Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон қабули довталабонро ба зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) барои соли таҳсили 2026-2027 ба ихтисосҳои зерин ЭЪЛОН МЕКУНАД:
6D010200 – Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ;
6D010300 – Педагогика ва психология;
6D012000 – Таҳсили касбӣ (аз рӯйи соҳаҳо);
6D012400 – Арзёбии педагогӣ;
6D010100 – Таълим ва тарбияи томактабӣ.
I.Шартҳои қабул ба докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD):
1.Шахсоне, ки дорои дараҷаи академии «магистр» ҳастанд;
2.Шахсони миллаташон тоҷик, ки шаҳрванди давлати хориҷианд, барои гирифтани таҳсилоти баъдидипломӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқанд;
3.Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетобеият, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD), доктори фалсафа таҳсил намоянд.
4.Шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дохил мешаванд, иловатан, аз фанни забони тоҷикӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.
5.Забони таҳсил тоҷикӣ ва русӣ
6.Имтиҳон аз рӯйи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ, ҳамчунин бо салоҳдид дар шакли тестӣ гузаронида мешавад.
7.Барои дохил шудан ба докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи директор;
- нусхаи шиноснома;
- пурсишномаи дохилшаванда ба докторантура;
- нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ
ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ
карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
- сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ,
дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);
- мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
- рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯйи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);
- асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии ба нақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);
- тасдиқномаи тиббӣ шакли 086-У;
- 6 расми андозаи 3х4.
II.Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 01 сентябри соли 2026
Шартҳои қабул ба шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ (чун докторанти анъанавӣ) бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин сурат мегирад:
- ариза ба номи директори муассиса;
- чор дона сурати андозаи 4x6;
- варақаи шахсӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳои муассиса тасдиқ карда шудааст;
- ҳолнома;
- тавсифнома аз ҷойи кори охирин;
- нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ (бо тасдиқи идораи нотариалии давлатӣ);
- нусхаи дипломи номзадӣ (бо тасдиқи идораи нотариалии давлатӣ);
- рӯйхати китоб, дастур ва мақолаҳои чопнамуда;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
Шартҳои қабул ба шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ (чун унвонҷӯй) бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин сурат мегирад:
- ариза ба номи директори муассиса;
- мактуб-тавсияи муассисаи илмӣ ё таълимӣ;
- варақаи шахсӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳои муассиса тасдиқ шудааст;
- ҳолнома;
- тавсифнома аз ҷойи кори охирин;
- нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ (бо тасдиқи идораи нотариалии давлатӣ);
- рӯйхати китоб, дастур ва мақолаҳои чопнамуда;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
13.00.01. – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот;
13.00.02. – Назария ва методҳои омӯзишу парвариш (вобаста ба соҳа ва сатҳи таҳсилот)
Маълумоти иловагиро оид ба тартиби қабул ва таҳсил ба докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD), доктори анъанавӣ ва унвонҷӯ бевосита аз шуъбаи омодасозии кадрҳоии илмӣ ва илмӣ-педагогии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мегиред.
Суроғаи мо: ш.Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов 11/2
Тел.: 227-46-00