08.05.2025

 img

8 майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия – Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида ба номи А.П. Чехов» дар шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ оид ба марҳилаи татбиқи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф (НИИМ) баргузор гардид.

 

Чорабинӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони соҳа барои шахсони масъули татбиқи система ташкил ва баргузор карда шуд.

 

Мақсади асосии семинар шинос намудани иштирокчиён бо моҳият, самтҳои истифода ва аҳамияти татбиқи EMIS ҳамчун як воситаи муосир барои такмили низоми идоракунии муассисаҳои таълимӣ буд.

 

Иштирокчиён бо имкониятҳои калидии система, аз ҷумла таҳияи ҳисоботҳои таҳлилӣ, назорати дохилимактабӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳисобгирии ҳозирии хонандагон шинос шуданд.

 

Дар ҷараёни семинар инчунин масоили муҳимми марбут ба таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва роҳҳои пешгирии дастрасии ғайриқонунӣ ба иттилооти махфӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мутахассисон таҷриба ва тавсияҳои амалӣ оид ба таҳкими амнияти рақамӣ ва истифодаи самараноки система пешниҳод намуданд.

 

Дар анҷоми чорабинӣ, иштирокчиён дар фазои озоду созанда таҷриба ва андешаҳои худро мубодила карда, роҳҳои боз ҳам беҳтар ва муассиртар намудани ҷараёни татбиқи EMIS-ро дар муассиса мавриди муҳокима қарор доданд.

 

Маркази Ҷумҳуриявии

Технологияи Информатсионӣ

  • ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ИДОРАКУНӢ: ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ТАТБИҚИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ (EMIS) ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХУҶАНД img
  • ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ИДОРАКУНӢ: ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ТАТБИҚИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ (EMIS) ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХУҶАНД img
  • ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ИДОРАКУНӢ: ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ТАТБИҚИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ (EMIS) ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХУҶАНД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: ПЕДАГОГИКАИ МИЛЛӢ ВА ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ ҶОМЕА Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Педагогикаи миллӣ ва нақши он дар ташаккули худогоҳӣ ва худшиносии ҷомеа» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.   Конференсияро ректори донишгоҳ Мирзотоҳир Набизода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи шаҳрвандони ватандӯст ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои арзандаи соҳаи маориф мусоидат менамояд.   Таъкид гардид, ки сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маърифат, фарҳанг ва худшиносии шаҳрвандон равона гардида, дар ин раванд педагогикаи миллӣ ҳамчун низоми арзишҳо ва таҷрибаи бойи тарбиявии халқи тоҷик нақши муассир дорад.   Дар кори конференсия мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Сӯҳроб Самадзода иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба аҳаммияти педагогикаи миллӣ дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи насли соҳибмаърифат ва рушди арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи муосир андешаронӣ карданд.   Дар идомаи кори конференсия маърузаҳои илмии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Хайрулло Сабурӣ дар мавзуи «Саҳми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар омодасозии кадрҳои илмию педагогӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ», номзади илмҳои филологӣ ва дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Саидумрон Саидов перомуни «Масъалаҳои истифодаи сарчашмаҳои тарбиявии педагогикаи миллии халқи тоҷик дар рушди ҳаматарафаи насли наврас», дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва китобшиносӣ Нодирҷон Солиҷонов оид ба «Омилҳои педагогии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ» ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Абдуҳаким Шарипов дар мавзуи «Нақши педагогикаи муосир дар татбиқи ҳадафҳои эълон гардидани солҳои 2026-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»» шунида шуданд.   Дар анҷоми конференсия изҳори умед гардид, ки натиҷаҳои муҳокимаҳои илмӣ барои рушди минбаъдаи афкори педагогӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои педагогикаи миллӣ дар низоми таълим ва таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.

    12

    25.06.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ МАОРИФИ МАҲАЛЛӢ (LEG) 24 июни соли 2026 дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG) баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, роҳбари дафтари минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба Тоҷикистон Трине Петерсен, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски, муовини роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрӣ Двиведӣ, инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъи вазорат ва шарикони рушд иштирок намуданд.   Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ дар солҳои охир ба як майдони муҳими ҳамоҳангсозии фаъолият миёни Вазорати маориф ва илм ва шарикони рушд табдил ёфта, дар пешбурди ислоҳоти соҳа, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф нақши калидӣ дорад.   Зимни суханронӣ вазир зикр намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди таҳсилоти томактабӣ, таҳкими иқтидори омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рақамикунонии соҳа тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд.   Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳаи маориф, имкониятҳои нави маблағгузорӣ дар доираи ташаббусҳои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE 2030), вазъи маблағгузории соҳа ва таҳлили норасоии маблағгузорӣ, раванди таҳияи Нақшаи миёнамуҳлати рушди соҳаи маориф барои солҳои 2027–2030, инчунин татбиқи Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи II) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Ҳамзамон, иштирокчиён масъалаҳои марбут ба таҷдиди сохтори омӯзиш ва такмили низоми дастгирии методии омӯзгоронро муҳокима намуда, доир ба роҳҳои таҳкими иқтидори касбии омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим табодули афкор карданд.   Дар қисмати музокирот намояндагони шарикони рушд ва сохторҳои соҳавӣ оид ба тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо, истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастгирии ислоҳоти соҳаи маориф пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.   Дар ҷамъбасти ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда ва татбиқи муштараки барномаҳо ва лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи маориф изҳор намуда, таъкид карданд, ки таҳкими шарикӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо барои таъмини таҳсилоти босифат ва рушди устувори низоми маорифи кишвар аҳаммияти муҳим дорад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    47

    24.06.2026
  •  img
    НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 24 июни соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Данғара конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Чорабинӣ ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид.   Конференсияро ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги таърихии халқи тоҷик буда, маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори давлат, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам омадааст.   Дар ҷараёни конференсия маърузаҳои илмӣ оид ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ироа гардиданд. Аз ҷумла, иштирокчиён масъалаҳои муҳими таҳкими сулҳу субот, эҳтироми арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ ва нақши ҷавононро дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.   Маърузачиёни конференсия таъкид намуданд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳои миллат ва пояи асосии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар арзиши бузург дошта, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад. Дар ин замина, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ махсус арзёбӣ гардид.   Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён изҳори боварӣ намуданд, ки таҳкими минбаъдаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа ба пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд гардидани нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

    9

    24.06.2026