12.05.2025

 img

12 майи соли 2025 дар толори Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои STEM” семинари илмӣ таҳти унвони “Натиҷагирӣ аз таҳқиқоти иҷтимоӣ вобаста ба талабот ва тавоноии волидону хонандагон ба таҳсилоти касбӣ” баргузор гардид.

 

Семинар бо сухани ифтитоҳии Музаффарзода Бадриддин – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Муовини вазир иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, аз дастгириҳои пайвастаи Бонки Осиёии Рушд дар амалисозии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM)” изҳори сипос намуд. Ӯ зикр кард, ки лоиҳаи мазкур яке аз ташаббусҳои муҳимми Вазорати маориф ва илм дар самти ислоҳоти таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шумор меравад, ки татбиқи он аз моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, то соли 2030 идома меёбад.

 

Муовини вазир таъкид дошт, ки Вазорати маориф ва илм бо мақсади таҳкими пояҳои таҳсилоти босифат ва мутобиқсозии он ба талаботи бозори меҳнат, татбиқи саривақтӣ ва самаранокӣ лоиҳаи мазкурро яке аз самтҳои афзалиятнок мешуморад. Ҳамкорӣ бо шарикони рушд, бахусус Бонки Осиёии Рушд, дар ин раванд нақши калидӣ дорад. Таҳқиқоти иҷтимоие, ки дар 20 муассисаи ҳадафӣ анҷом ёфтааст, ба мо имкон медиҳад, то таҳаввулоти воқеии ниёзҳо ва тавонмандиҳои хонандагону волидонро дар робита ба таҳсилоти касбӣ дарк намуда, нақшаи ояндаро асоснок таҳия намоем. Бовар дорем, ки натиҷаи ин ҳамоиш саҳми арзандае дар рушди соҳаи маориф ва илми кишвар хоҳад дошт”.

 

Дар кори семинар намояндагони вазорат, ташкилотҳои байналмилалӣ ва омӯзгорони донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки чунин тадқиқот барои муайянсозии воқеии вазъ ва дарёфти роҳҳои татбиқи ислоҳоти муассир дар соҳаи маориф нақши муассир доранд.

 

Дар интиҳои ҳамоиш, пешниҳодҳо ва тавсияҳои иштирокчиён шунида шуда, барои истифода дар марҳилаҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа сабт гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТИ ИҶТИМОӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ STEM img
  • БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТИ ИҶТИМОӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ STEM img
  • БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТИ ИҶТИМОӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ STEM img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия 9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қасри Кремл ташриф оварданд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.   Барои иштирок дар ин чорабинии бошукӯҳ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 29 кишвари ҷаҳон ба Москва ташриф оварданд.   Зимни иштирок дар паради ҳарбӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз кишварҳои ҷаҳон дидору суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.   Баъд аз маросими истиқболи сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои воломақом аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён иштирок карданд.   Дар паради бошукӯҳи ҳарбии майдони Сурхи шаҳри Москва як ротаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.   Иштироку қадамзании боматонати низомиёни шуҷои тоҷик ба поси хотири беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон ба майдонҳои набард, ки 55 нафари онҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардида буданд ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо меҳнату машаққати холисонаи худ дар ақибгоҳ дар таъмини Ғалабаи бузург дар он ҷанги пурдаҳшат саҳми намоён гузоштаанд, сурат гирифт.   Пас аз анҷоми паради ҳарбӣ, дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ба гиромидоштӣ хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштанд.   Иштироки сарони давлатҳо дар тантанаи Ғалабаи бузург дар шаҳри Маскав бо аксгирии якҷояи хотиравии онҳо ба поён расид.

    23

    09.05.2025
  •  img
    Суханронӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба Ҳамватанони азиз!   Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон!   Мо имрӯз 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ифтихор ва посдорӣ аз хотираи неки фарзандони Тоҷикистон ва корнамоиву қаҳрамониҳои онҳо дар мубориза бо фашизми гитлерӣ таҷлил менамоем.   Ба муносибати ин санаи муҳимми таърихӣ – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.   Мусаллам аст, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи навини башарият аз лиҳози миқёс ва фоҷиаи инсонӣ ҷанги даҳшатноктарин ба шумор меравад.   Беш аз 70 кишвари ҷаҳон ба гирдоби ҷанг кашида шуда, дар он зиёда аз 55 миллион нафар одамон қурбон гардиданд.   Даҳҳо ҳазор шаҳрҳои хурду бузург вайрону валангор ва ба хок яксон шуданд.   Тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ин ҷанг ба ҳисоби имрӯза 4,5 триллион долларро ташкил медиҳад.   Наслҳои имрӯзу оянда бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани «вабои фашизм» дар асри бистум гардид.   Мо, ҳамчунин, бояд ҳамеша бо ифтихор хотирнишон созем, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.   Ҳарчанд майдони набардҳои хунин аз Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур буд, вале акси садои он дар саросари диёри мо ба гӯш мерасид ва ҳар хонадони тоҷик гирифтори фоҷиаҳои он буд.   На танҳо дар шаҳрҳо, балки ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвари мо оилае набуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири мубориза бар зидди фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад.   Ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем.   Зеро аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод.   Беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардиданд ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.   Ҳамаи ин ҷоннисориҳо, ки дар таърихи муосири мо абадан сабт гардидаанд, саҳми миллати тоҷикро дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунанд.   Мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.   Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мушарраф гардонида шуданд.   Беш аз 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд.   Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.   Мардуми мо онҳоро бегона нашумориданд, барояшон манзили зист, хӯроку сару либос муҳайё карданд ва аксари онҳоро ба камол расониданд.   Қобили зикр аст, ки дар ақибгоҳ низ аҳолии Тоҷикистон дар таъмини ғалаба саҳми бесобиқа гузошт.   Ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буданд.   Дар он рӯзҳои сангин кӯдакону занон ва калонсолон азобу машаққати гуруснагӣ ва дигар мушкилоти замони ҷангро таҳаммул карданд ва шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳиссаи арзандаи худро барои расидан ба Рӯзи ғалаба гузоштанд.   Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг ғаллаву озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд.   Мехоҳам таъкид намоям, ки ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат мебошад.   Шумо ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст.   Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ҳамагӣ пас аз чанд даҳсола баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид, ки барои кишвари мо оқибатҳои фоҷиабору сангин ба бор овард.   Шумораи қурбониён ва ҳисороти моддии ин ҷанг барои Тоҷикистони тозаистиқлол аз ҳисороти ҷониву молии кишвари мо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бештар буд: беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд, зиёда аз як миллион нафар гуреза шуданд ва ба иқтисоди миллии мо беш аз 10 миллиард доллар зарар ворид гардид.   Албатта, дар қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар мардуми Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши бузург ва ҳалкунанда бозиданд.   Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони далеру шуҷоъ ҷони худро қурбон карданд.   Мардум ва Ҳукумати мамлакат ба ин хизмати таърихии фарзандони содиқу далери худ ҳамеша арҷ мегузоранд.   Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.   Хусусан, равандҳои манфию хатарборе, ки ҷаҳони муосирро таҳти таъсир қарор додаанд, аз ҷумла мухолифатҳои шадиди байни абарқудратҳо, аз нав авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», инчунин, густариш ёфтани амалиёти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ сатҳи баланди омодабошӣ, маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд.   Эътимоду умеди мардум ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед.   Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки ҳифзи сулҳи пойдор, суботи комили сиёсӣ, таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеаи мо мебошад.   Ҳамин аст, ки мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои олам яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо муайян гардидааст.   Маҳз ба хотири пайгирии ин ҳадаф ман дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи қабули қатъномаи махсусро оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешниҳод намудам.   Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги даҳшатноки таҳмилиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша ҷонибдори танҳо бо роҳи осоишта, яъне гуфтушунид ҳаллу фасл кардани ҳама мухолифату низоъҳо мебошад.   Мо, ҳамчунин, густариш бахшидани гуфтугӯи тамаддунҳоро аз ҷумлаи заруратҳои замони муосир мешуморем.   Бовар дорам, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи халқамон саъю талоши бештар мекунанд.   Бори дигар иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо – ҳомиёни содиқи Ватанро ба ифтихори 80-солагии ғалабаи таърихӣ табрик мегӯям.   Ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва барои Тоҷикистони азизамон ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва сулҳу суботи пойдор орзу менамоям.   Ҷашни ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

    155

    08.05.2025
  •  img
    БАРРАСИИ РАВАНДИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ 8 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба рафти татбиқи “Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030”, “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022–2027” ва “Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028” баргузор гардид.   Ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода доир гардида, дар он муовини вазир, роҳбарияти дастгоҳи марказӣ, намояндагони сохторҳои тобеи вазорат ва гурӯҳҳои масъули татбиқи барномаҳои зикршуда иштирок намуданд.   Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки татбиқи пайгиронаи барномаҳои соҳавии соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз мақомоти дахлдори давлатӣ тақозо мекунад, ки ба ҳалли саривақтии масъалаҳои инфрасохторӣ, таъминот бо технологияи муосир, баланд бардоштани сатҳи идоракунӣ ва сифати таълим диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Мавсуф зикр намуд, ки: «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 ҳамчун ҳуҷҷати асосгузор барои дурнамои рушд бояд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо барномаҳои дахлдори соҳавӣ ҳамоҳанг карда шавад. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон бояд ба таври амалӣ ба беҳтар намудани муҳити таълим, аз ҷумла сохтмон, таъмир ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ дар ин минтақаи аҳолии зиёд мусоидат намояд. Ҳамзамон, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бояд ҳамчун воситаи муассири баланд бардоштани сифати таҳсилот дар тамоми қаламрави кишвар татбиқ гардад. Мақомоти масъулро зарур аст, ки бо истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва таҳкими иқтидори кадрӣ иҷрои босамари ҳадафҳои пешбинишударо таъмин намоянд.»   Дар идома ҳисоботи сардори раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Иброҳим Сафарзода шунида шуд. Мавсуф доир ба марҳилаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф, дастовардҳои назаррас ва мушкилоти мавҷуда маълумот дода, оид ба зарурати таҳияи нақшаи мушаххаси мониторинг ва арзёбӣ пешниҳодҳо манзур намуд.   Сипас ҳасоботи Бахтовар Файзуллозода – сардори раёсати сохтмони асосӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид. Зикр шуд, ки дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон як қатор муассисаҳои нав бунёд ва таҷдид гардида, таъмин бо таҷҳизоти зарурӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.   Ҳамзамон, Ҳасан Ҳайдаров – мудири шуъбаи кадрии Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ оид ба Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маълумот дода, аз раванди таҳия ва татбиқи платформаҳои рақамӣ, рушди тахассуси омӯзгорони соҳа ва ташкили шабакаҳои рақамии омӯзишӣ ёдовар гардид.   Дар анҷоми ҷаласа таклифу пешниҳодҳои иштирокдорон оид ба такмили самтҳои барномавӣ, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии татбиқи барномаҳо мавриди муҳокима қарор гирифта, тавсияҳои зарурӣ қабул гардиданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    19

    08.05.2025