Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» иттилоъ медиҳад, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи бурсияҳои байниҳукуматӣ ҷойҳои таҳсил пешниҳод гардидааст.

 

Бурсияҳо барои таҳсил дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура аз рӯйи 45 самти таҳсил пешниҳод шуда, ихтисосҳои гуногунро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, довталабон метавонанд аз рӯйи самтҳои санъат ва фарҳанг (режиссура, ҳунарпешагӣ, хореография, санъати вокалӣ, дирижёрӣ, рассомӣ, дизайн ва иҷрои мусиқӣ), иқтисод ва идоракунӣ (иқтисод, иқтисоди ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, андоз ва андозбандӣ), технологияҳои иттилоотӣ (низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо, муҳандисии нармафзор), сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, инчунин меъморӣ, бозсозӣ ва тармими ёдгориҳои меъморӣ таҳсил намоянд.

 

Қабули ҳуҷҷатҳо ва пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба шартҳои иштирок, ихтисосҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва тартиби қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» анҷом дода мешавад.

 

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47

Телефон: 223-23-59