Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд

20.12.2024

Масоили мубрами ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи Ситии Малайзия дар мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия бо омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки барои иштирок дар даври такмили ихтисос ба ин донишгоҳ рафтаанд, дар Куала- Лумпур баррасӣ гардид.

 

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Дар мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият додани робитаҳо, аз ҷумла дар самти ҷалби омӯзгорони ҳарду ҷониб, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ибрози назар намуданд.

 

Бояд гуфт, ки ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон даври такмили ихтисосро дар Малайзия дар доираи шартномаи ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ин донишгоҳи бонуфузи Малайзия аз соли 2021 мегузаронанд.

 

Дар даври омӯзишӣ дар Донишгоҳи бонуфузи Малайзия 8 омӯзгори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вобаста ба самтҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, иқтисоди «сабз», зеҳни сунъӣ, IT-технологияҳо ва маҳорати омӯзгорӣ такмили ихтисос менамоянд.

 

Ташкили чунин даврҳои омӯзишӣ дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ситии Малайзия дар оянда идома ёфта, дар асоси он омӯзгорон давра ба давра дар ин кишвар такмили ихтисос менамоянд.

  • Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд img
  • Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Дар Душанбе маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ доир шуд Дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупории даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2024 баргузор гардид. Зимни он барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди ҳаракати олимпӣ 60 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 нафар бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ва 16 нафар бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.   Иброз гардид, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад. Сатҳи сифатан нави олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва дастовардҳои бесобиқаи хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сабаб гардид, ки соли 2024 дар таърихи соҳаи маориф ва илм ҳамчун «соли ҳаракати олимпӣ» сабт гардад.   Зимни ҳамоиш се нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии сатҳи олӣ ва омӯзгорони онҳо бо мукофотпулӣ ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волидайни онҳо бо «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.   Ҳамзамон ғолибон дар номинатсияҳои «Беҳтарин раёсатҳои маориф», «Панҷгонаи беҳтарин шуъбаҳои маориф», «Панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти умумии типи нав» ва «Панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ», ки дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ шумораи бештари ҷойҳоро ба даст овардаанд, бо «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

    21

    20.12.2024
  •  img
    Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд 19 декабр омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Индонезия ва шоҳигарии Таиланд вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.   Вохӯрӣ дар доираи иштироки омӯзгорони донишгоҳ дар даври такмили ихтисос дар Донишгоҳи Ситии Малайзия баргузор шуд.   Иброз гардид, ки ташаббусҳои роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ барои дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ватанӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.   Инчунин вобаста ба ташкили табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, даъвати профессорони ҷонибҳо барои таҳсил, амалисозии таҳқиқоти илмӣ ва чорабиниҳои илмии муштарак баррасӣ гардид.

    7

    19.12.2024
  •  img
    Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 16-уми авруосиёӣ аз фанни информатика 18 медал ба даст оварданд Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 16-уми авруосиёӣ аз фанни информатика сазовори 3 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.   Олимпиада дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он аз Тоҷикистон 39 хонанда иштирок намуд.   Дар даври ниҳоии олимпиада 77 даста бо фарогирии 231 хонанда аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намуд.   Олимпиада 13-14 декабр баргузор гардида, ҳадафи он тавсеаи иттилоотонии хонандагон, баланд бардоштани фарҳанги иттилоотӣ ва дарёфти чеҳраҳои боистеъдод дар бахши технологияи иттилоотӣ, фанноварӣ ва моделсозии компютерӣ мебошад.

    24

    18.12.2024