Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 100 кӯдаки ятими вилояти Суғд туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим карданд 22 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бошукуҳу байналмилалии Наврӯз ба 100 кӯдаки ятими вилояти Суғд туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим карданд. Мавриди зикри хос аст, ки бо шарофати сиёсати ...
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд Ҳамдиёрони азиз! Фарорасии ҷашни Наврӯзро, ки имсол даҳумин солгарди ҷаҳонишавии ин ойини бостонӣ мебошад, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла хурду бузурги мардуми сарбаланди вилояти Суғд ва ҳамаи шумо – ширкаткунандагони чорабинии ҷашнии имрӯза самимона табрик мегӯям. Орзумандам, ки ин ҷашни байналмилалӣ ба сарзамини хуршедии Тоҷикистони соҳибистиқлол нишоту сарсабзӣ, осоишу ободӣ, ...
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд 22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилояти Суғд ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзию дигар мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзи хуҷастапайро бо фаро ...
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар Донишмандон ва зиёиёни гиромӣ! Ҳамватанони азиз! Мулоқоти мо бо аҳли илми кишвар дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз - соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ баргузор мегардад. Фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги миллиро ба шумо, аҳли илму маориф, зиёиёни эҷодкор ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона ...
Мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18 март дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд. Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми ...