалҳои тасдиқгардидаи Вазорати маориф ва илм, инчунин аз сатҳи омодагии хонандагон ба имтиҳонҳо шинос гардид. Муовини вазир бо омӯзгорон, хонандагон, роҳбарияти муассисаҳо ва масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ суҳбат ороста, ба масъалаҳои марбут ба сифати таълим, таҳкими интизоми дохилимактабӣ, риояи сарулибоси тавсиявӣ ва пешгирии ҷамъоварии маблағ аз хонандагон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҳамзамон, муовини вазир таваҷҷуҳро ба масъалаи машғул шудан ба китобхонӣ ва такрори донишҳои андӯхта дар мавсими таътили тобистона ҷалб намуда, ба хонандагон ва омӯзгорон тавсия дод, ки вақти холии худро самаранок истифода баранд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок намоянд. Инчунин, масъалаи шаффофияти ҷараёни имтиҳонҳо ва пешгирии ҳама гуна ҳолатҳои ҷамъоварии маблағҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ аз хонандагон ва падару модарон махсус таъкид гардид. Муовини вазир ба роҳбарияти муассисаҳо дастур дод, ки назорати ҷиддӣ ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шавад. Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон
59
05.06.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
09.06.2025
Специальное уведомление о закупках
Название контракта: Пакет 1: Лот1 - Строительство нового образовательного учреждения в селе Захматобод, школа №7 район Восе. Лот2 - Строительство здания нового общеобразовательного учреждения № 26 в селе Корез, джамоата Корез, Дангаринского района Бештар -
28.05.2025
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ Бештар -
28.05.2025
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор