Устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Беҳтарин муҳаққиқ»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023 шуд ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Аълохон Бобозода байни таҳқиқотчиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори ҷоизаи «Беҳтарин муҳаққиқ – 2023» гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ хабар ...
БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №7-И НОҲИЯИ ЛАХШ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД Дар ноҳияи Лахш бинои иловагии мауассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 барои 288 нафар хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд. Бинои иловагии муассиса аз 7 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла 1 синфхонаи компютерӣ, 6 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон иборат буда, синфхонаҳо бо таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида ...
КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ №14 БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА Имрӯз, 4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Кӯлобро ифтитоҳ намуданд. Бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст, ...
НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ИФТИТОҲИ МАКТАБИ №22 БАРОИ 480 ҶОЙИ НИШАСТ Имрӯз, 4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22, ки дар ҷамоати деҳоти Танобчӣ, деҳаи навбунёди Танобчии болои ноҳияи Темурмалик ҷойгир аст, ифтитоҳ намуданд. Бояд зикр намуд, ки тибқи нақша - ...
Магистранти Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалии адабӣ дар Қазоқистон соҳиби Шоҳҷоиза ва медали тилло шуд ДУШАНБЕ, 04.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедҷон Амонӣ дар олимпиадаи байналмилалии адабӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, иштирок намуда, барандаи Шоҳҷоизаи мусобиқа ва медали тиллоии он гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, дар олимпиадаи байналмилалии адабӣ ...