14.05.2026

 img

Сокинону соҳибкорони деҳаи Шодоби Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бо иродаю эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва муҳайё намудани беҳтарин шароити таҳсил барои фарзандонашон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб барои 1005 хонанда бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро (дар ду баст) бунёд менамоянд.

 

Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и ноҳияи Варзоб Лола Сатторова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «бинои асосии муассисаи таълимӣ дар даврони собиқи шуравӣ бунёд шуда буд. Имрӯзҳо бо зиёд гардидани сафи хонандагон мушкилии норасоии ҷойи нишаст ба миён омадааст. Бо саҳми асосии соҳибкорону сокинони деҳаи Шодоб ва дастгирии Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода барои омӯзгорону хонандагон бинои дуошёнагии замонавӣ, ки дорои 16 синфхона мебошад, бунёд мешавад. Сохтмони бино идома дошта, дар назар аст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад».

 

Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Варзоб Зарафшон Нурова иттилоъ дод, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ба хотири рушди соҳаи маорифу таъмини хонандагон бо ҷойи нишаст дар ноҳияи Варзоб то имрӯз биноҳои иловагию асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и деҳаи Панҷхок барои 240 нафар дар як баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и деҳаи Чинор барои 240 нафар дар як баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и деҳаи Чашмаи сада барои 400 нафар дар ду баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и деҳаи Намозгаҳ барои 100 нафар дар як баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и деҳаи Гулбоғ барои 75 нафар дар як баст ва дар назди 7 муассисаи таълимӣ 7 бинои Маркази инкишофи кӯдак мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар онҳо барои хонандагони ин муассисаҳо беҳтарин шароити таҳсил муҳайё гардидааст.

 

Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии деҳаи Дашти Ринҷон барои 240 нафар дар як баст, муассисаи таълимии деҳаи Работ барои 240 нафар дар як баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и деҳаи Зидеҳ барои 240 нафар дар як баст ва 4 синфхонаи иловагӣ дар гимназия ноҳия барои 100 хонанда дар як баст идома доранд, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

 

Тибқи иттилои мутахассисони бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Варзоб, дар ноҳия сохтмони муассисаҳои таълимии деҳаҳои Даҳана, Кули ҳавоӣ, Чорбоғ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ ва дар назди 10 муассисаи таълимӣ 10 бинои маркази инкишофи кӯдак ба нақша гирифта шудааст. Инчунин сохтмони кӯдакистони маркази ноҳия барои 120 нафар оғоз мегардад.

 

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бунёди 158 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз соҳибкорону сокинон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб 120 иншоотро мавриди истифода қарор додаанд. Маблағи масрафшуда 32 миллиону 809 ҳазору 529 сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб 230 ҷойи кор таъсис ёфтааст. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

  • 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ОИД БА ТАҚВИЯТИ МУБОДИЛАИ ИЛМӢ, ТЕХНИКӢ ВА ГУМАНИТАРӢ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ИМЗО НАМУДАНД Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти мубодилаи илмӣ, техникӣ ва гуманитарӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.   Ёддошти мазкур 12 май зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар ҳузури Сарони ду давлат имзо гардид.   Тарафҳо чунин мешуморанд, ки мубодилаи илмӣ-техникӣ ва гуманитарӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои дӯстонаи байни ду давлат буда, мубодилаи гуманитарӣ ба амиқтар шудани ҳамфикрӣ ва боварӣ байни ташкилоти таҳқиқотӣ-илмӣ ва мутахассисони илмию техникии ҳарду мамлакат, ташаккули ҳамфикрии васеъ оид ба инкишофи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсионии илмию техникӣ, баланд шудани дараҷаи тараққиёти илмию техникии ҳарду давлат мусоидат мекунад.   Дар доираи ин Ёддошт ҷониби Тоҷикистон ҳамасола пажӯҳишгарони ҷавони то 45-соларо, ки дорои унвони докторӣ ва ё ҳадди ақал панҷ сол собиқаи таҳқиқотӣ мебошанд, барои табодули академӣ ё анҷом додани таҳқиқот ба муддати 6-12 моҳ ба муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва корхонаҳои Чин мефиристад.   Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар баробари фароҳам овардани шароити зарурии корӣ тавассути Барномаи байналмилалии донишмандони ҷавони барҷаста ба донишмандони ҷавони тоҷик кумаки молӣ мерасонад. Масъалаҳои андозбандӣ аз ҷониби ташкилоти мизбони Чин тибқи қонунҳои андози Чин ва созишномаҳои дуҷонибаи андозбандии дуҷониба ҳал карда мешаванд.   Тарафҳо ба роҳ мондани робитаҳои шарикӣ байни пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду давлат, инчунин ҳамкорӣ, аз ҷумла сафарҳои мутақобили ҳайатҳои илмӣ, ташкили муштараки конфронсҳои илмӣ, табодули мутақобили таҳқиқотчиён тавассути лоиҳаҳои таҳқиқотии кӯтоҳмуддатро дастгирӣ мекунанд.   Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба созмонҳои чинӣ, ки дар пажӯҳишгоҳҳои дахлдори пажӯҳишгоҳи шарикии Чину Тоҷикистон ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ ҳастанд, тавассути интихоби озмун маблағгузорӣ мекунад. Раванди интихоби озмун аз ҷониби Чин бо дастгирии иттилоотӣ ва ташкилии ҷониби Тоҷикистон доир мешавад.   Ҷонибҳо дар соҳаҳои илм ва технологияи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳамасола семинарҳои мавзуӣ, мизҳои мудаввар, озмунҳо барои навоварӣ ва соҳибкории ҷавон, роудшоуҳои технологӣ, инчунин чорабиниҳо оид ба муқоисаи технологияҳо ва гуфтушунидҳои тиҷоратӣ ташкил мекунанд.   Тарафҳо муҳаққиқони илмии кишварҳои худро барои иштирок дар чорабиниҳо бо даъвати тарафи дигар ташвиқ мекунанд.   Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки механизми ҳамкорӣ барои ҳамоҳангсозии масъалаҳои гуфташуда таъсис диҳанд. Ҳар сол дар сатҳи корӣ тарафҳо масъалаҳоеро, аз қабили шумораи гирандагони маблағгузорӣ, ҳаҷми маблағгузорӣ ва нақшаи чорабиниҳо якҷоя мувофиқа ва муайян мекунанд.

    5

    13.05.2026
  •  img
    ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд? Машғулиятҳои таълимӣ барои синфҳои ибтидоӣ (2-4) 29 май, барои синфҳои 5-11 30 май ба анҷом мерасанд. Дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ машғулиятҳо 22 майи соли 2026 новобаста аз шакли ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ ба анҷом мерасанд. Тибқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.   Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10 аз 2 то 10 июни соли 2026, аттестатсияи хатми хонандагони синфи 9 аз 2 то 15 июни соли 2026 ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 аз 2 то 20 июн гузаронида мешаванд.   Донишҷӯён мувофиқи нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мутаносибан то 5-уми июл пурра ба таътили тобистона мебароянд.   Вазорати маориф ва илми мамлакат рӯйхати адабиёти бадеиро ба хонандагон тавсия намудааст, ки дар таътили тобистона хонандагон метавонанд мутолиа намоянд. Дар назди муассисаҳои таълимӣ истироҳатгоҳҳо ташкил карда шуда, хонандагон дар онҳо ба бозиҳои гуногуни варзишӣ, мусобиқаҳои шеърхонӣ ва дигар озмунҳо ҷалб мешаванд.   Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, омӯзгорон дар таътили тобистона ба рухсатии меҳнатӣ мебароянд. Қисме аз омӯзгорон, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок мекунанд, бо онҳо машқу тамрин менамоянд.   Сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Хуршед Мавлонов иброз дошт, ки маҳз ба хотири истифодаи самараноки таътил дар саросари мамлакат чорабиниҳои омӯзишӣ, фароғатӣ ва эҷодӣ ташкил карда мешаванд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи хонандагон мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, дар таътили тобистона дар муассисаҳи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ баргузории якчанд барномаи таълимию тарбиявӣ пешбинӣ гардидааст.   -Дар айни замон дар назди Вазорати маориф ва илм Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамояд, ки тибқи нақша байни хонандагон барномаҳои гуногун мегузаронад. Инчунин дар таътили тобистона ҷалби хонандагон ба истироҳатгоҳҳои тобистона ба нақша гирифта шудааст,- афзуд Хуршед Мавлонов .   Бояд иброз намуд, ки таътили тобистона барои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ имкони хуб мебошад. Дар ин давра китобхонаҳои шаҳрӣ ва мактабӣ дари худро ба рӯйи хонандагон боз намуда, чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла «Рӯзи китобхонӣ» ва «Ҳафтаи китоб» баргузор менамоянд. Дар ин рӯзҳо хонандагон метавонанд бо асарҳои бадеӣ, таърихӣ ва илмӣ шинос шаванд ва онҳоро мутолиа намоянд.   Илова бар ин, рушди китобхонаҳои электронӣ ба хонандагон имкон медиҳад, ки аз захираи интернетӣ истифода бурда, китобҳои заруриро дар шакли рақамӣ мутолиа кунанд. Платформаҳое, ба монанди «Китобдӯст» ва «www.marifat.tj» захираҳои пурраи адабиётро пешниҳод менамоянд, ки хонандагон метавонанд ба онҳо бе маҳдудият дастрасӣ пайдо кунанд.   Дар ин давра олимпиадаҳои фаннӣ дар соҳаҳои математика, физика, химия ва технологияи иттилоотӣ ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо беҳтарин хонандагон истеъдоди худро нишон медиҳанд. Ин мусобиқаҳо ба онҳо имконият медиҳанд, ки на танҳо дониши худро такмил диҳанд, балки малакаи рақобатпазирӣ ва тафаккури мантиқиашонро тавсеа бахшанд.   Озмунҳои адабӣ ва ҳунарӣ, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм–фурӯғи маърифат» ва «Хонандаи беҳтарин» ба хонандагон имконияти намоиши истеъдод ва малакаҳои зеҳниро фароҳам меоранд. Ин чорабиниҳо на танҳо ба рушди шахсият, балки ба баланд бардоштани фарҳанги мутолиа ва худомӯзӣ мусоидат менамоянд.   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама падару модаронро даъват менамояд, ки дар таътили тобистона назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд фарзандонашон вақти бештари худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн бояд монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ шаванд.   Зеро ҳар лаҳзаи вақти хонандагон пурарзиш буда, бояд ҳамчун ҷавонони худшиносу худогоҳ тарбия ёбанд, ки дар ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал намуда тавонад.   Падару модар бояд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал намоянд, ки мақсад аз қабули қонун пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани онҳо, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Қонун тақозои замон буда, ба таълиму тарбияи комил, таҳкими сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шудааст.   Яке аз бузургтарин вазифаи волидайн — ин таълиму тарбияи неки фарзанд мебошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «бачае, ки дар оилаи хуб тарбия меёбад, чун инсони комил ба воя мерасад». Пас, тарбияи дурусти фарзанд аз оила сарчашма мегирад.   Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо пайваста таъкид менамоянд, ки «мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан аз он ибтидо мегирад. Бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, пурра эҳсос намоянд».

    9

    13.05.2026
  •  img
    Масоили густариши ҳамкории таълимӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд Масъалаҳои густариши ҳамкории гуманитарӣ ва таълимӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 5 май дар вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) Андрей Патрушев баррасӣ гардиданд.   Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ иброз шуд, ки намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба яке аз ниҳодҳои муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангию илмии ду давлат табдил ёфтааст. Марказ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, инчунин дар шабакаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ фаъолият мекунад.   Изҳор шуд, ки ҳамкорӣ дар самтҳои таълим, омӯзиши забони русӣ, табодули фарҳангӣ ва дастгирии ҷавонон пайваста рушд меёбад. Аз ҷумла, барномаи квотаҳои таҳсилӣ имкон медиҳад, ки ҳамасола садҳо довталабони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия ба таври ройгон таҳсил намоянд.   Ҳамзамон ба ташкили даврҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва татбиқи барномаҳои ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.   Ҷонибҳо инчунин масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия таҳсил доранд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид шуд, ки тақвияти ҳамоҳангсозии сохторҳои марбутаи ду давлат барои таъмини идомаи бемонеаи таҳсил ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои донишҷӯён муҳим мебошад.   Пешниҳод гардид, ки барои такмили механизми интихоби довталабон барои квотаҳои таҳсилӣ ҳамкорӣ бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ тақвият дода шуда, байни сохторҳои дахлдор механизми ҳамоҳангсозии муштарак амалӣ гардад.

    28

    06.05.2026