
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ИДОРАКУНӢ: ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ТАТБИҚИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ (EMIS) ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХУҶАНД 8 майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия – Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида ба номи А.П. Чехов» дар шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ оид ба марҳилаи татбиқи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф (НИИМ) баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони соҳа барои шахсони масъули татбиқи система ташкил ва баргузор карда шуд. Мақсади асосии семинар шинос намудани иштирокчиён бо моҳият, самтҳои истифода ва аҳамияти татбиқи EMIS ҳамчун як воситаи муосир барои такмили низоми идоракунии муассисаҳои таълимӣ буд. Иштирокчиён бо имкониятҳои калидии система, аз ҷумла таҳияи ҳисоботҳои таҳлилӣ, назорати дохилимактабӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳисобгирии ҳозирии хонандагон шинос шуданд. Дар ҷараёни семинар инчунин масоили муҳимми марбут ба таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва роҳҳои пешгирии дастрасии ғайриқонунӣ ба иттилооти махфӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мутахассисон таҷриба ва тавсияҳои амалӣ оид ба таҳкими амнияти рақамӣ ва истифодаи самараноки система пешниҳод намуданд. Дар анҷоми чорабинӣ, иштирокчиён дар фазои озоду созанда таҷриба ва андешаҳои худро мубодила карда, роҳҳои боз ҳам беҳтар ва муассиртар намудани ҷараёни татбиқи EMIS-ро дар муассиса мавриди муҳокима қарор доданд. Маркази Ҷумҳуриявии Технологияи Информатсионӣ
153
08.05.2025
-
ДУ ШОҲҶОИЗАИ ЗЕБИНИСО ДАР «САДБАРГИ ШАРҚ» – И ӮЗБЕКИСТОН Аз 1-ум то 5-уми майи соли 2025 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивал-озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакон ва ҷавонон таҳти унвони "Садбарги Шарқ-2025" баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён аз 10 давлат ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар ин Фестивал 4 нафар иштирокчӣ: 3 нафар дар номинатсияи вокал аз шаҳри Хуҷанд ва як нафар аз номинатсияи рақс аз шаҳри Душанбе - Зебинисо Исмоилова, таълимгирандаи ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»-и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» муаррифӣ намуданд. Дар рӯзи аввали озмун бо рақси хатлонӣ таҳти унвони "Қумбоқ" ва дар рӯзи дуюми озмун бо рақси миллӣ таҳти унвони "Ларзон" дар назди 8 нафар ҳакамон иштирок карда бо ба даст овардани 160 хол аз 160 хол соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Инчунин, дар барномаи Фестивал бо рақси "Лабчанг" бо ба даст овардани 80 хол боз соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Озмуни мазкур солҳои қаблӣ низ баргузор мегардид, вале намоянда аз Душанбе аваалин маротиба иштирок намуда, яку якбора ду Шоҳҷоизаи Фестивал - озмунро ба даст овард. Боиси сарфарозист, ки иштироки Зебинисо Исмоилова бо сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.
10
08.05.2025
-
БАРРАСИИ РАВАНДИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ 8 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба рафти татбиқи “Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030”, “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022–2027” ва “Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028” баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода доир гардида, дар он муовини вазир, роҳбарияти дастгоҳи марказӣ, намояндагони сохторҳои тобеи вазорат ва гурӯҳҳои масъули татбиқи барномаҳои зикршуда иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки татбиқи пайгиронаи барномаҳои соҳавии соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз мақомоти дахлдори давлатӣ тақозо мекунад, ки ба ҳалли саривақтии масъалаҳои инфрасохторӣ, таъминот бо технологияи муосир, баланд бардоштани сатҳи идоракунӣ ва сифати таълим диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Мавсуф зикр намуд, ки: «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 ҳамчун ҳуҷҷати асосгузор барои дурнамои рушд бояд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо барномаҳои дахлдори соҳавӣ ҳамоҳанг карда шавад. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон бояд ба таври амалӣ ба беҳтар намудани муҳити таълим, аз ҷумла сохтмон, таъмир ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ дар ин минтақаи аҳолии зиёд мусоидат намояд. Ҳамзамон, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бояд ҳамчун воситаи муассири баланд бардоштани сифати таҳсилот дар тамоми қаламрави кишвар татбиқ гардад. Мақомоти масъулро зарур аст, ки бо истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва таҳкими иқтидори кадрӣ иҷрои босамари ҳадафҳои пешбинишударо таъмин намоянд.» Дар идома ҳисоботи сардори раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Иброҳим Сафарзода шунида шуд. Мавсуф доир ба марҳилаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф, дастовардҳои назаррас ва мушкилоти мавҷуда маълумот дода, оид ба зарурати таҳияи нақшаи мушаххаси мониторинг ва арзёбӣ пешниҳодҳо манзур намуд. Сипас ҳасоботи Бахтовар Файзуллозода – сардори раёсати сохтмони асосӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид. Зикр шуд, ки дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон як қатор муассисаҳои нав бунёд ва таҷдид гардида, таъмин бо таҷҳизоти зарурӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Ҳамзамон, Ҳасан Ҳайдаров – мудири шуъбаи кадрии Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ оид ба Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маълумот дода, аз раванди таҳия ва татбиқи платформаҳои рақамӣ, рушди тахассуси омӯзгорони соҳа ва ташкили шабакаҳои рақамии омӯзишӣ ёдовар гардид. Дар анҷоми ҷаласа таклифу пешниҳодҳои иштирокдорон оид ба такмили самтҳои барномавӣ, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии татбиқи барномаҳо мавриди муҳокима қарор гирифта, тавсияҳои зарурӣ қабул гардиданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
9
08.05.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
08.05.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
05.05.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар -
25.04.2025
ОГОҲӢ! ДАВРИ ЧОРУМ (ҶУМҲУРИЯВӢ)-И ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ СИНФҲОИ 5-6
ОГОҲӢ! ДАВРИ ЧОРУМ (ҶУМҲУРИЯВӢ)-И ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ СИНФҲОИ 5-6 Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор