НАМУНАИ
САВОЛҲОИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул гардид, аз чанд боб, модда иборат аст ва кай ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст?
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқи танзимкунандаи фаъолияти хизматчии давлатиро номбар кунед?
3. Кӣ аз номи тамоми халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад?
4. Дар Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар кадом асос ва принсип амалӣ мегардад?
5. Асоси иқтисодиёти ҷумҳуриро чӣ ташкил медиҳад?
6. Дар Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ, аз синни чандсолагӣ муайян карда шудааст?
7. Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси кадом принсип дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон иштирок мекунанд?
8. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ амал мекунад?
9. Дар кадом ҳолат молу мулки шахс барои эҳтиёҷоти ҷамъият гирифта мешавад?
10. Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал кӣ амалӣ мегардонад?
11. Давлати ҳуқуқбунёд чист?
12. Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна давлат аст?
13. Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор дар ҷумҳурӣ кадом аст?
14. Киҳо вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда метавонанд?
15. Киҳо узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуда метавонанд?
16. Киҳо наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд?
17. Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди кӣ аз тарафи кадом мақомот интихоб мешаванд?
18. Кадом қонунҳо танҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон мустақиман қабул мегарданд?
19. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз киҳо иборат аст?
20. Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомот иборат мебошад?
21. Кадом мақомот ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро доранд?
22. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно мекунад ё не?
23. Шохаҳои ҳокимиятро номбар кунед?
24. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ.
25. Салоҳияти Маҷлиси намояндагон.
26. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд?
27. Кадом намуди моликият моликияти истисноии давлат мебошад?
28. Мақсади гузаронидани аттестатсия ?
29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» кай қабул карда шудааст?
30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз чанд боб ва модда иборат аст?
31. Хизматчии давлатӣ кист?
32. Мафҳумҳои асосии хизмати давлатиро номбар карда, шарҳ диҳед.
33. Рутбаҳои тахассусии хизмати давлатиро номбар кунед?
34. Барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ чанд категория мукаррар карда шудааст?
35. Маънои парламент чист?
36. Демократия чӣ маъно дорад?
37. Аввалин маротиба Конститутсия кай ва дар кадом давлат қабул карда шудааст?
38. Вазифаҳои асосии корманд дар муносибатҳои меҳнатӣ?
39. Кадом қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи муҳокимаи умумихалқӣ қабул карда шудааст?
40. Санади меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом шакл бароварда мешавад?
41. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом шакл санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул менамояд?
42. Кадом вазорату идораҳо ҷиҳати мувофиқаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳатмист?
43. Дар кадом ҳолат ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандро маҳдуд кардан мумкин аст?
44. Кӣ ҳуқуқи таъин кардани раъйпурсиро дорад?
45. Бо кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳифз мегарданд?
46. Кӣ ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок карданро надорад?
47. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби кӣ таъсис ва барҳам дода мешавад?
48. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӣ ҳуқуқи таъсис ва барҳам доданро дорад?
49. Низоми хизмати давлатиро номбар кунед?
50. Одоби хизматчии давлатӣ бо кадом санад ба танзим дароварда мешавад?
51. Кадом маҳдудиятҳо вобаста ба хизмати давлатӣ муқаррар гардидааст?
52. Калимаи иқтисодиёт чиро мефаҳмонад?
53. Саҳми кадом давлатҳо ҳамчун сармоягузор дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст?
54. Самтҳои афзалиятнок барои рушди Тоҷикистон кадомҳоянд?
55. Зери мафҳуми иттилоот чӣ фаҳмида мешавад?
56. Барномаҳои пакети Microsoft Office – ро номбар кунед?
57. Мақсади ниҳоии иттилоотонӣ ва рушди ҳукумати электронӣ?
58. Калимаи Windows чӣ маъно дорад?
59. Қисмҳои асосии компютерро номбар кунед.
60. Хотираи фаврӣ чист?
61. Хосиятҳои асосии иттилоотро номбар кунед.
62. Компютер асосан аз чиҳо иборат аст?
63. Калимаи маориф аз кадом забон гирифта шудааст ва чиро мефаҳмонад?
64. Дар соҳаи маориф кадом қонунҳо қабул шудаанд?
65. Кадом стратегия дар соҳаи маориф қабул шудааст?
66. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муассисаи таълимии томактабӣ фаъолият дорад?
67. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад?
68. Шумораи мактаб-интернатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон?
69. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекунад?
70. Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз кай таъсис дода шудааст?
71. Дар ҷумҳурӣ чӣ қадар муассисиҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мекунанд?
72. Мафҳуми илм чиро ифода мекунад?
73. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом сол таъсис дода шудааст ва вазифаҳои асосии он?
74. Мақоми ваколатдор оид ба риояи забони давлатӣ кадом аст?
75. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кай қабул карда шудааст?
76. Оид ба илм кадом Қонун қабул гардидааст?
77. Кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати гирифтани таҳсилоти шаҳрвандонро муайян мекунад?
78. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» кадом сол қабул шудааст, он аз чанд боб ва чанд модда иборат аст?
79. Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва бо кадом рақам тасдиқ шудааст?
80. Кадом асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа намудаед ё медонед?
81. Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ташкил ёфтааст ва кадом сол давлати соҳибистиқлол гардид?
82. Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кадом мақомот ва кай қабул шудааст?
83. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай баргузор гардид ва аҳамияти он дар чист?
84. Қаҳрамонҳои Тоҷикистонро номбар кунед.
85. Рӯзҳои ид, ки Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатианд номбар кунед.
86. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кай таъсис ёфтааст?
87. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд раёсат, шуъба ва бахш фаъолият менамояд?
88. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф кадомҳоянд?
89. Сохтори низоми маорифро шарҳ диҳед.
90. Муассисаҳои таълимӣ дар кадом асос фаъолият карда метавонанд?
91. Соҳаи маориф аз ҷониби кадом мақомот идора карда мешаванд?
92. Иқтисодиёти маориф аз куҷо сарчашма мегирад?
|
93. Сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ кадом мақомот татбиқ менамояд? 94. Муассисаҳои таълимӣ дар асоси кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият карда метавонанд? 95. Таҳсилоти умумӣ дар чанд зина амалӣ мегардад? |
96. Тибқи меъёр ба ҳар як хонанда дар синфхона чанд метри квадратӣ рост меояд?
97. Мувофиқи меъёр дар муассисаи таълимӣ ба чанд нафар хонанда як компютер рост меояд?
98. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чиро ба танзим медарорад?
99. Таълими фосилавиро шарҳ диҳед.
100. Андозаи музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро кӣ муайян мекунад?
101. Дар бораи ҳуқуқи инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоед?
102. Масъалаи арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед?
103. Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед?
104. Ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд тасниф карда шавад?
105. Санадҳои меъёри ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо) доир ба ҳуқуқи инсонро номбар намоед?
106. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» маълумот пешниҳод намоед?
107. Намудҳои муроҷиат, шаклҳои муроҷиат ва муҳлатҳои баррасии муроҷиатҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» шарҳ диҳед?
108. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марти соли 2008, №372 «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот диҳед?
109. Дар бораи сохтор ва вазифаҳои асосии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод диҳед?
110. Механизмҳои (роҳҳои) миллии ҳифзи ҳуқуқи инсонро номбар намоед?
111. Дар бораи барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 тасдиқ карда шудааст, маълумот пешниҳод намоед?
112. Дар бораи Эъломияи Куруши кабир ва дигар сарчашмаҳои ҳуқуқии таърихии миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон маълумот пешниҳод намоед?
113. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, номбар ва шарҳ диҳед?
114. Дар бораи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар маълумот пешниҳод намоед?