12.02.2025

Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 33 муассисаи томактабӣ сохта мешавад, ки 11 адади он кӯдакистон ва 22 адад маркази инкишофи барвақтии кӯдак мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.

12 феврал дар деҳаи Жамак ва деҳаҳои Вишхарву Андарбак сохтмони кӯдакистонҳои нав ва дар деҳаҳои Будуну Мотравн марказҳои рушди барвақтии кӯдак оғоз гардиданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни вохӯрӣ бо сокинон иброз намуд, ки муассисаҳои томактабӣ қобилият, шавқу рағбат, хусусияти ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабиро инкишоф медиҳанд. Инчунин ин муассисаҳо ба омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат мекунанд.

Дар ин муассисаҳо тамоми шароит фароҳам оварда шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба барои таълим додан ҷалб мегарданд.

khovar.tj

  • Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 33 муассисаи томактабӣ сохта мешавад img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ доир шуд Имрӯз, 19 феврал дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикисон барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ иттилоъ медиҳад.   Зимни ҳамоиш ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз дошт, ки ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ гузаронида шуда, ин сана расман рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон эълон гардид.   Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиши миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ниҳод эътимод доранд ва пайваста дар руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу бум омода намудани афсарону сарбозонро таъкид менамоянд.   «Артиши миллӣ сипари боэътимоди миллат ва осудагии давлат ба ҳисоб рафта, мо бо ҷавонмардони соҳибватани тоҷик ифтихор мекунем. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои артиш ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи Тоҷикистон табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат менамоянд. Чунки ин родмардони миллат кафили зиндагии орому босуботи мо ва ҷомеаи мо ба ҳисоб мераванд»,-иброз гардид дар ҳамоиш.   Зимни барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултети педагогика ва варзиши донишгоҳ машқҳои элементӣ ва муҳорибаҳои тан ба тан намоиш дода шуданд.

    34

    19.02.2025
  •  img
    «ҲУНАРМАНДИ ХАЛҚӢ». Навраси тоҷик дар озмуни эҷодиёти умумирусиягӣ ғолиб гардид Навраси тоҷик дар озмуни эҷодиёти умумирусиягӣ, ки таҳти унвони «Ҳунарманди халқӣ» баргузор гардид, ғолиб дониста шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.   Озмун дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардида, дар он таълимгирандаи маҳфили «Рақс»–и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Зебинисо Исмоилова дар номинатсияи «Хореография» лауреати дараҷаи якум гардид.   Дар озмун кӯдакону наврасон ва ҳунармандони калонсол аз Федератсияи Русия ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.   Бояд гуфт, ки навраси тоҷик Зебонисо Исмоилова дар чандин озмуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.   Ёдовар мешавем, ки Зебонисо Исмоилова дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Art Silk Way» низ, ки моҳи марти соли 2024 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуда буд, аз рӯйи ду номинатсия сазовори ҷойи 1-ум гардид.

    32

    17.02.2025
  •  img
    ТАҲТИ УНВОНИ «ПАЁМ-РОҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ» ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР ҲАМОИШ ДОИР ШУД Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дар мавзуи «Паём — роҳнамои фардои дурахшони миллат» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иттилоъ доданд. Зимни ҳамоиш иброз шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 ба масъалаи иҷтимоии тарбия, нақшу мақоми инсон, донишҷӯ, омӯзгор, падару модар ва дигарон дар ҷомеа аҳамияти бештар дода шудааст. Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мутахассисони варзида омода намоем, то дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир бошанд». Инчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод гардид, ки солҳои 2025 — 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд. Доир ба ин зарур аст, ки ба илмҳои техникӣ ва технологияи инноватсионӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Дар ҳамоиш иштирокдорон вобаста ба аҳамияти таърихии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва рушди устувори соҳаи маориф мубодилаи афкор намуданд. khovar.tj

    37

    13.02.2025