20.03.2025

 img

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

 

Дар озмун устодону донишҷӯён ва хонанадагони Литсейи назди донишгоҳ дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти бачагона иштирок намуданд.

 

Зимни ифтитоҳи озмун иброз шуд, ки баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи ташаббусу иқдоми неки Роҳбари давлат барои тавсеаи худшиносию худогоҳии ҳар фарди ҷомеа мебошад.

 

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба иштирокчиён таассуроти неки худро оид ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ баён намуданд.

  • Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб озмоишгоҳи «Химияи аналитикӣ» ва синфхонаи компютерӣ ифтитоҳ ёфт Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ озмоишгоҳи химиявии «Химияи аналитикӣ» ва синфхонаи компютерӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.   Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳи химиявии «Химияи аналитикӣ» ва синфхонаи компютерӣ ректори донишгоҳ, профессор Дилшод Раҳмон аз нақш ва аҳамияти Наврӯзи байналмилалӣ дар таҳкими ҳамбастагӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ ва тарғиби фарҳанги сулҳу дӯстӣ ёдовар шуда, бо руҷуъ ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки «имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад».   Эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиш ва рушди илмҳои риёзию табиӣ такони ҷиддӣ бахшида, барои амалӣ намудани саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.   Озмоишгоҳҳои муосири химиявии донишгоҳ бо дастовардҳои инноватсионии илму техника муҷаҳҳаз буда, барои таълими дарсҳои самараноки озмоишии омӯзгорони фанҳои соҳавӣ, барангехтани шавқу завқи муҳассилин, ташвиқ ва ҷалби онҳо ба масири илму ихтироот, пажуҳишҳо дар мавриди обу иқлим, тадбирҳои ҳифзи пиряхҳо, ҳамгироии илм бо истеҳсолот, татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати саноатикунонии босуръати мамлакат, дарёфту коркард, пешниҳод ва татбиқи механизмҳои иқтисоди «сабз» ва таъмини рушди устувор заминаи воқеию муътамад мегузоранд.

    9

    26.03.2025
  •  img
    Дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ кӯдакистон сохта мешавад Дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ барои 120 кӯдак кӯдакистони хусусӣ бунёд мешавад.   Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, кӯдакистон аз ду ошёна иборатбуда, масоҳати умумии замини он 3500 метри мураббаъ мебошад.   Лоиҳаи кӯдакистон бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ ва талаботи замони муосир таҳия шуда, барои таълиму тарбияи кӯдакон шароити беҳтарин фароҳам меорад.   Бояд гуфт, ки айни замон дар деҳоти Навбаҳор як муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дорад, ки дар он 142 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.   Бо дарназардошти он ки аҳолии деҳот 16 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, таъсиси кӯдакистони нав барои таъмини бештари кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ муҳим мебошад.

    9

    25.03.2025
  •  img
    Дар ЮНЕСКО аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон гуфтанд Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии об ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, чорабинии сатҳи баланд доир шуд, ки дар он Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода иштирок ва суханронӣ намуд.   Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон нигаронида шуда, дар ин самт мамлакати мо аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас, созанда ва дурнамосоз ироа намуд ва ҳоло аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори ин соҳаи ҳаётан муҳим пазируфта шудааст.   «Боиси сарфарозии мост, ки дар натиҷаи талошҳои зиёд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намуда, мавриди баррасии дақиқ қарор дода шуд ва аксари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масоили об пешниҳодгардида аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфтаанд», — изҳор дошт ӯ.   Гуфта шуд, ки тағйирёбии иқлим ба захираҳои об таъсири ҷиддӣ мерасонад. Тибқи гузоришҳои байналмилалӣ, дар соли гузашта ҳаҷми обшавии пиряхҳо ба 600 гигатон расид, ки ба 2 миллиард нафар аҳолии ҷаҳон, ки ба оби тозаи нӯшокӣ аз ҳисоби пиряхҳо дастрасӣ доранд, таъсир гузошт.   Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои 60% захираҳои обии Осиёи Марказӣ тайи чанд даҳсолаи охир зиёда аз 1000 пиряхи худро аз даст додааст. Ин раванд оқибатҳои ҷиддии экологии худро дошта, боиси биёбоншавӣ, бӯҳрони кишоварзӣ ва деградатсияи хок мегардад. Талафоти иқтисодии Тоҷикистон аз офатҳои табиии вобаста ба об солона беш аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад.   Вазири маориф ва илм инчунин аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳифзи захираҳои об ва иқлим ёдовар шуд. Ӯ таъкид дошт, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро қабул кардааст. Аз ҷумла, соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» эълон гардидааст.

    9

    22.03.2025