08.05.2025

 img

Ҳамватанони азиз!

 

Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон!

 

Мо имрӯз 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ифтихор ва посдорӣ аз хотираи неки фарзандони Тоҷикистон ва корнамоиву қаҳрамониҳои онҳо дар мубориза бо фашизми гитлерӣ таҷлил менамоем.

 

Ба муносибати ин санаи муҳимми таърихӣ – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

 

Мусаллам аст, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи навини башарият аз лиҳози миқёс ва фоҷиаи инсонӣ ҷанги даҳшатноктарин ба шумор меравад.

 

Беш аз 70 кишвари ҷаҳон ба гирдоби ҷанг кашида шуда, дар он зиёда аз 55 миллион нафар одамон қурбон гардиданд.

 

Даҳҳо ҳазор шаҳрҳои хурду бузург вайрону валангор ва ба хок яксон шуданд.

 

Тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ин ҷанг ба ҳисоби имрӯза 4,5 триллион долларро ташкил медиҳад.

 

Наслҳои имрӯзу оянда бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани «вабои фашизм» дар асри бистум гардид.

 

Мо, ҳамчунин, бояд ҳамеша бо ифтихор хотирнишон созем, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.

 

Ҳарчанд майдони набардҳои хунин аз Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур буд, вале акси садои он дар саросари диёри мо ба гӯш мерасид ва ҳар хонадони тоҷик гирифтори фоҷиаҳои он буд.

 

На танҳо дар шаҳрҳо, балки ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвари мо оилае набуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири мубориза бар зидди фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад.

 

Ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем.

 

Зеро аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод.

 

Беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардиданд ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.

 

Ҳамаи ин ҷоннисориҳо, ки дар таърихи муосири мо абадан сабт гардидаанд, саҳми миллати тоҷикро дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунанд.

 

Мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.

 

Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мушарраф гардонида шуданд.

 

Беш аз 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд.

 

Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.

 

Мардуми мо онҳоро бегона нашумориданд, барояшон манзили зист, хӯроку сару либос муҳайё карданд ва аксари онҳоро ба камол расониданд.

 

Қобили зикр аст, ки дар ақибгоҳ низ аҳолии Тоҷикистон дар таъмини ғалаба саҳми бесобиқа гузошт.

 

Ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буданд.

 

Дар он рӯзҳои сангин кӯдакону занон ва калонсолон азобу машаққати гуруснагӣ ва дигар мушкилоти замони ҷангро таҳаммул карданд ва шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳиссаи арзандаи худро барои расидан ба Рӯзи ғалаба гузоштанд.

 

Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг ғаллаву озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд.

 

Мехоҳам таъкид намоям, ки ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат мебошад.

 

Шумо ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст.

 

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ҳамагӣ пас аз чанд даҳсола баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид, ки барои кишвари мо оқибатҳои фоҷиабору сангин ба бор овард.

 

Шумораи қурбониён ва ҳисороти моддии ин ҷанг барои Тоҷикистони тозаистиқлол аз ҳисороти ҷониву молии кишвари мо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бештар буд: беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд, зиёда аз як миллион нафар гуреза шуданд ва ба иқтисоди миллии мо беш аз 10 миллиард доллар зарар ворид гардид.

 

Албатта, дар қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар мардуми Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши бузург ва ҳалкунанда бозиданд.

 

Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони далеру шуҷоъ ҷони худро қурбон карданд.

 

Мардум ва Ҳукумати мамлакат ба ин хизмати таърихии фарзандони содиқу далери худ ҳамеша арҷ мегузоранд.

 

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.

 

Хусусан, равандҳои манфию хатарборе, ки ҷаҳони муосирро таҳти таъсир қарор додаанд, аз ҷумла мухолифатҳои шадиди байни абарқудратҳо, аз нав авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», инчунин, густариш ёфтани амалиёти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ сатҳи баланди омодабошӣ, маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд.

 

Эътимоду умеди мардум ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед.

 

Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки ҳифзи сулҳи пойдор, суботи комили сиёсӣ, таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеаи мо мебошад.

 

Ҳамин аст, ки мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои олам яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо муайян гардидааст.

 

Маҳз ба хотири пайгирии ин ҳадаф ман дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи қабули қатъномаи махсусро оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешниҳод намудам.

 

Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги даҳшатноки таҳмилиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша ҷонибдори танҳо бо роҳи осоишта, яъне гуфтушунид ҳаллу фасл кардани ҳама мухолифату низоъҳо мебошад.

 

Мо, ҳамчунин, густариш бахшидани гуфтугӯи тамаддунҳоро аз ҷумлаи заруратҳои замони муосир мешуморем.

 

Бовар дорам, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи халқамон саъю талоши бештар мекунанд.

 

Бори дигар иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо – ҳомиёни содиқи Ватанро ба ифтихори 80-солагии ғалабаи таърихӣ табрик мегӯям.

 

Ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва барои Тоҷикистони азизамон ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва сулҳу суботи пойдор орзу менамоям.

 

Ҷашни ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

  • Суханронӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ КОРӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ Имрӯз, 17 апрели соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода вобаста ба дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни муҳимми таърихӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.   Дар машварати корӣ муовинони вазир, роҳбарони раёсатҳои дахлдори вазорат, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.   Зимни машварат вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ ба ҳисоб рафта, таҷлили сазовори он аз ҳар як корманди соҳа масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва фаъолияти созандаро тақозо менамояд. Қайд гардид, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиш бояд ба он равона гардад, ки ин ҷашни муқаддаси миллӣ бо дастовардҳои назаррас, ободонии муҳити таълим ва болоравии сифати таҳсил истиқбол гирифта шавад.   Дар ин замина, зикр гардид, ки аҳли маорифро зарур аст бо омодагии ҷиддӣ, ташаббусҳои созанда ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ саҳми назаррас гузоранд. Ҳар як корманди соҳа бояд ҳиссаи худро дар рушди низоми маориф, тарбияи насли соҳибмаърифат ва таҳкими арзишҳои миллӣ гузошта, дар тамоми зинаҳои таҳсилот, аз муассисаҳои томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ, сатҳу сифати таълимро боз ҳам баланд бардорад.   Ҳамзамон, дар машварат масъалаҳои вобаста ба ташкили чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ, ободониву созандагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин ҷалби хонандагону донишҷӯён ба чорабиниҳои ҷашнӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.   Дар анҷоми машварат таъкид гардид, ки роҳбарону масъулони соҳа бояд иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои додашударо таъмин намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    93

    17.04.2026
  •  img
    БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS - 2026 Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд. Яке аз чунин иқдомҳои муҳим иштироки кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла арзёбии PIRLS - 2026 мебошад.   Дар идомаи баргузории давраи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 миёни хонандагони синфҳои 4-ум, ки аз 14 апрел то 6 майи соли ҷорӣ дар 171 муассисаи таҳсилоти умумии 52 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, имрӯз, 17 апрели соли 2026 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Б. Музаффарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ҷаъфарзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, намояндагони лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» ва дигар шахсони масъул дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» иштирок намуданд.   Татбиқи арзёбии PIRLS - 2026 дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» ба таври самаранок ба роҳ монда шуда, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, такмили муҳити омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи дастрасии хонандагон ба захираҳои таълимӣ мебошад. Дар ин замина, истифодаи усулҳои муосири таълим, технологияҳои иттилоотӣ ва рушди қобилияти тафаккури интиқодии хонандагон низ тақвият дода мешавад.   Зикр гардид, ки натиҷаҳои арзёбии PIRLS - 2026 барои муайян намудани вазъи воқеии сатҳи саводнокии хонандагон, такмили барномаҳои таълимӣ ва таҳияи сиёсати минбаъдаи соҳа заминаи муҳим фароҳам меоранд. Ҳамзамон, ин раванд имконият медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар муқоиса бо кишварҳои дигар муайян намуда, таҷрибаи пешқадамро дар низоми миллии маориф ҷорӣ намояд.   Дар маҷмӯъ, иштироки фаъолона дар арзёбиҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ба рушди устувори соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

    103

    17.04.2026
  •  img
    ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ Миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо таъриху фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни куҳанбунёди худ шинохта шудааст. Хотироти таърихӣ ва фарҳанги асили аҷдодӣ дар тули асрҳо имкон дод, ки тоҷикон сарфи назар аз таҳаввулоти пурпечутоби сиёсиву иҷтимоӣ ва таъсири қудратҳои берунӣ асолат ва ҳастии миллии худро ҳифз намоянд.   Тамаддуну фарҳанги ғанӣ ва арзишҳои башардӯстонаи ниёгон ҳамчун сипари маънавӣ миллати моро ҳифз намуда, заминаи ҳамзистии осоишта ва ҳамкории судманд бо дигар халқҳои ҷаҳонро фароҳам овардааст.   Таъриху тамаддуни аҷдоди тоҷикон то имрӯз таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони зиёди ҷаҳонро ҷалб намудааст, зеро натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки аҷдодони мо дар саргаҳи ташаккули тамаддун қарор дошта, бо қудрати зеҳнӣ ва фарҳанги баланди худ дар рушди арзишҳои инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта саҳми арзишманд гузоштаанд.   Яке аз муҳимтарин падидаҳои таърихӣ дар ин раванд тамаддуни ориёӣ ба ҳисоб меравад. Аҷдодони мо бунёдгузори яке аз қадимтарин ва нахустин тамаддунҳо дар таърихи башар мебошанд, ки дар меҳвари он арзишҳои инсондӯстӣ, адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва расидан ба зиндагии шоиста қарор доранд. Ин тамаддун ба фарҳанг ва тамаддунҳои ҳамҷавор таъсири амиқ расонда, барои рушди минбаъдаи тамаддуни башарӣ заминаи устувор гузоштааст.   Дар шароити ҷаҳонишавии муосир омӯзиш ва эҳёи мероси таърихию фарҳангии ниёгон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки танҳо миллате метавонад истиқлол ва манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд, ки бо таърихи аҷдодӣ пайванди устувор дошта, арзишҳои миллию фарҳангии худро пос дорад.   Аз ин рӯ, омӯзиши таърих ва тамаддуни гузашта барои таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли ҷавон ва рушди устувори ҷомеа аҳамияти калидӣ дорад.   Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки таърих ва тамаддуни худро бо назари нав омӯзад ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.   Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолият ба ҳайси Роҳбари давлат бо пешбурди сиёсати дурандешонаи худ дар баробари ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии кишвар ба эҳё ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, барҷаста аст.   Сарвари давлат зимни таҳлилу баррасии омилҳо ва паёмадҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба хулоса омаданд, ки яке аз сабабҳои муҳими сар задани он дур гардидани ҷомеа аз асолат ва арзишҳои таърихию миллии хеш будааст.   Аз ин рӯ, бо ташаббуси Пешвои миллат таҳқиқ ва омӯзиши тамаддуни ориёӣ ба сатҳи нави илмӣ бароварда шуд.   Асарҳои бунёдии Сарвари давлат, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик саҳми арзишманд доранд. Дар ин асарҳо консепсияи нави омӯзиши таърихи миллат пешниҳод гардида, зарурати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва омӯзиши амиқи сарчашмаҳои таърихӣ таъкид мегардад.   Бо ташаббуси Пешвои миллат, ҳамчунин, як қатор чорабиниҳои муҳими фарҳангиву таърихӣ амалӣ гардиданд, ки ба эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёӣ мусоидат намуданд.   Аз ҷумла, эълон шудани соли 2006 ҳамчун Соли тамаддуни ориёӣ, эҳёи ҷашнҳои бостонии Сада, Меҳргон ва Тиргон, таҷлили 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм ва ворид шудани он ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти 1310-солагии Абуҳанифа Имоми Аъзам аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар роҳи муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги тоҷикон мебошанд.   Бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 Соли тамаддуни ориёӣ эълон гардида, ин иқдом бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил шуд ва ба муаррифии симои таърихӣ ва нақши тоҷикон ҳамчун ягона меросбари тамаддуни ориёӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуд.   Ҳамчунин, бо ташаббуси Роҳбари давлат осори гаронбаҳои таърихӣ ба ҷомеа дастрастар гардиданд. Нашри миллионҳо нусхаи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ва тақдими онҳо ба аҳолӣ иқдоми муҳими фарҳангӣ ба шумор меравад. Итминони комил дорем, ки ин асарҳо ҳамчун сарчашмаҳои муҳими худшиносии миллӣ насли имрӯзро ба омӯзиши таърих, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва сабақгирӣ аз корномаҳои ниёгон раҳнамоӣ менамоянд.   Дар солҳои охир ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон низ густариш ёфтанд. Даҳҳо ёдгории моддӣ ва маънавии халқи тоҷик ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардида, эътирофи ҷаҳонии тамаддуни тоҷиконро тақвият бахшиданд.   Аз ҷумла, ворид гардидани 11 ёдгории фарҳангии Хутали қадим, ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ, ҳамчунин, аз ҷониби ин созмони бонуфуз эътироф шудани шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва таҷлили бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ аст.   Татбиқи иқдомҳои илмӣ ва фарҳангии марбут ба мероси ориёӣ, аз ҷумла баргузории ҳамоишҳо оид ба «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) низ аҳамияти хоса доранд. Ин санади таърихӣ яке аз нахустин эъломияҳои ҳуқуқи башар ба шумор рафта, арзишҳои баробарӣ, адолат ва таҳаммулпазириро тарғиб менамояд ва бозгӯйи он аст, ки ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон ба арзишҳои инсондӯстона ва ҳуқуқи инсон аҳамияти калон медоданд.   Ҳоло тибқи дастури Сарвари давлат ҷиҳати ворид намудани номи Борбади Марвазӣ ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО корҳои мушаххас идома дошта, барои муаррифии саҳми таърихии ин чеҳраи барҷастаи фарҳанги тоҷик дар рушди мусиқии ҷаҳонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.   Дар идомаи пешбурди сиёсати фарҳангдӯстона Президенти кишвар чанде пеш зимни ироаи Паёми навбатии хеш ташаббуси бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд. Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муҳиму дурбинона ва амри зарурӣ дар роҳи эҳёи мероси таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад.   Ин муассисаҳо ҳамчун марказҳои муосири таърихӣ барои муаррифии тамаддуни ориёӣ, омӯзиши таърихи беш аз шаш ҳазорсолаи халқи тоҷик ва ҷалби муҳаққиқону сайёҳон аҳамияти бузург доранд. Дар онҳо таърихи ташаккул ва рушди фарҳанг, давлатдорӣ, дин, забон ва санъати мардумони ориёӣ бо истифода аз технологияҳои муосир инъикос хоҳад ёфт.   Бунёди чунин марказҳо на танҳо барои имрӯз, балки барои наслҳои оянда низ аҳамияти бузург доранд. Онҳо имкон медиҳанд, ки мероси таърихӣ ва фарҳангии миллат ҳифз гардида, ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ шавад.   Ҳамзамон, чунин иқдомҳо таваҷҷуҳи муҳаққиқони байналмилалӣ, дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонӣ ва сайёҳонро ба пойтахти кишвар ҷалб карда, шаҳри Душанберо ба маскани ҷолиби илмиву сайёҳӣ табдил медиҳанд.   Дар маҷмуъ, эҳёи тамаддуни ориёӣ ва омӯзиши амиқи таърихи миллӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, рушди фарҳанг ва пойдории давлатдории тоҷикон аҳамияти бузург дорад.   Ҳифзи ин мероси гаронбаҳо ва муаррифии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаи муҳими наслҳои имрӯз ва фардои миллат ба шумор меравад.   Мо танҳо бо эҳтирому арҷгузории арзанда ба таърих ва пос доштани арзишҳои фарҳангии ниёгон метавонем ояндаи устувор ва пурифтихорро барои кишвари маҳбубу ягонаамон – Тоҷикистон таъмин намоем.   Рустами ЭМОМАЛӢ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе

    62

    16.04.2026