Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар Муҳтарам олимону донишмандон! Ҳозирини гиромӣ! Аз вохӯрии мо бо аҳли зиёи кишвар чор сол сипарӣ гардид. Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои ...
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа медонад» Имрӯз дар мулоқот бо аҳли илми мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа медонад. Зимни суханронӣ Сарвари давлат натиҷаҳои кори олимонро дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ ...
Эмомалӣ Раҳмон: «Сифати таҳсил асосан ба сатҳу сифати китоби дарсӣ, маводи таълимӣ ва маҳорати педагогии омӯзгор вобаста мебошад» «Сифати таҳсил асосан ба сатҳу сифати китоби дарсӣ, маводи таълимӣ ва маҳорати педагогии омӯзгор вобаста мебошад, ки ин масъалаҳо ҳанӯз ҳам беҳбудии ҷиддӣ мехоҳанд», - чунин изҳор доштанд имрӯз зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ба гуфтаи ...
ҒОЛИБИЯТИ НАВРАСОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АЛ-ХОРАЗМӢ Аз 27 то 30 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2-юмин Олимпиадаи байналмилалии Ал-Хоразмӣ аз фанни математика миёни наврасон бо фарогирии зиёда 140 иштирокчӣ аз 6 давлати ИДМ бо ҳам сабқати илмӣ намуданд. Дар ин Олимпиадаи сатҳи баланд мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 12 нафар наврас аз муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ ...
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МОҲИ МАЙ 29-уми майи соли ҷорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ...