Ба диққати ҷавонони лаёқатманд ва соҳибистеъдод расонида мешавад, ки марҳилаи якуми қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” оғоз ёфта, то охири моҳи феврали соли 2027 идома дорад.

 

Барнома барои тамоми зинаҳои таҳсилот - бакалавриат, магистратура, резидентура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ эълон шудааст.

 

Қабули ҳуҷҷатҳо дар Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” анҷом дода мешавад.

 

Номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

 

1. Нусхаи шиносномаи довталаб ва волидайн

 

2. Маълумотнома дар бораи доштани ё надоштани доғи судӣ (ИЦ ВКД)

 

3. Маълумотномаи тиббӣ шакли 038 (086)

 

4. Маълумотномаи наркологӣ

 

5. Маълумотнома оид ба ҳолати равонӣ (аз беморхонаи бемориҳои равонӣ)

 

6. Маълумотнома оид ба ВИЧ/СПИД

 

7. Тавсифнома аз ҷойи таҳсил, кор ё мақомоти дахлдор

 

8. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот (табели баҳо, аттестат ё диплом)

 

9. Расид аз “Амонатбонк” - 120 (яксаду бист) сомонӣ

 

10. Сертификати донистани забони хориҷӣ (IELTS, TOEFL, DUOLINGUO, GOETHE, H&C)

 

11. 1 дона расм, андозаи 3×4 см

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, к. М. Турсунзода, 47.

 

Телефон барои маълумоти бештар: 223-23-59.