ҲАМАДОНӢ : ТАЪИНОТИ КАДРӢ ВА ТАҲЛИЛУ ВАЗИФАГУЗОРӢ Дар ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро бо кормандони соҳаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ анҷом дод. Дар вохӯрии мазкур сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи номбурда низ иштирок доштанд. Саидзода Раҳим Ҳамро зимни баромад дар бораи вазъи фаъолияти ...
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ДАР МУҲИТИ ОИЛАИ СОЛИМ БА ВОЯ РАСИДАНИ КӮДАК” ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН 1 июни соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) конфренсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Дар муҳити оилаи солим ба воя расидани кӯдак” баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, судяи ...
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 31 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия ...
ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ҚАДРДОНӢ ШУДАНД 29 майи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм маросими қадрдонии ғолибони даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои ...
ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД 29 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири мориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд Шин Лонг баргузор гардид. Зимни сухани ифтитоҳӣ Зиёдулло Абдулзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, иброз намуд, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо, ...