23.09.2026

 img

Байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ 21 сентябр дар шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи технологии Ланҷоу бо ҳайати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори академия Даврон Сафарзода ба имзо расонида шуд.

Санад барои рушди ҳамкорӣ дар самтҳои таҳсилот, таҳқиқоти илмӣ, табодули академӣ ва робитаҳои байналмилалӣ замина фароҳам меорад. Аз ҷумла, табодули омӯзгорону донишҷӯён, ташкили барномаҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ, таҳқиқоти муштарак доир ба Осиёи Марказӣ ва иқтисоди минтақавӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои илмӣ пешбинӣ шудааст.

Ҷонибҳо дар ҷараёни музокирот инчунин масъалаҳои ташкили барномаҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва маъмурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани барномаи муштараки таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бо назардошти 35-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар соли 2027 аз ҷониби академия пешниҳод гардид, ки лоиҳаи муштараки илмӣ ба роҳ монда шавад. Яке аз натиҷаҳои он метавонад таҳия ва нашри маҷмуаи муштараки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо иштироки олимони ҳар ду муассиса бошад.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки имзои Ёддошти тафоҳум бояд ба татбиқи ташаббусҳои мушаххаси таълимӣ ва илмӣ мусоидат намуда, барои рушди минбаъдаи робитаҳои академия ва донишгоҳ заминаи устувор фароҳам оварад.

Хабарҳои дигар

  •  img
    Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастур доданд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба падару модари шодравон Алишер Мирзонабот барои ба камол расонидани чунин фарзанди содиқу ватандӯст самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.   27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 барои 1048 хонандаро дар маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ мавриди истифода қарор доданд.   Муассиса аз 20 синфхонаи таълимӣ, 10 утоқи корӣ, китобхонаи электронӣ ва якчанд ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Муассиса ҳамчунин дорои ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва толори маҷлис бо 170 курсӣ мебошад.   Толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулияти гуногуни солимгардонӣ пешбинӣ шуда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд ва маҳорати варзишиашонро такмил диҳанд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва омӯзгорон дастур доданд, ки аз имконоти фароҳамшуда самаранок истифода карда, барои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонандагон, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ талоши бештар намоянд.

    27

    29.09.2026
  •  img
    Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст Аз соли 1993 то соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 240 муассисаи таҳсилоти умумӣ (дорои 1438 синфхона барои 34 233 ҷойи нишаст), 6 бинои маъмурии раёсату шуъбаҳои маориф, 44 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 9 толор ва майдончаи варзишӣ ба маблағи 595,4 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят иттилоъ медиҳад.   Соли 2026 дар вилоят 312 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 65 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 40 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 207 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 Литсейи давлатӣ, 1 мактаби президентӣ ва 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад , ки дар он 37 ҳазору 416 нафар (18 ҳазору 418 духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.   Соҳаи маориф дар сархати сиёсати дохилии Тоҷикистон чун соҳаи афзалиятнок мавқеъ гирифта, дар рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлат нақши муҳим дорад.   Ҳамаи ин тадбирҷӯиҳо имкон доданд, ки фарогирии кӯдакон дар вилоят ба муассисаҳои томактабӣ аз 22 %-и соли 2020 дар соли 2025 бо назардошти фарогирии кӯдакон дар марказҳои инкишофи рушди барвақтии кӯдаки назди муассисаи таълимӣ ба 42,6 % расонида шуд.

    24

    29.09.2026
  •  img
    157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд Дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он 157 нафар барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.   Даври шаҳрии озмун аз 14 то 17 сентябр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои «Математика», «Физика ва астрономия», «Химия», «Биология», «География», «Технологияҳои иттилоотӣ», «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ва «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» донишу малака ва қобилият санҷиданд.   Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд, дар баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ, дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилияти зеҳнии насли наврасу ҷавон нақши муҳим доранд.   Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба рушди шавқу рағбати хонандагону донишҷӯён ба илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, омӯзиши технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ, инчунин таҳкими тафаккури илмӣ равона гардидааст.   Дар ҷамъбаст иброз карда шуд, ки дастгирии давлатии ҷавонони соҳибистеъдод, фароҳам овардани имконияти мусоид барои рушди истеъдоди онҳо ва омода намудани кадрҳои ҷавони дорои донишу ҷаҳонбинии илмӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

    64

    23.09.2026