ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!!! ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ОЛИМОНУ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОЛИ 2025
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2025 тибқи талаботи банди 6-и Низомнома озмун эълон менамояд.
Озмуни мазкур ҷиҳати амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» ва таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, тибқи тартибот ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни истиқлол довталабон сарфароз гардонида мешаванд.
Озмун бо мақсади сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандкунии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа ва такмили методикаи таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос ташкил карда шудааст.
Тибқи талаботи банди 7-и Низомнома, озмун барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамасола дар давраҳои зерин баргузор карда мешавад:
1) барои олимон дар ду давр:
- даври якум - дохилиидоравӣ, моҳи феврал - дар муассисае, ки довталаб дар он ҷо кор мекунад;
- даври дуюм – ҷумҳуриявӣ, моҳи апрел дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) барои омӯзгорон дар се давр:
- даври якум - шаҳрӣ (ноҳиявӣ), моҳи январ дар шаҳр ва ноҳияе, ки довталаб дар он кор мекунад;
- даври дуюм - вилоятӣ (шаҳри Душанбе), минтақавӣ (барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), моҳи феврал дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо, барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- даври сеюм - ҷумҳуриявӣ, моҳи апрел дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад;
Тибқи талаботи банди 4-и Низомнома Ҷоизаи давлатӣ ба олимон барои дастовардҳои зерин дода мешавад:
- натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат менамоянд;
- коркард ва азхудкунии техника, кашфиёту ихтироот, ки тақвиятдиҳандаи рушди иқтисодиёт ва иқтидори мудофиавии мамлакат мебошанд;
- таҳияи китобҳои дарсӣ, нашри мақолаҳои илмию методӣ, маводи таълимӣ-методӣ, омода намудани донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
- иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмиву педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ;
- саҳмгузорӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои илмию техникии ҷумҳурӣ.
Тибқи талаботи банди 5-и Низомнома Ҷоизаи давлатӣ ба омӯзгорон барои дастовардҳои зерин дода мешавад:
- навоварӣ дар таҷрибаи педагогӣ, мақолаҳои илмию методӣ, патент барои ихтироот, дастур ва китобҳои дарсии нашршуда;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, маҳорати асоснок намудани омӯзиши фанни таълимӣ ва методикаи таълим;
- истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, шабакаи ҷаҳонии интернет, проектор, тахтаи электронӣ, омода намудани барномаҳои муаррификунанда (слайд);
- омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
- муаррифии усулҳои ҳавасмандгардонии хонандагон, фарҳанги муошират, сатҳи забондонӣ, ҳамкории омӯзгор бо хонанда, падару модар ва ҳамкорон.
Довталабон метавонанд тибқи тартиботи муқарраргардида (Низомнома) бевосита дар озмуни мазкур иштирок намоянд.
Масъули баргузории озмун дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати илм ва инноватсия мебошад.
Телефон барои тамос бо Кумитаи тадорукоти озмун 227-32-59
Ҳуҷҷатҳои муфид