27.08.2025

 img

Ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода муассисаи томактабии хусусӣ бо номи «Олами афсона» мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин хусус раиси Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода  Усмоналӣ Қодирзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

 

Кӯдакистон бо беҳтарин шароит бунёд гардида, дар он ошхонаи замонавӣ, ҳуҷраҳои хоби кӯдакон бо катҳои хоб ва дигар имконияти маишӣ муҳайё гардидааст. Дар ин ҷо 80 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

 

Тибқи иттилои масъулини Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоат 9 иншоот, аз қабили биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №95, №102, №36, №91, №44, №90 бо теъдоди 42 синфхона ба истифода дода мешавад. Дар онҳо барои 1050 хонанда дар як баст ҷойи нишаст муҳайё карда мешавад. Ҳамчунин дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и деҳаи Шурхок кӯдакистон барои 30 нафар ва дар деҳаи Имоми  Аъзам толори варзишӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

 

Баъди ба истифода додани биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ мушкилоти ҷойи нишаст бартараф мегардад.

  • Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ бинои иловагии таълимӣ, кӯдакистон ва толори варзишӣ ба истифода дода мешавад img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия факултети журналистика ва медиакоммуникатсия ба фаъолият шуруъ менамояд Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар соли нави таҳсили 2026-2027 факултети нав-журналистика ва медиакоммуникатсия ба фаъолият шуруъ менамояд. Дар ин хусус 27 июл Ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия Алексей Золотухин дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.   Гуфта шуд, ки то имрӯз дар донишгоҳ факултети алоҳидаи журналистика фаъолият надошт. Факултети журналистика бо назардошти муҳимияти воситаҳои ахбори омма дар шароити муосир, ки дар ҷомеа ба ҳайси ҳокимияти чаҳорум эътироф гардидааст, таъсис дода мешавад.   Таъкид гардид, ки барои таъсиси факултети мустақили журналистика ва медиакоммуникатсия иқтидори кадрии кофӣ вуҷуд дошта, заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.   Алексей Золотухин афзуд, ки фаъолияти факултети журналистика ва медиокоммуникатсия ба омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ барои соҳаи воситаҳои ахбори омма, васеъ кардани барномаҳои таълимӣ дар соҳаи журналистика, коммуникатсияи рақамӣ, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма ва татбиқи лоиҳаҳои таҳқиқотию эҷодӣ равона мегардад. Инчунин таъсиси факултети журналистика дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия имкон медиҳад, ки раванди таълим самараноктар гардида, ташкил ва иқтидори илмии кафедраҳо тақвият дода шавад ва имконият барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои журналистика, медиакоммуникатсия ва ҳамкории байнифарҳангӣ тавсеа дода шавад.

    10

    27.07.2026
  •  img
    Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим баррасӣ гардид Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.   Иброз гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро бо иттифоқи оро қабул намуд. Ин санад барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва густариши истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои маориф, илм, иқтисод ва идоракунии давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Иштирокчиён доир ба имконоти истифодаи зеҳни сунъӣ, BIG DATA ва технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои илму маориф, инчунин татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар амал мубодилаи афкор намуданд.   Истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим имрӯз ба самти афзалиятноки рушди илми муосир табдил ёфтааст. Ин технологияҳо имкон медиҳанд ҳаҷми бузурги маълумоти илмӣ бо суръати баланд таҳлил гардида, дар омӯзиши равандҳои биологӣ, моделсозии ҳодисаҳои физикӣ, пешгӯии тағйирёбии иқлим ва таҳияи роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами экологию иқтисодӣ натиҷаҳои дақиқ ба даст оварда шаванд.   Дар ин замина рушди таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибихтисос яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ва илм арзёбӣ гардид.

    12

    27.07.2026
  •  img
    Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд Дар шаш моҳи соли 2026 дар вилояти Хатлон 50 иншооти соҳаи маориф бо 210 синфхона барои 5040 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хатлон хабар доданд.   Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 бунёди 341 иншооти соҳаи маориф иборат аз 2894 синфхона барои 69 ҳазору 456 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.   Ҳоло дар вилоят 183 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1304 маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд.   Дар соли таҳсили 2025–2026 хонандагони вилояти Хатлон дар даври ниҳоии олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 1175 ҷойи ифтихорӣ гардида, нисбат ба соли 2025 375 ҷой бештар ба даст оварданд. Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ хонандагони вилоят соҳиби 3640 медал, аз ҷумла 829 медали тилло, 1196 медали нуқра ва 1615 медали биринҷӣ шуданд.

    10

    27.07.2026