«ҶОН ШАВУ АЗ РОҲИ ҶОН ҶОНРО ШИНОС». Тоҷикистон 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро дар қароргоҳи ЮНЕСКО таҷлил менамояд Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 5 то 8 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ, конфронси байналмилалии илмӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷаҳонро бо андешаҳову афкори созандаи худ тасхир кардааст. Имрӯз ҳам бо гузашти ...
«МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ВА САҲМИ Ӯ ДАР ГУСТАРИШИ ФАРҲАНГИ ҶАҲОН» Таҳти чунин унвон бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид Имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва саҳми ӯ дар густариши фарҳанги ҷаҳонӣ» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни ифтитоҳи конференсия иброз намуд, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷаҳонро ...
Ҷамъбасти курси кутоҳмуддат оид ба омода намудани тренерони сатҳи байналмилалӣ дар Донишкада Курси кӯтоҳмуддати 12 рӯза, ки бо дастгирии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро, барои тайёр намудани тренерони сатҳи байналмилалӣ барои 50 нафар кормандону омӯзгорони Донишкада ва филиалҳо оғоз гардида буд, имрӯз бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Мақсади курс ин пеш ҳама омода намудани омӯзгорони баландихтисоси дар сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ ...
БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ ИДОРАВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ 7-уми июни соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ҷаласаи хониши идоравии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа сардорони раёсат, шуъба, бахш ва дигар кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд. Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм оғоз намуда, ҳозиринро ...
Намоиши ҷашнии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО ифтитоҳ гардид 5 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат. Зимни ифтитоҳи намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон Матлубахон Сатториён ва муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои фарҳанг ...