АЗ 27-УМИ АПРЕЛ ТО 10-УМИ МАЙИ СОЛИ 2020 ТАЪТИЛИ МУВАҚҚАТӢ ЭЪЛОН ШУД Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Covid-19 Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Covid-19 баргузор гардид. Дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, ...
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Ватан файзу баракат ва рӯзгори осуда орзу менамоям. Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати ...
Дар Душанбе Маркази таҳсилоти фосилавӣ дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба фаъолият оғоз намуд Бори аввал дар Муасисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ Маркази таҳсилоти фосилавӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ифтитоҳи маркази мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, намояндагони тамоми сохторҳои вазорат ваустодону хонандагон иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки бори аввал дар ...
ДАР ШИНОХТИ МИЛЛАТ ВА ХАЛҚИ ТОҶИК (Ба муносибати солгарди зодрӯзи устод Айнӣ ва Рӯзи илми тоҷик)Яке аз масъалаҳои баҳсноки имрӯзаи таърихи тоҷикон масъалаи маъно ва пайдоиши номи тоҷик мебошад. Олимони зиёде дар ин масъала андешаҳо баён намудаанд, вале на ҳама аз он қонеъ ҳастанд. Номи донишмандони тоҷик С. Айнӣ, Б. Ғафуров, Т. Зеҳнӣ, М. Умарзода, А. ...
БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ДОНИШ, ИЛМ ВА ФАНОВАРӢ – АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶАҲОНИ МУОСИР» ДОИР ГАРДИД Бо ибтикори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи илми тоҷик конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Дониш, илм ва фановарӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир» доир гардид, ки дар он вазири маориф ва ...