Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ба рушди тафаккури илмӣ, тақвияти завқи омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ, риёзӣ ва техникӣ, дарёфту дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди қобилияти таҳқиқотию ихтироъкорӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, муҳандисиву техникӣ равона шудааст.
Тибқи натиҷаҳои ҷамъбасти даври сеюм, 700 нафар довталаб ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтаанд. Аз ин шумора 244 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 223 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии типи нав, 184 нафар донишҷӯ ва 49 нафар намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Даври чоруми озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм баргузор гардида, дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
Озмун аз ду қисм иборат буда, қисми аввал тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми дуюм бо иштироки ҳайати ҳакамон баргузор мегардад. Довталабоне, ки дар қисми аввал аз рӯйи саволномаҳои Маркази миллии тестӣ камтар аз 50 дарсади холҳоро ба даст меоранд, ба қисми дуюми озмун роҳ дода намешаванд.
Бо мақсади таъмини шаффофият ва адолат дар баҳогузорӣ, соли равон холгузорӣ дар озмун пурра ба таври рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи холҳои бадастовардаи ҳар як иштирокчӣ фавран пас аз анҷоми иштирок дар қисми дахлдори озмун дар экран нишон дода мешавад. Ин тартиб имкон медиҳад, ки раванди баҳогузорӣ шаффоф ва натиҷаҳо барои иштирокдорон дастрас бошанд.
Ҳамчунин, маълумоти марбут ба озмун, аз ҷумла ҷадвали баргузорӣ, эълонҳо ва натиҷаи холҳои иштирокдорон тавассути сомонаи расмии озмун - www.ifm.tj дастрас мебошад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани даври чоруми озмун чораҳои зарурии ташкилӣ ва амалӣ меандешад.
Аз ҳамаи довталабони ба даври чоруми озмун роҳёфта даъват карда мешавад, ки бо омодагии ҳамаҷониба, масъулияти баланд ва риояи талаботи озмун дар ин марҳалаи муҳим иштирок намоянд.
Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» имконияти арзишманд барои муаррифии дониш, истеъдод ва қобилияти илмии иштирокдорон буда, ба ташаккули насли донишманду эҷодкор ва рушди неруи зеҳнии кишвар мусоидат менамояд.