Замимаи 3

бо фармоиши вазири маориф

ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «03»  01   соли 2025, №23

тасдиқ карда шудааст

 

Дастурамали

мансабии муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки

Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Муқаррароти умумӣ

1.                 Номи мансаб – муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2.                 Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи дуюм мансуб аст.

3.                 Муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - муовини сардори раёсат) аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - вазири маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

4.                 Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- сардори раёсат) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

5.                 Ба муовини сардори раёсат сармутахассисон ва мутахассисони пешбар ва мутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак тобеъ ва ҳисобдиҳанда мебошанд.

6.                 Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сардори раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба муовини сардори раёсат ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани муовини сардори раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба сармутахассиси раёсат вогузор карда мешавад.

7.                 Муовини сардори раёсат оид ба фаъолияти семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солонаи худ, фаъолияти раёсат ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.

8.                 Муовини сардори раёсат бо роҳбарон ва кормандони дахлдори воҳидҳои сохтории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Вазорат) сохторҳои ҳудудии он, вазорату кумитаҳои дахлдор, сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар доираи уҳдарориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

2. Талаботи тахассусӣ

9.                 Барои ишғолкунандаи мансаби муовини сардори раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини сардори раёсатро ба танзим медароранд;

-донистани  таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

-дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, илм ва хизмати давлатӣ.

 

3. Уҳдадориҳои мансабии муовини сардори раёсат

10.            Муовини сардори раёсат дорои уҳдадориҳои зерини мансабӣ мебошад:

-                иҷрои саривақтии супоришҳои сардори раёсатро таъмин менамояд;

-                интизоми меҳнатро дар раёсат назорат менамояд;

-                ҷадвали рухсатии меҳнатии коркунони раёсатро тартиб дода, назорати онро таъмин менамояд;

-                ҷиҳати таҳияи нақшаи раёсат ва нақшаи кори нимсолаи (солонаи) худ ба сардори раёсат таклиф пешниҳод менамояд;

-                дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақом, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дода, бо онҳо ҳамкорӣ менамояд;

-                аз рафти иҷрои қонунҳо, барномаҳо, стратегияҳо, консепсияҳо, нақшаи миллии амалҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобастабуда тибқи муҳлати муайяншуда маълумотнома ё ҳисобот омода менамояд;

-                лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод карда шудаанд, мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи вазоратро омода менамояд;

-                лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории вазоратро мустақилона, ё дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсатро омода менамояд;

-                лоиҳаи тавсияҳои методӣ оид ба татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия менамояд;

-                 дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд;

-                дар санҷиши фаъолияти воҳидҳои сохтории Вазорат ва сохторҳои ҳудудии он оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа иштирок мекунад ва аз натиҷаи санҷиш ҳисобот пешниҳод менамояд;

-                бо супориши роҳбарият тибқи нақшаи корӣ ба сарраёсат, раёсат, шуъбаву бахши маориф ва муассисаҳои таълимӣ ба сафари хизматӣ баромада, аз натиҷаи он гузориш пешниҳод менамояд;

-                муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд;

-                оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа, солонаи раёсат, инчунин, дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян гардида буданд, ҳисобот таҳия намуда, ба роҳбари воҳиди сохторӣ, роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод менамояд;

-                бо супориши роҳбари воҳиди сохторӣ ё роҳбари мақоми давлатӣ дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кории мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ иштирок намуда, ба роҳбари воҳиди сохторӣ гузориш ё ҳисобот пешниҳод менамояд;

-                фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомоти дахлдор ба роҳ мемонад;

-                ба воҳидҳои сохтории Вазорат ва сохторҳои ҳудудии он оид ба шарҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи Вазорат, ки ба фаъолияти раёсат дахл дорад, кумаки методӣ мерасонад;

-                дигар супоришҳои сардори раёсатро иҷро менамояд.

 

4. Ҳуқуқҳои муовини сардори раёсат

11.            Муовини сардори раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

- аз воҳидҳои сохтории Вазорат ва сохторҳои ҳудудии дахлдори он маълумот ва маводи барои иҷрои босифат ва саривақтии уҳдадориҳои мансабӣ зарурро бо тартиби муқарраргардида гирад;

- аз махзани маълумоти дар ихтиёри воҳидҳои сохтории Вазорат ва сохторҳои ҳудудии он қарордошта истифода намояд;

- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

- ба роҳбари воҳиди сохторӣ ва ё роҳбари мақоми давлатӣ дар доираи уҳдадориҳои мансабӣ ва функсияҳои воҳиди сохторӣ оид ба мукаммал намудани самти кор таклиф пешниҳод намояд;

- маводи дар ихтиёри Вазорат қарордоштаро омӯзад;

- дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдошта, таклиф пешниҳод намояд;

- дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳое, ки ба фаъолияти раёсат дахл доранд, иштирок намояд;

- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад;

- ба дастурҳое, ки ба кормандони раёсат медиҳад, инчунин дар давраи муваққатан ҳозир набудани сардори раёсат дар ҳуҷҷатҳо, санадҳо, лоиҳаи фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки барои имзо ба роҳбарияти Вазорат пешниҳод карда мешаванд, ҳуқуқи имзо карданро доро мебошад;

- барои гирифтани рутбаҳои тахассусӣ, мукофотҳои соҳавию давлатӣ ва дигар имтиёзҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда пешниҳод мешавад;

- кафолатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии худро ҳифз менамояд;

- муовини сардори раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

5. Масъулияти муовини сардори раёсат

12.            Муовини сардори раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- пешниҳод кардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;

- мавҷуд набудани мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» барои таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;

- риоя кардани маҳдудиятҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» муқаррар намудаанд;

- ошкор накардани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- риоя кардани меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ;

- риоя кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

- риоя кардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- ба таври дуруст пешниҳод кардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амволи хизматчии давлатии маъмурӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

         - муовини сардори раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

6. Муқаррароти хотимавӣ

13.   Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ба муовини сардори раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.

14.   Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё вазорат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии муовини сардори раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Замимаи 2

бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «21» 01 соли 2025, №74 тасдиқ шудааст

 

Дастурамали

мансабии сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷрои

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии тоҷикистон

 

1.     Муқаррароти умумӣ

1. Номи мансаб - сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷрои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи сеюм мансуб аст.

3. Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷрои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сардори шуъба) аз тарафи вазири маориф ва илм мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

5. Ба сардори шуъба сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассиси шуъба тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.

6. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сардори шуъба иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба сармутахассиси шуъба вогузор карда мешавад.

7. Сардори шуъба оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи худ ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.

8. Сардори шуъба бо роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории  дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои зертобеи он, дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

2.     Талаботи тахассусӣ

9. Барои ишғолкунандаи мансаби сардори шуъба талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олии касбӣ, тахассуси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаро ба танзим медароранд;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ.

10. Сардори шуъба бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

- дорои донишу малака барои амалинамоии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм бошад.

 

3. Уҳдадориҳои мансабии сардори шуъба

11. Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти кормандони шуъбаро анҷом диҳад.

12. Интизоми иҷроия ва меҳнатро дар шуъба назорат менамояд.

13. Маводи воридотиро ба кормандони шуъба барои иҷро месупорад ва рафти иҷрои онҳоро ташкил ва назорат намояд.

14. Ба кормандони шуъба дар доираи ваколатҳои шуъба супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат намояд.

15. Нақшаҳои кории нимсолаи (солонаи) шуъбаро якҷоя бо кормандони шуъба таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои онро ташкил, назорат ва таъмин намояд.

16. Ҳисоботҳои фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи шуъбаро ҷамъбаст намояд.

17. Нақшаи чорабиниҳои шуъбаро ҷиҳати амалӣ намудани санадҳои қонунгузорӣ дар самти дахлдор тибқи талаботҳо таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

18. Бақайдгирии ҳуҷҷатҳоро дар дафтарҳои бақайгирии ҳуҷҷатҳои воридотии №№4, 7, 8, 9, 10 ва дафтарҳои бақайдгирии ҳуҷҷатҳои содиротии №№1, 21, 22, 23, 24, 25 иҷро намояд.

19. Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро ташкил, назорат ва таъмин намояд.

20. Рафти иҷрои қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм,  қарорҳои ҷаласаҳои назоратии назди вазири маориф ва илмро дар мувофиқа бо мушовирони вазир назорат намояд.

21. Ба кормандони шуъба дар доираи уҳдадориҳои мансабиашон супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат намояд.

22. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро таҳия намояд.

23. Ба вазири маориф ва илм оид ба андешидани чораҳои интизомӣ нисбати масъули иҷро ҳангоми вайрон намудани интизоми иҷро ё дағалона дар муҳлати нишондодашуда иҷро накардани супориши ҳукуматӣ гузориш пешниҳод намояд.

24. Аз назорат баровардани маводҳои ҳукуматӣ ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илм ворид гардидаанд, иҷро менамояд ва аз натиҷаи баррасии  онҳо ба вазири маориф ва илм ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот мешниҳод намояд.

25. Қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро аз ҷониби вазири маориф ва илм назорат намуда, ҳар моҳ аз натиҷаи қабул ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол намояд.

26. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ҷавоб омода намояд.

27. Дар ҳолати ошкор гардидани амалҳои коррупсионӣ дар доираи ваколати худ ба вазири маориф ва илм, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад ва бо онҳо ҳамкорӣ намояд.

28. Дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок намояд.

29. Фаъолияти ҳамоҳангсозиро оид ба фаъолияти коргузорӣ бо мақомоти дахлдор ба роҳ монад.

30. Лоиҳаи дастурамали мансабии кормандони шуъбаро таҳия ва мувофиқа намуда, барои тасдиқ ба вазири маориф ва илм пешниҳод намояд.

31. Рафти иҷрои маводҳои назоратӣ ва дастуру супоришҳои вазири маориф ва илмро вобаста ба интизоми иҷро дар тамоми воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм  таъмин ва назорат намояд.

32. Бо супориши вазир, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кории мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ иштирок намуда, аз натиҷааш гузориш пешниҳод намояд.

33. Дигар уҳдадориҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои онҳоро манъ накардааст.

 

4.Ҳуқуқҳои сардори шуъба

34.Сардори шуъба ҳуқуқҳои зеринро дорад:

-аз воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои зертобеи он маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида талаб намояд;

- аз махзани маълумоти дар ихтиёри воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои зертобеи он қарордошта истифода намояд;

-дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

-ба вазири маориф ва илм дар доираи уҳдадориҳои мансабӣ ва вазифаҳои шуъба ба мукаммал намудани самти кор таклиф пешниҳод намояд;

-маводи дар ихтиёри шуъба қарордоштаро омӯзад;

-барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти шуъба оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таклиф пешниҳод намояд;

-дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;

-дар гузаронидани ҷаласа, машварат ва дигар чорабиниҳо, ки  ба фаъолияти шуъба дахл доранд, иштирок намояд;

- пешниҳод намудани ҳисоботи семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона оид ба фаъолияти шуъба;

35.Сардори шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро онро манъ накардааст.

 

5. Масъулияти сардори шуъба

36. Сардори шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, дар мансаб будан, тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

- барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобаста кардашуда;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ.

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амволӣ хизматчии давлатии маъмури дар муҳлатҳои муқарраргардида;        

- дигар масъулиятҳое, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

37. Сардори шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

6.Муқаррароти хотимавӣ

38. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ба сардори шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.

39. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳӣ, таҷдиди сохтор ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии сардори шуъба мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

 

Замимаи 4

бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «15»  01 соли 2025, №60 тасдиқ шудааст

 

Дастурамали

мансабии сармутахассиси 2-и раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Муқаррароти умумӣ

1. Номи мансаб - сармутахассиси 2-и раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷум мансуб аст.

3. Сармутахассиси 2-и раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - сармутахассиси 2-и раёсат) аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - вазири маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - сардори раёсат) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси 1-и раёсат, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба сармутахассиси 2-и раёсат ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси 2-и раёсат, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба сармутахассиси 1-и раёсат вогузор карда мешавад.

6. Сармутахассиси 2-и раёсат оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи худ ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.

7. Сармутахассиси 2-и раёсат бо роҳбарон ва кормандони дахлдори воҳидҳои сохтории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат), сохторҳои ҳудудии он ва вазорату кумитаҳо дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

2.Талаботи тахассусӣ

8. Барои ишғолкунандаи мансаби сармутахассиси 2-и раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии касбии муносибатҳои байналмилалӣ ё гуманитарӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси 2-и раёсатро ба танзим медароранд;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

9. Сармутахассиси 2-и раёсат бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, илм ва муносибатҳои байналмилалӣ бошад.

 

3. Уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси 2-и раёсат

10.Татбиқи амалии қарорҳои ҷаласаи мушовара, маҷлиси назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармонҳои Вазорат, ки ба таҳсилоти байналмилалӣ марбутанд.

11.Таҳияи лоиҳаи ҳисобот, нақшаи кории ҳамкориҳои байналмилалӣ, маълумотнома, мактуб ва ҳуҷҷатҳои марбут ба соҳа ва пешниҳоди онҳо ба роҳбарияти раёсат ва Вазорат.

12.Ҳисобот, нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти байналмилалӣ, маълумотнома, мактуб ва ҳуҷҷатҳои дигарро ҷиҳати пешниҳод ба роҳбарияти раёсат омода ва таҳия менамояд.

13.Иҷрои бандҳои «Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ»-ро дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”таъмин менамояд.

14.Таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар, ки тариқи бурсияҳо  таҳсил менамоянд, дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” назорат менамояд.

15.Ба роҳ мондани ҳамкорҳо бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва муассисаҳои ҷумҳурӣ дар бахши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм.

16.Пешниҳоди саривақтии маълумот ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ барои ҳисоботи раёсат.

17.Иҷрои супоришҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани  форум,

конфронс, симпозиум ва семинарҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дошта дар соҳаи маориф ва илм.

18.Иҷро ва назорати саривақтии мактубҳои ба раёсат воридгардида

ва супоришҳои роҳбарияти раёсат ва вазорат.

19.Мусоидат дар тасдиқ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, унвон ва дараҷаҳои илмӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ дода шудаанд.

20. Фаъолияти тарҷумонӣ дар  соҳаи маориф ва илм.

        21. Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақом, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад ва  бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.

22. Дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд.

23. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.

24. Бо супориши сардори раёсат дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кории мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ иштирок намуда, ба роҳбари воҳиди сохторӣ гузориш/ҳисобот пешниҳод менамояд.

 

4. Ҳуқуқҳои  сармутахассиси 2-и раёсат

25. Сармутахассиси 1-и раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок намояд;

- аз воҳидҳои сохтории Вазорат ва сохторҳои ҳудудии дахлдори он маълумот ва маводҳои барои иҷрои босифат ва саривақтии уҳдадориҳои мансабӣ зарурро бо тартиби муқарраргардида гирад;

- аз махзани маълумоти дар ихтиёри воҳидҳои сохтории Вазорат ва сохторҳои ҳудудии он қарордошта истифода намояд;

- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

- ба роҳбари воҳиди сохторӣ ва ё роҳбари мақоми давлатӣ дар доираи уҳдадориҳои мансабӣ ва функсияҳои воҳиди сохторӣ оид ба мукаммал намудани самти кор таклиф пешниҳод намояд;

- маводи дар ихтиёри Вазорат қарордоштаро омӯзад;

- дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;

- дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки  ба фаъолияти раёсат дахл доранд, иштирок намояд;

- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.

26. Барои гирифтани рутбаҳои тахассусӣ, мукофотҳои соҳавию давлатӣ ва дигар имтиёзҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда пешниҳод мешавад.

27. Кафолатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии худро ҳифз менамояд.

28. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда бо мақомоти давлатии идораи маорифи кишварҳои хориҷӣ, муассисаҳои таълимии берун аз ҷумҳурӣ воқеъ буда ҳамкорӣ мекунад.

29. Дар ҳамкорӣ бо ҷузъҳои таркибии дастгоҳи марказии Вазорат, муассисаҳои тобеи он, донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ новобаста аз тобеияташон, шӯъбаву идораҳои маориф, вазоратҳо ва дигар  муассисаҳои давлатии ҷумҳурӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ маълумот ва маводи зарурӣ ҷамъ меоварад.

30. Барои татбиқи созишномаҳо, тафоҳумномаҳо ва протоколҳои ба имзорасида дар ҳамкорӣ бо ҷузъҳои таркибии дастгоҳи марказии Вазорат ва муассисаҳои тобеи он нақшаи чорабиниҳо мураттаб месозад.

31. Сармутахассиси 2-и раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

5. Масъулияти сармутахассиси 2-и раёсат

32. Сармутахассиси раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, дар мансаб будан, тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;

         - барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

- барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои пешниҳод накардан ва/ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобаста кардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

33. Сармутахассиси 2-и раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

6. Муқаррароти хотимавӣ

34. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда,  нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба сармутахассиси 2-и раёсати муносибатҳои байналмилалӣ бо гирифтани имзо, сабти  ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида  мешавад.

35. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқи хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Вазорат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии сармутахассиси 2-и раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Замимаи 4 

бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз « 03  » 01 соли 2025,  №21 тасдиқ карда шудааст

 

Дастурамали мансабии  сармутахассиси 1 раёсати таҳсилоти томактабии

 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1.                 Муқаррароти умумӣ

1. Номи мансаб - сармутахассиси 1  раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷум мансуб аст.

3. Сармутахассиси 1  раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд сармутахассиси раёсат) аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд вазири маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад.

4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сардори раёсат) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси 1-уми раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабиаш ба сармутахассиси 2 -юми раёсат вогузор карда мешавад.

6. Сармутахассиси 1 раёсат бо кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, дигар мақомоти давлатӣ, раёсату шуъбаҳои маориф, дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи шартномаи муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

2. Талаботи тахассусӣ

7. Барои мансаби сармутахассиси 1  раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ ё таҳсилоти томактабӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси 1 раёсатро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

8. Сармутахассиси 1  раёсат бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф бошад.

 

3. Уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси 1  раёсат

9. Дар давраи муваққатан набудани муовини сардор, уҳдадориҳои мансабии ӯро иҷро менамояд.

10. Корҳои омориро вобаста ба кураторӣ дар муассисаҳои томактабӣ омода ва назорат мекунад.

11. Ҷиҳати таҳияи нақшаи Вазорат, раёсат ва нақшаи кори нимсолаи (солонаи) худ ба сардори раёсат таклиф пешниҳод менамояд.

12. Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақом, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дода, бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.

13. Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод карда шудаанд, мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсату шуъбаҳо баррасӣ намуда, хулосаи Вазоратро омода менамояд.

14. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории Вазоратро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсатро омода менамояд.

15. Дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд.

16. Дар санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа иштирок мекунад.

17. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамояд.

18.Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомоти дахлдор ба роҳ мемонад.

19. Оид ба фаъолияти се моҳа, нимсола, нуҳмоҳа, солона, аз ҷумла дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои вазифавие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян гардида буданд, ҳисобот таҳия намуда, ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.

20. Маълумотнома ва лоиҳаи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои назоратии назди вазири маориф ва илмро доир ба масъалаҳои соҳа пешниҳод менамояд.

22. Бо супориши роҳбари воҳиди сохторӣ ё роҳбари мақоми давлатӣ дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кории мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ иштирок менамояд.

25. Ба ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо таҳти роҳбарии методии комиссияи ташхисии раёсат мусоидат менамояд;

26. Масъули назорат ва фаъолияти низоми таҳсилоти томактабӣ дар вилояти Хатлон мебошад.

27. Масъули назорат ва фаъолияти муассисаҳои томактабии давлатии ҷумҳурӣ мебошад.

28. Масъули назорат ва иҷрои “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” мебошад.

 

4. Ҳуқуқҳои сармутахассиси 1 раёсат

27. Сармутахассиси 1-уми раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

- аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводди барои иҷрои босифат ва саривақтии уҳдадориҳои мансабӣ зарурро бо тартиби муқарраргардида гирад;

- аз махзани маълумоти дар ихтиёри Вазорат ва раёсат қарордошта истифода намояд;

- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

- ба роҳбари воҳиди сохторӣ ва ё роҳбари мақоми давлатӣ дар доираи уҳдадориҳои мансабӣ ва функсияҳои воҳиди сохторӣ оид ба мукаммал намудани самти кор таклиф пешниҳод намояд;

- маводди дар ихтиёри Вазорат қарордоштаро омӯзад;

- дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;

- дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти раёсат дахл доранд, иштирок намояд.

28. Дар ҳисоботи семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи худ, санадҳои санҷишӣ (гузоришҳо) оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти муассисаҳои сохтории Вазорат ва сохторҳои ҳудудии он, пешниҳодҳо ва хулосаҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдошта, гузоришҳо ҷиҳати таҳкими фаъолияти Вазорат ва раёсат ба унвони сардори раёсат салоҳияти имзо карданро доро мебошад.

29. Барои гирифтани рутбаҳои тахассусӣ, мукофотҳои соҳавию давлатӣ ва дигар имтиёзҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда пешниҳод мешавад.

30. Кафолатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии худро ҳифз менамояд.

31. Сармутахассиси 1 раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

5. Масъулияти сармутахассиси 1 раёсат

32. Сармутахассиси 1-уми раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- пешниҳод кардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба мансаби мазкур, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;

- риоя кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

- риоя кардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

33. Сармутахассиси 1 раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти давлатӣ барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

6. Муқаррароти хотимавӣ

34. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи раёсати мазкур ба сармутахассиси 1-уми раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.

35. Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Вазорат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии сармутахассиси 1-уми раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.


 

Замимаи 8

бо фармоиши вазири маориф

ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  

аз  «05»  12 соли 2024, №1408

тасдиқ шудааст

 

Дастурамали

мансабии мутахассиси пешбари 2-и раёсати кадрҳо ва корҳои

махсуси Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1.Муқаррароти умумӣ

 

1. Номи мансаб - мутахассиси пешбари 2-и раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон.    

2.Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои  категорияи шашум  мансуб аст. 

3.Мутахассиси пешбари  2-и раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  (минбаъд- мутахассиси пешбари 2-и раёсат) аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- вазири маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.   

 4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардор ва  муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  (минбаъд – сардор ва муовини сардори раёсат) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари 2-и раёсат  уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси пешбари 1-и раёсат ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари 1-и раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии  ӯ ба  мутахассиси пешбари 2-и раёсат вогузор карда мешавад.

6.Мутахассиси пешбари 2-и раёсат оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи худ ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ба сардор ва  муовини сардори раёсат ҳисобот пешниҳод менамояд.

7.Мутахассиси пешбари 2-и раёсат бо роҳбарон ва кормандони дахлдори воҳидҳои сохтории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -Вазорат), сохторҳои ҳудудии он дар доираи ухдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби мукарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

2.Талаботи тахассусӣ

8.Барои ишғолкунандаи мансаби мутахассиси пешбари 2-и раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ ё ҳуқуқшиносӣ;

-1 сол  собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин  санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии  мазкурро ба танзим медароранд;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як   

забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ.

9.Мутахассиси пешбари 2-и раёсат бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

-дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф бошад.

3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари 2-и раёсат

10.Бо супориши сардор ва муовини сардори раёсат интизоми меҳнатро дар Вазорат назорат намуда, аз натиҷааш гузориш пешниҳод менамояд.

11.Дар санҷишҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба иҷрои қарору фармоишоти мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок  мекунад ва аз натиҷаи санҷиш ҳисобот пешниҳод   менамояд.

12.Дар таҳияи нақшаи кори  раёсат иштирок карда, нақшаи кори худро омода ва   пешниҳод  менамояд.

13.Оид ба гардиши ҳуҷҷатҳои воридгардида  ва натиҷаи баррасии онҳо ба сардор ва муовини сардори раёсат ахбороти ҳарҳафтаина ва моҳона пешниҳод менамояд.

14. Ба мактубу дархостҳои воридгардида оид ба тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи давлати дар бораи таҳсилот маълумот ирсол менамояд.

15.Дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд.

16.Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод карда шудаанд, мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи дахлдорро омода менамояд.

17.Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории Вазоратро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи дахлдорро омода менамояд.

18.Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа, солона, аз ҷумла дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои  уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботи муайян гардида буданд, ҳисобот таҳия намуда, ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.

19.Дар мувофиқа бо муовини сардори раёсат:

-масъули пешниҳоди саривақтии  эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амволи хизматчиёни давлатии маъмурии Вазорат буда, аз рафти иҷроиши он ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот омода менамояд;

-табели қайди фаъолияти кормандони раёсатро таҳия ва пешниҳод менамояд;

-ҷадвали рухсатиҳои меҳнатии хизматчиёни давлатии Вазоратро таҳия намуда, барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

- тибқи Қоида гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатии Вазоратро таъмин намуда, аз натиҷа ба вазири маориф ва илм ва Агентии хизмати давлатӣ маълумот пешниҳод менамояд;

-ҳолати синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будани хизматчиёни давлатии Вазоратро назорат, таҳлил ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ҷамъбаст намуда, ба вазири маориф ва илм ва Агентии хизмати давлатӣ маълумот пешниҳод менамояд;

-ҷиҳати ба хизматчиёни давлатии Вазорат додани рутбаҳои тахассусие, ки аз ҷониби вазири маориф дода мешаванд, чораҳо меандешад. Мониторинги ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусиро мегузаронад, дар ин хусус ҳар шаш моҳ гузориши таҳлилӣ пешниҳод мекунад, барои додани рутбаҳои тахассусӣ мусоидат менамояд.

 

4.Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари 2-и раёсат

20.Мутахассиси пешбари 2-и раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

-дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок намояд;

- аз воҳидҳои сохтории Вазорат ва сохторҳои ҳудудии дахлдори он маълумот ва маводҳои барои иҷрои босифат ва саривақтии уҳдадориҳои мансабӣ зарурро бо тартиби муқарраргардида гирад;

- аз махзани маълумоти дар ихтиёри воҳидҳои сохтории Вазорат ва сохторҳои ҳудудии он қарордошта истифода намояд;

- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

- ба сардор ва муовини сардори раёсат дар доираи уҳдадориҳои мансабӣ ва функсияҳои раёсат оид ба мукаммал намудани самти кор таклиф пешниҳод намояд;

- маводи дар ихтиёри Вазорат қарордоштаро омӯзад;

- дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;

- дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки  ба фаъолияти раёсат дахл доранд, иштирок намояд;

- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.

21.Барои гирифтани рутбаҳои тахассусӣ, мукофотҳои соҳавию давлатӣ ва дигар имтиёзҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда пешниҳод мешавад.

22. Кафолатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии худро ҳифз менамояд.

23. Мутахассиси пешбари 2-и раёсат дар ҳисоботи семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи худ санадҳои санҷишӣ (гузоришҳо)  оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ, пешниҳод ва хулосаҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдошта, гузоришҳо ҷиҳати таҳкими фаъолияти раёсат ба унвони сардор ва муовини сардори раёсат салоҳияти имзо карданро доро мебошад.

24. Мутахассиси пешбари 2-и раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

5. Масъулияти  мутахассиси  пешбари  2-и  раёсат

25.Мутахассиси пешбари 2-и раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, дар мансаб будан, тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;      

- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                             виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

26.Мутахассиси пешбари 2-и раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

6. Муқаррароти хотимавӣ

27. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда,  нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ  ба мутахассиси пешбари раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.

28.Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Вазорат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.


Замимаи 7

бо фармоиши вазири маориф

ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  

аз  «05»  12 соли 2024, №1407

тасдиқ шудааст

 

Дастурмали

мансабии мутахассиси пешбари 2-и раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1.Муқаррароти умумӣ

 

1.Номи мансаб-мутахассиси пешбари 2-и раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.   

2.Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.

3.Мутахассиси пешбари 2-и раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мутахассиси пешбари 2-и раёсат) аз тарафи вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - вазири маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

4.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардор ва муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - сардор ва муовини сардори раёсат) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

5.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари 1-и раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси пешбари 2-и раёсат ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари 2-и раёсат иҷрои уҳдадориҳои ӯ ба мутахассиси пешбари 1-и раёсат вогузор карда мешавад.

6. Мутахассиси пешбари 2-и раёсат оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи худ ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.

7. Мутахассиси пешбари 2-и раёсат бо роҳбарон ва кормандони дахлдори воҳидҳои сохтории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - вазорат), сохторҳои ҳудудии он дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

2.Талаботи тахассусӣ

 

8.Барои ишғолкунандаи мансаби мутахассиси пешбари 2-и раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад.

- таҳсилоти олии касбӣ;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари 2-и раёсатро ба танзим медароранд;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

9.Мутахассиси пешбари 2-и раёсат бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

-дори донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм бошад.

 

3.Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари 2-и раёсат

10.Мутахассиси пешбари 2-и раёсат дорои чунин уҳдадориҳо мебошад:

-стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз муоина гузаронида, барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

-дар кори комиссияи имтиҳони қабул, шӯроҳои илмӣ ва комиссияи илмӣ-методии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат меварзад;

-ҳуҷҷатҳои воридшударо ба қайд мегирад;

-бо тартиби муқарраргардида лоиҳаи низомномаҳо, дастуруламалҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маорифро таҳия ва пешниҳод менамояд;

-дар гузаронидани семинарҳо ва ҷаласаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ ширкат меварзад;

-дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ стандартҳои давлатии таҳсилотро таҳия менамояд;

-фармоишҳоро оид ба тасдиқи раисони комиссияи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омода месозад;

-фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро назорат менамояд;

-дар ҳолат ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақом, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад ва ба онҳо ҳамкорменамояд;

11.Дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд.

12.Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.

13.Бо супориши сардори раёсат ё роҳбари мақоми давлатӣ дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кори мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ иштирок намуда, ба роҳбари воҳиди сохторӣ гузориш/ҳисобот пешниҳод менамояд.

14.Дигар супоришҳои сардори раёсатро иҷро менамояд.

 

4.Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари 2-и раёсат

15.Мутахассиси пешбари 2-и раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

-дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок намояд;

- аз махзани маълумоти дар ихтиёри воҳидҳои сохтории Вазорат ва сохторҳои ҳудудии он қарордошта истифода намояд;

 - дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

- ба сардор ва муовини сардори раёсат дар доираи уҳдадориҳои мансабӣ ва функсияҳои воҳиди сохторӣ оид ба мукаммал намудани самти кор таклиф пешниҳод намояд;

- маводи дар ихтиёри вазорат қарордоштаро омӯзад;

- дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;

- дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намояд;

-бо тартиби муқарраршуда маводи заруриро вобаста ба масъалаи иҷрои уҳдадориҳои вазифавии худашон аз мақомоти давлатӣ гирад;

-аз ҳисоби маблаҳҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад;

-аз воҳидҳои сохтории вазорат ва сохторҳои ҳудудии дахлдори он маълумот ва маводҳои барои иҷрои босифат ва саривақтии уҳдадориҳои мансабӣ зарурро бо тартиби муқарраргардида гирад;

-дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти раёсат дахл доранд, иштирок намояд.

16. Барои гирифтани рутбаҳои тахассусӣ, мукофотҳои соҳавию давлатӣ ва дигар имтиёзҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда пешниҳод мешавад.

17. Кафолатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии худро ҳифз менамояд.

18.Мутахассиси пешбари 2-и раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

5.Масъулияти мутахассиси пешбари 2-и раёсат

 

19. Мутахассиси пешбари 2-и раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

-барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ дар мансаб будан тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;

- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва дигар санадҳои қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 -барои пешниҳод  накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

-барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

-барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

-барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани  моликияти давлатии вобастакардашуда;

-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

20. Мутахассиси пешбари 2-и раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

6.Муқаррароти хотимавӣ

 

21. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда,  нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мутахассиси пешбари 2-и раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида  мешавад.

22. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё вазорат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари 2-и раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.


 Замимаи 9

бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «17» 01 соли 2025, №67 тасдиқ шудааст

 

Дастурамали

мансабии мутахассиси пешбари 3-и раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Муқаррароти умумӣ

1. Номи мансаб - мутахассиси пешбари 3-и раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.

3. Мутахассиси пешбари 3-и раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд мутахассиси пешбари 3-и раёсат) аз тарафи вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - вазири маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

4.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - сардори раёсат) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

5.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари 3-и раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси пешбари 2-и раёсат ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари 2-и раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси пешбари 3-и раёсат вогузор карда мешавад.

6. Мутахассиси пешбари 3-и раёсат оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола нуҳмоҳа ва солонаи худ ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.

7. Мутахассиси пешбари 3-и раёсат бо роҳбарон ва кормандони дахлдори воҳидҳои сохтории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорат), сохторҳои ҳудудии он дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

2. Талаботи тахассусӣ

8. Барои ишғолкунандаи мансаби мутахассиси пешбари 3-и раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари 2-и раёсатро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилотӣ.

9. Мутахассиси пешбари 3-и раёсат бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

-дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисод, банақшагирӣ маориф ва илм  бошад.

 

3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари 3-и раёсат

 

10. Иҷрои саривақтии супоришҳои сардори раёсатро таъмин менамояд.

11. Назорати иҷрои қарорҳо, фармонҳои мақомоти болоӣ ва Вазоратро, ки дар салоҳияти раёсат мебошад, таъмин менамояд.

12. Назорати рафти иҷрои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва грантҳои дар соҳаи маориф бударо амалӣ менамояд.

13. Ҳисоботҳоро оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва грантҳо, кумакҳои техникӣ ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.

14. Дар таҳия ва омода намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ иштирок карда, бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба гирифтани ёрии башардустона кор мебарад.

15. Дар маниторинги лоиҳаҳои соҳаи маориф, таҳияи консепсияҳо ва барномаҳои соҳа ё дар коркарди ҷузҳои он иштирок намуда, назорати амалии онҳоро таъмин мекунад.

16. Маълумотҳои ҳисоботиро аз рӯйи бахшҳо таҳлил менамояд, дар бораи истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошудаи сармоягузории муассисаҳои таълимӣ маълумот омода мекунад ва оид ба он хулосаҳои зарурии молиявӣ мебарорад.

17. Маҳфум ва мундариҷаи нав (инноватсионӣ)-ро дар соҳаи маориф дарк намуда, барои дар амал ҷорӣ кардани онҳо чораҳои амалӣ меандешад.

18. Дар семинару тренингҳо иштирок намуда, аз натиҷаи он ба роҳбарият таклифҳо пешниҳод менамояд.

19. Дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ корҳои омодагӣ, мусоидат, омӯзиш, таҳлил ва маблағгузориҳои соҳавиро омӯхта, таҳияи лоиҳаҳои мақсадноки соҳаи маорифро назорат ва ҳамоҳанг месозад.

20. Ҷиҳати таҳияи нақшаи Вазорат ва нақшаи кори нимсолаи (солонаи) худ ба сардори раёсат таклиф пешниҳод менамояд.

21. Дар маниторинги лоиҳаҳои сармоягузорӣ соҳаи маориф, таҳияи консепсияҳо ва барномаҳои соҳа ё дар коркарди ҷузҳои он иштирок менамояд.

22. Дархостҳо ва ҳисоботҳои роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузориро қабул намуда, таҳлилҳо гузаронад.

Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳият худ ба роҳбари мақом, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад ва бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.

23. Дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд.

24. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.

25. Бо супориши сардори раёсат дар кори комиссисяҳо, гурӯҳҳои кории мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ иштирок намуда, ба роҳбари воҳиди сохторӣ гузориш ҳисобот пешниҳод менамояд.

26. Дигар супоришҳои сардори раёсатро иҷро менамояд.

 

4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари 3-и раёсат

 

27. Мутахассиси пешбари 3-и раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок намояд;

- аз воҳидҳои сохтории Вазорат ва сохторҳои ҳудудии дахлдори он маълумот ва маводҳои барои иҷрои босифат ва саривақтии уҳдадориҳои мансабӣ зарурро бо тартиби муқарраргардида гирад;

- аз махзани маълумоти дар ихтиёри воҳидҳои сохтории Вазорат ва сохторҳои ҳудудии он қарордошта истифода намояд;

- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

- ба роҳбари воҳиди сохторӣ ва ё роҳбари мақоми давлатӣ дар доираи уҳдадориҳои мансабӣ ва функсияҳои воҳиди сохторӣ оид ба мукаммал намудани самти кор таклиф пешниҳод намояд;

- маводи дар ихтиёри Вазорат қарордоштаро омӯзад;

- дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;

- дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки  ба фаъолияти раёсат дахл доранд, иштирок намояд;

- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.

28. Барои гирифтани рутбаҳои тахассусӣ, мукофотҳои соҳавию давлатӣ ва дигар имтиёзҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда пешниҳод мешавад.

29. Кафолатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии худро ҳифз менамояд.

30. Мутахассиси пешбари 3-и раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

5. Масъулияти мутахассиси пешбари 3-и раёсат

 

31. Мутахассиси пешбари 3-и раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, дар мансаб будан, тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;

         - барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

- барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои пешниҳод накардан ва/ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобаста кардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

32. Мутахассиси пешбари 3-и раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

6. Муқаррароти хотимавӣ

33. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда,  нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мутахассиси пешбари 3-и раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.

34. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Вазорат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари 3-и раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.


Замимаи 6

бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «15» 01 соли 2025, №60 тасдиқ шудааст

 

Дастурамали

мансабии мутахассиси пешбари 2-и раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Муқаррароти умумӣ

 

1. Номи мансаб – мутахассиси пешбари 2-и раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.

3. Мутахассиси пешбари 2-и раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мутахассиси пешбари 2-и раёсат) аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - вазири маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - сардори раёсат) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари 1-и раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси пешбари 2-и раёсат ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари 2-и раёсат, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси пешбари 1-и раёсат вогузор карда мешавад.

6. Мутахассиси пешбари 2-и раёсат оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.

7. Мутахассиси пешбари 2-и раёсат бо роҳбарон ва кормандони дахлдори воҳидҳои сохтории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат), сохторҳои ҳудудии он ва вазорату кумитаҳо дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

2.Талаботи тахассусӣ

8. Барои ишғолкунандаи мансаби мутахассиси пешбари 2-и раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии касбии муносибатҳои байналмилалӣ ё гуманитарӣ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари 2-и раёсатро ба танзим медароранд;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

9. Мутахассиси пешбари 2-и раёсат бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, илм ва муносибатҳои байналмилалӣ бошад.

 

3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари 2-и раёсат

10. Назорати татбиқи амалии ҳамкорӣ бо давлатҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм.

11. Назорати татбиқи иҷрои созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳо дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм.

12. Таҳияи лоиҳаи созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ ва мувофиқаи онҳо бо вазорату идораҳои марбут дар соҳаи маориф ва илм. 

13. Ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба бо сафоратхонаҳо ва

намояндагии кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафоратхонаҳо ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф ва илм.

14. Ташкил ва гузаронидани мулоқотҳои вазир, муовинони вазир,

сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои Вазорат бо намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

15. Мусоидат дар тасдиқ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, унвон ва дараҷаҳои илмӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ дода шудаанд.

 16. Иҷрои супоришҳои роҳбарияти раёсат ва Вазорат ҷиҳати ташкил

ва гузаронидани форум, конфронс, симпозиум ва семинарҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ.

17. Пешниҳоди саривақтии маълумот ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ барои ҳисоботи раёсат. 

18.  Фаъолияти тарҷумонӣ дар  соҳаи маориф ва илм.

20.  Ҳамбастагӣ дар фаъолияти сармутахассиси 2-и раёсат.

19. Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақом, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад ва  бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.

20. Дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд.

21. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.

22. Бо супориши сардори раёсат дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кории мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ иштирок намуда, ба роҳбари воҳиди сохторӣ гузориш/ҳисобот пешниҳод менамояд.

23. Дигар супоришҳои сардори раёсатро иҷро менамояд.

  

4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари 2-и раёсат

26. Мутахассиси пешбари 2-и раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок намояд;

- аз воҳидҳои сохтории Вазорат ва сохторҳои ҳудудии дахлдори он маълумот ва маводҳои барои иҷрои босифат ва саривақтии уҳдадориҳои мансабӣ зарурро бо тартиби муқарраргардида гирад;

- аз махзани маълумоти дар ихтиёри воҳидҳои сохтории Вазорат ва сохторҳои ҳудудии он қарордошта истифода намояд;

- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

- ба роҳбари воҳиди сохторӣ ва ё роҳбари мақоми давлатӣ дар доираи уҳдадориҳои мансабӣ ва функсияҳои воҳиди сохторӣ оид ба мукаммал намудани самти кор таклиф пешниҳод намояд;

- маводи дар ихтиёри Вазорат қарордоштаро омӯзад;

- дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;

- дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки  ба фаъолияти раёсат дахл доранд, иштирок намояд;

- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.

27. Барои гирифтани рутбаҳои тахассусӣ, мукофотҳои соҳавию давлатӣ ва дигар имтиёзҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда пешниҳод мешавад.

28. Кафолатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии худро ҳифз менамояд.

29. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар   доираи   вазифаҳои дар наздаш гузошташуда бо ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, раёсату шуъбаҳои маориф ва илми ҷумҳурӣ ва дастгоҳи Вазорат, муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекунад.

30.  Дар ҳамкорӣ бо ҷузъҳои таркибии дастгоҳи марказии Вазорат, муассисаҳои тобеи он, донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ новобаста аз тобеияташон, шуъбаву идораҳои маориф ва илм, ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ маълумот ва маводи зарурӣ ҷамъ меоварад.

31. Барои татбиқи созишнома, тафоҳумнома ва протоколҳои ба имзорасида дар ҳамкорӣ бо ҷузъҳои таркибии дастгоҳи марказии Вазорат ва муассисаҳои тобеи он нақшаи чорабиниҳо мураттаб месозад.

32. Мутахассиси пешбари 2-и раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

5. Масъулияти мутахассиси пешбари 2-и раёсат

33. Мутахассиси пешбари 2-и раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, дар мансаб будан, тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;

- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

- барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои пешниҳод накардан ва/ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобаста кардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

34. Мутахассиси пешбари 2-и раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

6. Муқаррароти хотимавӣ

35. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда,  нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мутахассиси пешбари 2-и раёсат бо гирифтани имзо, сабти  ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида  мешавад.

36. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқи хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Вазорат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари 2-и раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.