1. Сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ  - 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 2320,25 сомонӣ.  

2. Сармутахассиси шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ - 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 2320,25 сомонӣ.  

3. Мутахассиси пешбари раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1890,80 сомонӣ.

4. Мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1890,80 сомонӣ.

5. Мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1890,80 сомонӣ.

6. Мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1890,80 сомонӣ.

7. Мутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1554,40 сомонӣ.

8. Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 2 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1554,40 сомонӣ.

 

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.

 

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; 

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:    

таҳсилоти олии касбии муносибатҳои байналмилалӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 

кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассиси шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ:    

таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 

кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак:

таҳсилоти олии касбии ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 

кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия:

таҳсилоти олии касбии ихтисоси гуманитарӣ, техникӣ ё табиӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 

кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ:

таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 

кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ:

таҳсилоти олии касбии ихтисоси иқтисодӣ ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 

кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ:    

–     таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 

кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:

таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 

кор карда тавонистан бо компютер

 

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, телефон: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: kadr@maorif.tj, сомона: www.maorif.tj  

 

                                Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси

    Вазорати маориф ва илм

Ҳуҷҷатҳои муфид

  • Дастурамалҳои мансабӣ

    Дастурамалҳои мансабӣ

    22.09.2025

  • Саволномаи намунавии озмуни ВМИҶТ

    Саволномаи намунавии озмуни ВМИҶТ

    22.09.2025