10.07.2026

 img

Аз натиҷаи мониторинги шуъбаҳои идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025- 2026 муайян гардид, ки сатҳи дониши донишҷӯён ба 46,6 ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 88,2 фоиз баробар аст. Нисбат ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 сатҳи дониши донишҷӯён 2,3 фоиз ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 2,9 фоиз баланд гардидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид.

 

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 даври озмоишӣ ва соли 2026 даври асосии арзёбии байналмилалии PIRLS дар 171 муассисаи таҳсилоти умумии 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо иштироки 6975 хонандаи синфҳои чорум гузаронида шуд. Натиҷаи ҷамъбасти мониторинги гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли таҳсили 2025-2026 муайян намуд, ки сатҳи дониши хонандагон ба 38,9 фоиз ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 95,5 фоиз баробар мебошад. Дар муқоиса ба соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сифати таҳсилот 1,4 фоиз ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 1,1 фоиз баланд гардидааст.

 

Таъкид шуд, ки бо назардошти таҷрибаи давлатҳои муваффақ индикаторҳои арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таҳия гардида, барои аз бақайдгирии давлатӣ гузаронидан ба Вазорати адлияи Тоҷикистон фиристода шуданд.

 

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи нахустин иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанберо дар арзёбии байналмилалии PISA-2025 ба нақша гирифтанд, ки даври озмоишии он соли 2024 ва даври асосӣ соли 2025 гузаронида шуд. Натиҷаи ниҳоии он 14 сентябри соли 2026 аз ҷониби Маркази байналмилалии PISA эълон карда мешавад.

  • НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон сатҳи дониш ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ баланд гардидааст img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия факултети журналистика ва медиакоммуникатсия ба фаъолият шуруъ менамояд Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар соли нави таҳсили 2026-2027 факултети нав-журналистика ва медиакоммуникатсия ба фаъолият шуруъ менамояд. Дар ин хусус 27 июл Ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия Алексей Золотухин дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.   Гуфта шуд, ки то имрӯз дар донишгоҳ факултети алоҳидаи журналистика фаъолият надошт. Факултети журналистика бо назардошти муҳимияти воситаҳои ахбори омма дар шароити муосир, ки дар ҷомеа ба ҳайси ҳокимияти чаҳорум эътироф гардидааст, таъсис дода мешавад.   Таъкид гардид, ки барои таъсиси факултети мустақили журналистика ва медиакоммуникатсия иқтидори кадрии кофӣ вуҷуд дошта, заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.   Алексей Золотухин афзуд, ки фаъолияти факултети журналистика ва медиокоммуникатсия ба омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ барои соҳаи воситаҳои ахбори омма, васеъ кардани барномаҳои таълимӣ дар соҳаи журналистика, коммуникатсияи рақамӣ, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма ва татбиқи лоиҳаҳои таҳқиқотию эҷодӣ равона мегардад. Инчунин таъсиси факултети журналистика дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия имкон медиҳад, ки раванди таълим самараноктар гардида, ташкил ва иқтидори илмии кафедраҳо тақвият дода шавад ва имконият барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои журналистика, медиакоммуникатсия ва ҳамкории байнифарҳангӣ тавсеа дода шавад.

    10

    27.07.2026
  •  img
    Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим баррасӣ гардид Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.   Иброз гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро бо иттифоқи оро қабул намуд. Ин санад барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва густариши истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои маориф, илм, иқтисод ва идоракунии давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Иштирокчиён доир ба имконоти истифодаи зеҳни сунъӣ, BIG DATA ва технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои илму маориф, инчунин татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар амал мубодилаи афкор намуданд.   Истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим имрӯз ба самти афзалиятноки рушди илми муосир табдил ёфтааст. Ин технологияҳо имкон медиҳанд ҳаҷми бузурги маълумоти илмӣ бо суръати баланд таҳлил гардида, дар омӯзиши равандҳои биологӣ, моделсозии ҳодисаҳои физикӣ, пешгӯии тағйирёбии иқлим ва таҳияи роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами экологию иқтисодӣ натиҷаҳои дақиқ ба даст оварда шаванд.   Дар ин замина рушди таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибихтисос яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ва илм арзёбӣ гардид.

    12

    27.07.2026
  •  img
    Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд Дар шаш моҳи соли 2026 дар вилояти Хатлон 50 иншооти соҳаи маориф бо 210 синфхона барои 5040 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хатлон хабар доданд.   Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 бунёди 341 иншооти соҳаи маориф иборат аз 2894 синфхона барои 69 ҳазору 456 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.   Ҳоло дар вилоят 183 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1304 маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд.   Дар соли таҳсили 2025–2026 хонандагони вилояти Хатлон дар даври ниҳоии олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 1175 ҷойи ифтихорӣ гардида, нисбат ба соли 2025 375 ҷой бештар ба даст оварданд. Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ хонандагони вилоят соҳиби 3640 медал, аз ҷумла 829 медали тилло, 1196 медали нуқра ва 1615 медали биринҷӣ шуданд.

    10

    27.07.2026