МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ JBMO 29 июн - 5 июли соли равон бо сабаби пандемияи каронавирус Олимпиадаи JBMO-2021 (Олимпиадаи математикаи Балкан барои наврасон), ки дар Ҷумҳурии Молдова баргузор гардид, дар шакли онлайн гузаронида шуд. Хурсандиовар аст, ки дар олимпиадаи мазкур Азамат Душанов, хонандаи синфи 8-и "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Душанбе дар байни 144 иштирокчӣ ...
О.МАРДОВ: “БА ОМӮЗГОРОНИ ДАР НОҲИЯИ МУРҒОБ ФАЪОЛИЯТКУНАНДА ИМТИЁЗ ДОДА ШАВАД” Чанде пеш дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар ҳисоботи сардори раёсати маорифи ВМКБ дар соли 2020 ва семоҳаи аввали соли 2021 шунида шуд. Баъд аз ҷаласаи мушовара тасмим гирифтем, ки доир ба вазъи соҳаи маориф дар ВМКБ, проблемаву мушкилот ва дастовардҳои маорифчиёни вилоят бо сардори раёсат Одинашо Мардов ...
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: Даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои дохилшавандагони соли таҳсили 2021 оғоз гардид Имрӯз даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои «А» (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва «Б» (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои дохилшавандагони соли таҳсили 2021 оғоз гардид. Мавриди зикр аст, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ аз 1 март то 30 апрели ...
Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин роҳбари маҳфили сол” ҷамъбаст гардид 29-уми июни соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин роҳбари маҳфили сол” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Умедҷон ...