ҶАМЪБАСТИ НАҚШАИ МИЁНАМУҲЛАТ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2023 ВА МУАРРИФИИ НАҚШАИ МИЁНАМУҲЛАТИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2024-2026 Имрӯз, 2-юми июли соли 2024 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа “Оид ба ҷамъбасти Нақшаи миёнамуҳлат барои солҳои 2021-2023 ва муаррифии Нақшаи миёнамуҳлати стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026” баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим ...
Мулоқот бо Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсария 2 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, Вазири федералии молия Карин Келлер-Зуттер ва Раиси Бонки милии Швейтсария Томас Ҷорданро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои ...
Тавзеҳот оид ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои ...
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг ба андозаи 40 фоиз зиёд мегардад ... Аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, аз ҷумла муаллимони мактабҳои таҳсилотии умумӣ аз синфи 1 то 11, литсейҳо, гимназияҳо, ҳамаи мактаб -интернатҳо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад. Чунин омадааст ...
ВАҲДАТИ МО ТОҶИКИСТОНРО МУНАВВАР КАРДААСТ. Мулоҳизаҳои Ректори Донишгоҳи технологии мамлакат дар ин мавзуъ Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, ҳамдилию ҳамраъйӣ 27 сол шуд, ки мардуми сарбаланди ҷумҳурӣ Рӯзи Ваҳдати миллиро зери сиёсати сулҳпарварона, хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳи болида истиқбол мегиранд. Бо чунин муҳтаво оғоз гардидааст мақолаи Ректори Донишгоҳи ...