08.05.2025

 img

8 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба рафти татбиқи “Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030”, “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022–2027” ва “Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028” баргузор гардид.

 

Ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода доир гардида, дар он муовини вазир, роҳбарияти дастгоҳи марказӣ, намояндагони сохторҳои тобеи вазорат ва гурӯҳҳои масъули татбиқи барномаҳои зикршуда иштирок намуданд.

 

Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки татбиқи пайгиронаи барномаҳои соҳавии соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз мақомоти дахлдори давлатӣ тақозо мекунад, ки ба ҳалли саривақтии масъалаҳои инфрасохторӣ, таъминот бо технологияи муосир, баланд бардоштани сатҳи идоракунӣ ва сифати таълим диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Мавсуф зикр намуд, ки: «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 ҳамчун ҳуҷҷати асосгузор барои дурнамои рушд бояд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо барномаҳои дахлдори соҳавӣ ҳамоҳанг карда шавад. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон бояд ба таври амалӣ ба беҳтар намудани муҳити таълим, аз ҷумла сохтмон, таъмир ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ дар ин минтақаи аҳолии зиёд мусоидат намояд. Ҳамзамон, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бояд ҳамчун воситаи муассири баланд бардоштани сифати таҳсилот дар тамоми қаламрави кишвар татбиқ гардад. Мақомоти масъулро зарур аст, ки бо истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва таҳкими иқтидори кадрӣ иҷрои босамари ҳадафҳои пешбинишударо таъмин намоянд.»

 

Дар идома ҳисоботи сардори раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Иброҳим Сафарзода шунида шуд. Мавсуф доир ба марҳилаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф, дастовардҳои назаррас ва мушкилоти мавҷуда маълумот дода, оид ба зарурати таҳияи нақшаи мушаххаси мониторинг ва арзёбӣ пешниҳодҳо манзур намуд.

 

Сипас ҳасоботи Бахтовар Файзуллозода – сардори раёсати сохтмони асосӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид. Зикр шуд, ки дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон як қатор муассисаҳои нав бунёд ва таҷдид гардида, таъмин бо таҷҳизоти зарурӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.

 

Ҳамзамон, Ҳасан Ҳайдаров – мудири шуъбаи кадрии Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ оид ба Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маълумот дода, аз раванди таҳия ва татбиқи платформаҳои рақамӣ, рушди тахассуси омӯзгорони соҳа ва ташкили шабакаҳои рақамии омӯзишӣ ёдовар гардид.

 

Дар анҷоми ҷаласа таклифу пешниҳодҳои иштирокдорон оид ба такмили самтҳои барномавӣ, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии татбиқи барномаҳо мавриди муҳокима қарор гирифта, тавсияҳои зарурӣ қабул гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРРАСИИ РАВАНДИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ img
  • БАРРАСИИ РАВАНДИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ img
  • БАРРАСИИ РАВАНДИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТИ ИҶТИМОӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ STEM 12 майи соли 2025 дар толори Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои STEM” семинари илмӣ таҳти унвони “Натиҷагирӣ аз таҳқиқоти иҷтимоӣ вобаста ба талабот ва тавоноии волидону хонандагон ба таҳсилоти касбӣ” баргузор гардид.   Семинар бо сухани ифтитоҳии Музаффарзода Бадриддин – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Муовини вазир иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, аз дастгириҳои пайвастаи Бонки Осиёии Рушд дар амалисозии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM)” изҳори сипос намуд. Ӯ зикр кард, ки лоиҳаи мазкур яке аз ташаббусҳои муҳимми Вазорати маориф ва илм дар самти ислоҳоти таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шумор меравад, ки татбиқи он аз моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, то соли 2030 идома меёбад.   Муовини вазир таъкид дошт, ки Вазорати маориф ва илм бо мақсади таҳкими пояҳои таҳсилоти босифат ва мутобиқсозии он ба талаботи бозори меҳнат, татбиқи саривақтӣ ва самаранокӣ лоиҳаи мазкурро яке аз самтҳои афзалиятнок мешуморад. Ҳамкорӣ бо шарикони рушд, бахусус Бонки Осиёии Рушд, дар ин раванд нақши калидӣ дорад. Таҳқиқоти иҷтимоие, ки дар 20 муассисаи ҳадафӣ анҷом ёфтааст, ба мо имкон медиҳад, то таҳаввулоти воқеии ниёзҳо ва тавонмандиҳои хонандагону волидонро дар робита ба таҳсилоти касбӣ дарк намуда, нақшаи ояндаро асоснок таҳия намоем. Бовар дорем, ки натиҷаи ин ҳамоиш саҳми арзандае дар рушди соҳаи маориф ва илми кишвар хоҳад дошт”.   Дар кори семинар намояндагони вазорат, ташкилотҳои байналмилалӣ ва омӯзгорони донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки чунин тадқиқот барои муайянсозии воқеии вазъ ва дарёфти роҳҳои татбиқи ислоҳоти муассир дар соҳаи маориф нақши муассир доранд.   Дар интиҳои ҳамоиш, пешниҳодҳо ва тавсияҳои иштирокчиён шунида шуда, барои истифода дар марҳилаҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа сабт гардиданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    19

    12.05.2025
  •  img
    Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия 9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қасри Кремл ташриф оварданд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.   Барои иштирок дар ин чорабинии бошукӯҳ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 29 кишвари ҷаҳон ба Москва ташриф оварданд.   Зимни иштирок дар паради ҳарбӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз кишварҳои ҷаҳон дидору суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.   Баъд аз маросими истиқболи сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои воломақом аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён иштирок карданд.   Дар паради бошукӯҳи ҳарбии майдони Сурхи шаҳри Москва як ротаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.   Иштироку қадамзании боматонати низомиёни шуҷои тоҷик ба поси хотири беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон ба майдонҳои набард, ки 55 нафари онҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардида буданд ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо меҳнату машаққати холисонаи худ дар ақибгоҳ дар таъмини Ғалабаи бузург дар он ҷанги пурдаҳшат саҳми намоён гузоштаанд, сурат гирифт.   Пас аз анҷоми паради ҳарбӣ, дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ба гиромидоштӣ хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштанд.   Иштироки сарони давлатҳо дар тантанаи Ғалабаи бузург дар шаҳри Маскав бо аксгирии якҷояи хотиравии онҳо ба поён расид.

    20

    09.05.2025
  •  img
    ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ИДОРАКУНӢ: ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ТАТБИҚИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ (EMIS) ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХУҶАНД 8 майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия – Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида ба номи А.П. Чехов» дар шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ оид ба марҳилаи татбиқи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф (НИИМ) баргузор гардид.   Чорабинӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони соҳа барои шахсони масъули татбиқи система ташкил ва баргузор карда шуд.   Мақсади асосии семинар шинос намудани иштирокчиён бо моҳият, самтҳои истифода ва аҳамияти татбиқи EMIS ҳамчун як воситаи муосир барои такмили низоми идоракунии муассисаҳои таълимӣ буд.   Иштирокчиён бо имкониятҳои калидии система, аз ҷумла таҳияи ҳисоботҳои таҳлилӣ, назорати дохилимактабӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳисобгирии ҳозирии хонандагон шинос шуданд.   Дар ҷараёни семинар инчунин масоили муҳимми марбут ба таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва роҳҳои пешгирии дастрасии ғайриқонунӣ ба иттилооти махфӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мутахассисон таҷриба ва тавсияҳои амалӣ оид ба таҳкими амнияти рақамӣ ва истифодаи самараноки система пешниҳод намуданд.   Дар анҷоми чорабинӣ, иштирокчиён дар фазои озоду созанда таҷриба ва андешаҳои худро мубодила карда, роҳҳои боз ҳам беҳтар ва муассиртар намудани ҷараёни татбиқи EMIS-ро дар муассиса мавриди муҳокима қарор доданд.   Маркази Ҷумҳуриявии Технологияи Информатсионӣ

    159

    08.05.2025