Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда ...
БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ЗАБОНҲОИ РУСИЮ АНГЛИСӢ ВА МУШОВИРОНИ РАЁСАТУ ШУЪБАҲОИ МАОРИФ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ШУРУЪ ГАРДИД 20-уми декабри соли равон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ оид ба кабинетҳои лингафонӣ барои омӯзгорони фанҳои забонҳои русию англисӣ ва мушовирони сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маориф баргузор гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он муовини якуми вазири маориф ...
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба истифода доданд. Бинои нави таълимӣ дар доираи нақшаи ...
ҶАЛАСАИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ҷаласаи Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид, ки дар он директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Ҷаласаро Л.Абдулхолиқзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро ...
Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст ва Шаҳло Сайдалиева барандаи “Шоҳҷоиза” гардид 17-уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ...