08.05.2025

 img

Аз 1-ум то 5-уми майи соли 2025 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивал-озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакон ва ҷавонон таҳти унвони "Садбарги Шарқ-2025" баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён аз 10 давлат ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар ин Фестивал 4 нафар иштирокчӣ: 3 нафар дар номинатсияи вокал аз шаҳри Хуҷанд ва як нафар аз номинатсияи рақс аз шаҳри Душанбе - Зебинисо Исмоилова, таълимгирандаи ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»-и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» муаррифӣ намуданд.

 

Дар рӯзи аввали озмун бо рақси хатлонӣ таҳти унвони "Қумбоқ"  ва дар рӯзи дуюми озмун бо рақси миллӣ таҳти унвони "Ларзон" дар назди 8 нафар ҳакамон иштирок карда бо ба даст овардани 160 хол аз 160 хол соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

 

Инчунин, дар барномаи Фестивал бо рақси "Лабчанг" бо ба даст овардани 80 хол боз соҳиби Шоҳҷоиза гардид. 

 

Озмуни мазкур солҳои қаблӣ низ баргузор мегардид, вале намоянда аз Душанбе аваалин маротиба иштирок намуда, яку якбора ду Шоҳҷоизаи Фестивал - озмунро ба даст овард.

 

Боиси сарфарозист, ки иштироки Зебинисо Исмоилова бо сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

  • ДУ ШОҲҶОИЗАИ ЗЕБИНИСО ДАР «САДБАРГИ ШАРҚ» – И ӮЗБЕКИСТОН img
  • ДУ ШОҲҶОИЗАИ ЗЕБИНИСО ДАР «САДБАРГИ ШАРҚ» – И ӮЗБЕКИСТОН img
  • ДУ ШОҲҶОИЗАИ ЗЕБИНИСО ДАР «САДБАРГИ ШАРҚ» – И ӮЗБЕКИСТОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТИ ИҶТИМОӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ STEM 12 майи соли 2025 дар толори Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои STEM” семинари илмӣ таҳти унвони “Натиҷагирӣ аз таҳқиқоти иҷтимоӣ вобаста ба талабот ва тавоноии волидону хонандагон ба таҳсилоти касбӣ” баргузор гардид.   Семинар бо сухани ифтитоҳии Музаффарзода Бадриддин – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Муовини вазир иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, аз дастгириҳои пайвастаи Бонки Осиёии Рушд дар амалисозии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM)” изҳори сипос намуд. Ӯ зикр кард, ки лоиҳаи мазкур яке аз ташаббусҳои муҳимми Вазорати маориф ва илм дар самти ислоҳоти таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шумор меравад, ки татбиқи он аз моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, то соли 2030 идома меёбад.   Муовини вазир таъкид дошт, ки Вазорати маориф ва илм бо мақсади таҳкими пояҳои таҳсилоти босифат ва мутобиқсозии он ба талаботи бозори меҳнат, татбиқи саривақтӣ ва самаранокӣ лоиҳаи мазкурро яке аз самтҳои афзалиятнок мешуморад. Ҳамкорӣ бо шарикони рушд, бахусус Бонки Осиёии Рушд, дар ин раванд нақши калидӣ дорад. Таҳқиқоти иҷтимоие, ки дар 20 муассисаи ҳадафӣ анҷом ёфтааст, ба мо имкон медиҳад, то таҳаввулоти воқеии ниёзҳо ва тавонмандиҳои хонандагону волидонро дар робита ба таҳсилоти касбӣ дарк намуда, нақшаи ояндаро асоснок таҳия намоем. Бовар дорем, ки натиҷаи ин ҳамоиш саҳми арзандае дар рушди соҳаи маориф ва илми кишвар хоҳад дошт”.   Дар кори семинар намояндагони вазорат, ташкилотҳои байналмилалӣ ва омӯзгорони донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки чунин тадқиқот барои муайянсозии воқеии вазъ ва дарёфти роҳҳои татбиқи ислоҳоти муассир дар соҳаи маориф нақши муассир доранд.   Дар интиҳои ҳамоиш, пешниҳодҳо ва тавсияҳои иштирокчиён шунида шуда, барои истифода дар марҳилаҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа сабт гардиданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    14

    12.05.2025
  •  img
    Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия 9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қасри Кремл ташриф оварданд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.   Барои иштирок дар ин чорабинии бошукӯҳ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 29 кишвари ҷаҳон ба Москва ташриф оварданд.   Зимни иштирок дар паради ҳарбӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз кишварҳои ҷаҳон дидору суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.   Баъд аз маросими истиқболи сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои воломақом аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён иштирок карданд.   Дар паради бошукӯҳи ҳарбии майдони Сурхи шаҳри Москва як ротаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.   Иштироку қадамзании боматонати низомиёни шуҷои тоҷик ба поси хотири беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон ба майдонҳои набард, ки 55 нафари онҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардида буданд ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо меҳнату машаққати холисонаи худ дар ақибгоҳ дар таъмини Ғалабаи бузург дар он ҷанги пурдаҳшат саҳми намоён гузоштаанд, сурат гирифт.   Пас аз анҷоми паради ҳарбӣ, дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ба гиромидоштӣ хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштанд.   Иштироки сарони давлатҳо дар тантанаи Ғалабаи бузург дар шаҳри Маскав бо аксгирии якҷояи хотиравии онҳо ба поён расид.

    18

    09.05.2025
  •  img
    ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ИДОРАКУНӢ: ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ТАТБИҚИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ (EMIS) ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХУҶАНД 8 майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия – Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида ба номи А.П. Чехов» дар шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ оид ба марҳилаи татбиқи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф (НИИМ) баргузор гардид.   Чорабинӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони соҳа барои шахсони масъули татбиқи система ташкил ва баргузор карда шуд.   Мақсади асосии семинар шинос намудани иштирокчиён бо моҳият, самтҳои истифода ва аҳамияти татбиқи EMIS ҳамчун як воситаи муосир барои такмили низоми идоракунии муассисаҳои таълимӣ буд.   Иштирокчиён бо имкониятҳои калидии система, аз ҷумла таҳияи ҳисоботҳои таҳлилӣ, назорати дохилимактабӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳисобгирии ҳозирии хонандагон шинос шуданд.   Дар ҷараёни семинар инчунин масоили муҳимми марбут ба таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва роҳҳои пешгирии дастрасии ғайриқонунӣ ба иттилооти махфӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мутахассисон таҷриба ва тавсияҳои амалӣ оид ба таҳкими амнияти рақамӣ ва истифодаи самараноки система пешниҳод намуданд.   Дар анҷоми чорабинӣ, иштирокчиён дар фазои озоду созанда таҷриба ва андешаҳои худро мубодила карда, роҳҳои боз ҳам беҳтар ва муассиртар намудани ҷараёни татбиқи EMIS-ро дар муассиса мавриди муҳокима қарор доданд.   Маркази Ҷумҳуриявии Технологияи Информатсионӣ

    158

    08.05.2025