04.07.2026

 img

3 июл дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар мавзуи «Вазъи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар самти металлургия» ҳамоиш баргузор шуд.

 

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону муҳаққиқон, коршиносони соҳаи саноат ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ иштирок намуданд.

 

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаи металлургия имрӯз яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки захираҳои маъдан ва ашёи хоми мамлакат имконият медиҳанд, ки дар оянда як қатор корхонаҳои металлургияи ранга ба кор дароварда шуда, тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёт ва афзоиш додани иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад».

 

Таъкид гардид, ки маҳз дар заминаи чунин дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми ватанӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибихтисос тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.

 

Раҳим Саидзода афзуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданҳои фоиданок, аз ҷумла, тилло, нуқра, сурб, руҳ, сурма, мис, ангишт ва дигар канданиҳо мебошад. Коркарди пурраи ин захираҳо дар дохили мамлакат метавонад ба афзоиши арзиши иловагӣ, баланд гардидани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.

 

Ҳамзамон Вазири маориф ва илм масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисосро яке аз омилҳои асосии рушди устувори саноат арзёбӣ намуда, гуфт, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд барномаҳои таълимии худро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат таҷдид намуда, ҳамкории худро бо корхонаҳои истеҳсолӣ боз ҳам тақвият бахшанд. Донишҷӯён бояд таҷрибаомӯзии истеҳсолиро бевосита дар корхонаҳои саноатӣ гузаранд, то истифодаи технологияҳои муосир, рақамикунонӣ ва таҷҳизоти навтаринро аз худ намоянд.

 

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода оид ба вазъи омодасозии кадрҳо дар самти металлургия гузориш пешниҳод намуда, аз имкониятҳои мавҷудаи донишгоҳ, барномаҳои таълимӣ, ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва нақшаҳои рушди минбаъдаи соҳа маълумот дод.

 

Дар қисмати музокираҳо иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои такмили низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос, мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат, таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо истеҳсолот, рушди таҳқиқоти илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки иқтидори илмӣ дар рушди соҳаи металлургия андешаронӣ намуданд.

 

Таъкид шуд, ки рушди соҳаи металлургия бе омода намудани мутахассисони рақобатпазир, густариши ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ, тақвияти заминаи моддию техникӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ имконнопазир буда, дар ин самт ҳамоҳангии ҳамаи сохторҳои дахлдор аҳамияти калидӣ дорад.

  • Дар Душанбе вазъи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи металлургия баррасӣ гардид img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Соли равон 12 номгӯй китоби дарсӣ барои синфҳои 5-6 нашр карда мешавад Бо дастгирии шарикони рушд соли равон нашри 12 номгӯй китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва математика барои синфҳои 5-6 бо теъдоди умумии беш аз 1 миллиону 846 ҳазор нусха ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус 30 июн дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа оид ба масъалаи ҷараёни таҳия, бознигарӣ ва нашри барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ иттилоъ дода шуд.   Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд то имрӯз 23 номгӯй китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумиро бо теъдоди беш аз 2,5 миллион нусха ба нашр расонидааст.   Таҳия, бознигарӣ ва нашри китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди вазорат амалӣ карда мешавад.   Иброз гардид, ки китобҳои дарсии насли нав дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим таҳия гардида, дар баробари интиқоли дониш, ба рушди тафаккури интиқодӣ, қобилияти ҳалли масъалаҳо, малакаҳои иртиботӣ ва истифодаи дониш дар вазъиятҳои амалӣ равона шудаанд.   Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ таъмин гардид. Ҳамзамон барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, навсозии мазмуну муҳтавои таълим, таҳияи китобҳои дарсии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд.

    28

    02.07.2026
  •  img
    1744 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд 1744 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.   Ба иттилои манбаъ, дар даври дуюми озмун 68 ҳазору 360 нафар довталаб аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуда, 169 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 629 нафар аз вилояти Хатлон, 469 нафар аз вилояти Суғд, 137 нафар аз шаҳри Душанбе ва 340 нафар довталаб аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд.   Озмун аз рӯи шаш гурӯҳ ва як номинатсия доир гардида, дар он хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1–4), хонандагони синфҳои 5–8 ва 9–11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабӣ ва эҷодӣ, кормандони соҳаҳои фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳо, инчунин калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок менамоянд.   Барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ҳамзамон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, вазифадор гардидаанд, ки ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.   Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар дарозои таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, доир мегардад.   Ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба мутолиаи амиқи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ буда, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати адабӣ ва таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ саҳми бориз дорад.   Бояд ёдовар шуд, ки барои омода шудан ба ин озмун шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расида, ба ҳар хонаводаи Тоҷикистон тақдим гардид.   Китоб дар Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расидааст.   Ин иқдоми наҷибу камназири Президенти ҷумҳурӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат, «эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад».   Тазаккур бояд дод, ки «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои «Шоҳнома» Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла нигоштаанд: «Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт».

    62

    17.06.2026
  •  img
    ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» воқеъ дар ноҳияи Варзоб ба фаъолият оғоз намуд. Дар басти якуми он 250 нафар кӯдакону наврасони ноҳияи Шоҳмансур ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.   Ба иттилои манбаъ, дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» дар мавсими имсола барои фарогирии 1000 нафар кӯдаку наврас шароит муҳайё гардидааст. Дар басти якуми истироҳатгоҳ дар баробари хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур, инчунин қариб 40 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе низ ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.   Ба истироҳатгоҳ, пеш аз ҳама кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони аз оилаҳои эҳтиёҷманд, инчунин хонандагони фаъол, ғолибони олимпиадаҳо, озмунҳо ва мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур сафарбар карда мешаванд. Синну соли кӯдакони фарогирифташуда аз 7 то 14 сола муайян шудааст.   Дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» барои кӯдакон тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ муҳайё гардида, онҳо метавонанд дар муҳити солим ва бехатар истироҳат намуда, вақти худро самаранок сипарӣ намоянд.   Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи маорифи ноҳия Асомиддин Бобозода иброз дошт, истироҳати кӯдакону наврасон дар ҳар як баст 10 рӯзи ройгонро ташкил медиҳад. Мақсад аз он ҷалби кӯдакону наврасон ба сайёҳиву солимгардонӣ ва тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ мебошад.   Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки «давоми соли хониш кӯдакону наврасон бесаброна таътили тобистонаро мунтазир мешаванд ва ҳар падару модар пешакӣ бояд босамар ва шавқовар гузаронидани ин давраро барои фарзандон тарҳрезӣ намояд. Онҳо нагузоранд, ки хонандагон вақти худро давоми се моҳ дар пеши телевизор ва ё бо телефонҳои мобилӣ гузаронанд. Дар ин син бачаҳо бояд истироҳати муфид намоянд». «Дар давраи таътил кӯдаку наврасон бояд реҷаи муайян ва барномарезишуда дошта бошанд, зеро онҳо тамоми сол ба реҷаи қатъии рӯз одат кардаанд. Агар кӯдак давоми таътил вақти холиро барномарезӣ накунад, аз моҳи сентябр дубора ба мактаб одат карданаш душвор мешавад. Ҳамчунин бачаҳо як муддат аз волидайн бояд дур бошанд, то мустақил буданро омӯзанд»,-афзуд ҳамсуҳбати мо. Фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

    74

    15.06.2026