28.07.2026

 img

Соли 2026 аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон довталабон аз рӯйи 54 ихтисос қабул карда мешаванд, ки нисбат ба соли 2025 2 ихтисос зиёд мебошад. Дар ин хусус 28 июл ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

 

Дар нишаст бо дахли раванди таълим дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гуфта шуд, ки дар ин давра дар шуъбаи рӯзона раванди таълим дар курси якум аз рӯи 49 ихтисос, курси дуюм — 35, курси сеюм — 30 ва дар курси чорум аз рӯйи 31 ихтисос ба роҳ монда шуд.

 

Дар ин давра дар донишгоҳ мутобиқи нақшаи нави таълимӣ, аз рӯйи 58 ихтисос 226 гурӯҳи академӣ -150 гурӯҳи таҳсилашон ба забони тоҷикӣ, 73 гурӯҳи русӣ ва 3 гурӯҳи англисӣ фаъолият менамоянд, ки шумораи умумии донишҷӯён дар онҳо ба 3 ҳазору 205 нафар мерасад.

 

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 2 ҳазору 300 донишҷӯ ба тариқи шартнома, 866 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 40 нафар тавассути квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд.

 

Дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 8 факултет, 6 идора, шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, 20 кафедра, 4 марказ, инчунин филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара ва Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи инноватсионии Душанбе» амал менамоянд.

  • ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӮЙИ 54 ИХТИСОС ДОНИШҶӮ ҚАБУЛ МЕНАМОЯД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Аз ҷониби Донишгоҳи техникӣ 74 номгӯй дастуру воситаҳои таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ ба нашр расонида шуд Дар нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ 74 номгӯй дастуру воситаҳои таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ таҳия ва ба нашр расонида шуданд. Ин нишондиҳанда ба таҳкими заминаи таълимӣ-методӣ, такмили мазмуни барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳавӣ мусоидат менамояд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иброз гардид.   Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки аз 1834 хатмкунанда 1724 нафар ба имтиҳонҳои давлатии фанҳои тахассусӣ роҳ дода шуданд. Аз ҷумла, 462 нафар бо баҳои «аъло», 716 нафар бо баҳои «хуб» ва 510 нафар бо баҳои «қаноатбахш» натиҷаҳои мусбат ба даст оварда, 59 донишҷӯ донишгоҳро бо Дипломи сурх хатм намуд.

    12

    29.07.2026
  •  img
    Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд Дар шаш моҳи соли 2026 дар вилояти Хатлон 50 иншооти соҳаи маориф бо 210 синфхона барои 5040 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хатлон хабар доданд.   Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 бунёди 341 иншооти соҳаи маориф иборат аз 2894 синфхона барои 69 ҳазору 456 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.   Ҳоло дар вилоят 183 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1304 маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд.   Дар соли таҳсили 2025–2026 хонандагони вилояти Хатлон дар даври ниҳоии олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 1175 ҷойи ифтихорӣ гардида, нисбат ба соли 2025 375 ҷой бештар ба даст оварданд. Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ хонандагони вилоят соҳиби 3640 медал, аз ҷумла 829 медали тилло, 1196 медали нуқра ва 1615 медали биринҷӣ шуданд.

    17

    27.07.2026
  •  img
    Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим баррасӣ гардид Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.   Иброз гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро бо иттифоқи оро қабул намуд. Ин санад барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва густариши истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои маориф, илм, иқтисод ва идоракунии давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Иштирокчиён доир ба имконоти истифодаи зеҳни сунъӣ, BIG DATA ва технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои илму маориф, инчунин татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар амал мубодилаи афкор намуданд.   Истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим имрӯз ба самти афзалиятноки рушди илми муосир табдил ёфтааст. Ин технологияҳо имкон медиҳанд ҳаҷми бузурги маълумоти илмӣ бо суръати баланд таҳлил гардида, дар омӯзиши равандҳои биологӣ, моделсозии ҳодисаҳои физикӣ, пешгӯии тағйирёбии иқлим ва таҳияи роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами экологию иқтисодӣ натиҷаҳои дақиқ ба даст оварда шаванд.   Дар ин замина рушди таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибихтисос яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ва илм арзёбӣ гардид.

    20

    27.07.2026