21.08.2026
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таҳсил фаро гирифтани намояндагони миллатҳои гуногун шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дар баробари забони давлатӣ, инчунин, таълим бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва англисӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимашон бо забони ӯзбекӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Мутобиқи маълумоти масъулини Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм, аз соли 2002 то соли 2025 барои ин муассисаҳо 71 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди умумии 1 813 370 нусха нашр шудааст.
Соли 2025 таҳия ва тарҷумаи шаш номгӯйи дигар анҷом ёфта, нашри онҳо бо теъдоди умумии 136 000 нусха пешбинӣ шудааст. Ба ин рӯйхат китобҳои «Санъат ва меҳнат» барои синфи як - 30 ҳазор нусха, «Таърихи умумӣ» барои синфи панҷ - 25 ҳазор, «Забони англисӣ» барои синфи панҷум - 25 ҳазор, «География» барои синфи шаш - 23 ҳазор, «Забони англисӣ» барои синфи ҳафт - 20 ҳазор ва «Таърихи умумӣ» барои синфи даҳ - 13 ҳазор нусха дохил мешаванд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз оғози сол ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 14 306 нусха китоби дарсӣ бо забони ӯзбекӣ дастрас карда шудааст. Ҳамзамон, дар анбори китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илм 114 107 нусха китоб ва маводи таълимӣ бо забони ӯзбекӣ мавҷуд аст.
Яке аз масъалаҳои асосӣ дар таҳияи китобҳо бо забонҳои ақаллиятҳои миллӣ нигоҳ доштани муҳтавои ягонаи таълимӣ мебошад. Китобҳои фанҳои «Забони давлатӣ», «Таърихи халқи тоҷик», «Географияи Тоҷикистон» ва дигар фанҳое, ки таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва маълумоти марбут ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегиранд, бо забони таълими хонандагон тарҷума ва мутобиқ карда мешаванд.
Ба гуфтаи масъулин, дар самти таъмин намудани муассисаҳои таълимашон бо забони русӣ корҳо дар чанд самт ҷараён доранд. Барои ин муассисаҳо китобҳои «Табиатшиносӣ» барои синфи якум, «Санъат ва меҳнат» барои синфҳои 1-4, «Ботаника» барои синфҳои 5-6, «Забони англисӣ» барои синфҳои 5-7 ва «Забони давлатӣ» барои синфҳои 2-8 омода шудаанд.
Ба гуфтаи Ҳусейн Маҳмудзода, намояндаи Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, теъдоди умумии китобҳои мавҷуда барои хонандагони таълимашон бо забони русӣ 16 номгӯй буда, 355 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад.
Дар баробари таҳия ва тарҷумаи китобҳо дар дохили кишвар, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар ин самт низ тақвият ёфтааст. Дар доираи ҳамкориҳо китобҳои фанни забони русӣ барои синфҳои дуюм то ёздаҳуми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои синфҳои якум то ёздаҳуми муассисаҳои таълимашон бо забони русӣ аз ҷониби муаллифони ду кишвар таълиф ва мутобиқ карда шудаанд.
Нуктаи муҳиммеро низ бояд қайд кард, ки соли 2024 китобҳои фанни забони русӣ барои синфҳои якум то ёздаҳуми муассисаҳои таълимашон бо забони русӣ бо теъдоди умумии 20 173 нусха дар Федератсияи Россия нашр ва ба Тоҷикистон дастрас карда шудаанд.
Китобҳои «Забони русӣ» барои синфҳои сеюм ва чорум низ бознигарӣ шуда, нашри онҳо бо теъдоди умумии 400 ҳазор нусха пешбинӣ гардидааст. Қарор аст, ки оянда китобҳои синфҳои панҷум то ёздаҳум низ давра ба давра омода ва нашр шаванд.
- Бо ҳамкории Сафорати Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таълимашон бо забони туркманӣ таҳия ва тарҷума шудааст. Аз ин шумора 16 номгӯй бо теъдоди 6100 нусха ба табъ расида, панҷ номгӯйи дигар бо теъдоди 2000 нусха дар марҳалаи чоп қарор дорад. Дар маҷмуъ, нашри 8100 нусха китоб пешбинӣ шудааст, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ба рӯйхат китобҳои «Алифбо», «Забони модарӣ», «Математика», «Табиатшиносӣ», «Таърихи халқи тоҷик», «Географияи Тоҷикистон», «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Забони русӣ» ва «Физика» дохил мешаванд. Аксари онҳо бо теъдоди 300 ё 400 нусха нашр шудаанд. Дар ҳамин марҳала китобҳои чопшуда ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Дӯстӣ, ки асосан муҳассилинаш туркманзабонҳоянд, дастрас карда шудаанд.
Мутобиқи маълумот, барои муассисаҳои таълимашон бо забони қирғизӣ 9 номгӯй китоби дарсӣ тарҷума шудааст. Пас аз анҷоми раванди ташхис онҳо ба озмуни чоп пешниҳод мегарданд. Теъдоди умумии китобҳои пешбинишуда 1500 нусхаро ташкил медиҳад. Ба ин рӯйхат «Забони модарӣ» барои синфи як, «Математика» барои синфи се, «Забони қирғизӣ» барои синфи панҷ, «Географияи Тоҷикистон» барои синфи ҳашт, «Забони англисӣ» барои синфҳои 8-11, «География» барои синфи 11 дохил мешаванд.
Барои боз ҳам беҳтар намудани таъмини хонандагони муассисаҳои таълимашон бо забонҳои ақаллиятҳои миллӣ зарур аст, ки талабот ба китобҳои дарсӣ ҳамасола аз рӯйи забони таълим, синф, фан ва шумораи хонандагон дақиқ муайян карда шавад. Ҳамзамон, ташкили махзани ягонаи электронии китобҳои дарсӣ метавонад баҳисобгирии захира, банақшагирии нашр, тақсимоти саривақтии онҳоро осон намояд. Ҷалби омӯзгорон, забоншиносон ва мутахассисони соҳавӣ ба таҳия ва тарҷума барои баланд бардоштани сифати муҳтаво ва мутобиқати истилоҳот мусоидат мекунад.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
«Омӯзгор»