Замима ба фармоиши вазири маориф

ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «___» ____ соли 2026, №_____

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ 

ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

 

1. Муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак – 1 ҷой (категорияи 2), маоши мансабӣ 4568,20 сомонӣ.

2. Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро – 1 ҷой (категорияи 3), маоши мансабӣ 3650,50 сомонӣ.

3. Сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ  - 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 2780 сомонӣ. 

4.Сармутахассиси раёсати тасилоти томактабӣ  - 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 2780 сомонӣ.

5. Мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 2265,70 сомонӣ.

6. Мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 2265,70 сомонӣ.

7. Мутахассиси пешбари раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм  – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 2265,70 сомонӣ.

8.Мутахассиси пешбари раёсати муносибатҳои байналмилалӣ - 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 2265,70 сомонӣ.

  

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.

 

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; 

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби 

муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак:    

  - таҳсилоти олии касбии ихтисоси ҳуқуқшиносӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; 

-мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини сардори раёсатро ба танзим медароранд;

-донистани  таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

-дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, илм ва хизмати давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби 

сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:    

-таҳсилоти олии касбӣ, тахассуси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; 

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ; 

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаро ба танзим медароранд;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби 

сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:    

- таҳсилоти олии касбии муносибатҳои байналмилалӣ ё гуманитарӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси 2-и раёсатро ба танзим медароранд;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби 

сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ:    

- таҳсилоти олии касбии равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ё таҳсилоти томактабӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси 1 раёсатро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби 

мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус:    

-таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ ё ҳуқуқшиносӣ;

-1 сол  собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин  санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии  мазкурро ба танзим медароранд;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як    

забони хориҷӣ; 

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси 

пешбари раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:

- таҳсилоти олии касбӣ;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари 2-и раёсатро ба танзим медароранд;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари 2-и раёсатро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; 

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

          - малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилотӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби 

мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ:

- таҳсилоти олии касбии муносибатҳои байналмилалӣ ё гуманитарӣ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари 2-и раёсатро ба танзим медароранд;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

 

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, телефон: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: kadr@maorif.tj, сомона: www.maorif.tj