15.06.2026

 img

Хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Хонандаи сол» гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 

Дар даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и озмуни «Хонандаи сол», ки дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 5 нафар иштирок намуданд.

 

Довталабон аз фанҳои забони тоҷикӣ, забону адабиёти рус, физикаю математика кори хаттӣ ва аз фанҳои адабиёти тоҷик, биология, география, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, таърих, химия ва ҳуқуқ санҷиши тестӣ супориданд. Инчунин аз ҷониби ҳайати доварон ҳисоботи эҷодии онҳо шунида шуд.

 

Озмун бо мақсади дарёфт намудани хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускор, навовар, муайян ва дастгирӣ намудани онҳое, ки аз навигариҳои илму техникаи муосир огоҳӣ дошта, дар ин самт ба муваффақият ноил гаштаанд, инчунин баланд бардоштани сатҳи дониш, қобилияти фикрронӣ, маҳорату малакаҳои зеҳнӣ ва ҳозирҷавобии хонандагон доир гардид.

  • ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид img

Хабарҳои дигар

  •  img
    1744 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд 1744 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.   Ба иттилои манбаъ, дар даври дуюми озмун 68 ҳазору 360 нафар довталаб аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуда, 169 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 629 нафар аз вилояти Хатлон, 469 нафар аз вилояти Суғд, 137 нафар аз шаҳри Душанбе ва 340 нафар довталаб аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд.   Озмун аз рӯи шаш гурӯҳ ва як номинатсия доир гардида, дар он хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1–4), хонандагони синфҳои 5–8 ва 9–11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабӣ ва эҷодӣ, кормандони соҳаҳои фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳо, инчунин калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок менамоянд.   Барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ҳамзамон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, вазифадор гардидаанд, ки ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.   Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар дарозои таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, доир мегардад.   Ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба мутолиаи амиқи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ буда, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати адабӣ ва таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ саҳми бориз дорад.   Бояд ёдовар шуд, ки барои омода шудан ба ин озмун шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расида, ба ҳар хонаводаи Тоҷикистон тақдим гардид.   Китоб дар Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расидааст.   Ин иқдоми наҷибу камназири Президенти ҷумҳурӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат, «эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад».   Тазаккур бояд дод, ки «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои «Шоҳнома» Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла нигоштаанд: «Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт».

    5

    17.06.2026
  •  img
    Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии кӯдаконаи «Шарора» ба фаъолият оғоз намуд. Имсол дар ин истироҳатгоҳ барои 720 нафар кӯдаку навраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ шароити мусоид муҳайё гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд.   Дар мавсими тобистонаи соли 2026 фаъолияти истироҳатгоҳи беруназшаҳрии кӯдаконаи «Шарора» дар 4 баст (давра) ба роҳ монда шуда, дар ҳар баст 180 нафар кӯдак ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.   Ҳамзамон дар басти якуми истироҳатгоҳ, дар баробари хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, инчунин қариб 50 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе низ ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.   Ба истироҳатгоҳ, пеш аз ҳама кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони аз оилаҳои эҳтиёҷманд, инчунин хонандагони фаъол, ғолибони олимпиадаҳо, озмунҳо ва мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ сафарбар карда мешаванд. Синну соли кӯдакони фарогирифташуда аз 7 то 14- сола муайян гардидааст.   Дар истироҳатгоҳи «Шарора» барои кӯдакон тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ муҳайё гардида, онҳо метавонанд дар муҳити солим ва бехатар истироҳат намуда, вақти худро самаранок сипарӣ намоянд.   Яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти таътили тобистона- ин истироҳатгоҳҳои таълимӣ ва фароғатӣ мебошанд. Ин истироҳатгоҳҳо, ки дар муҳити табиии сабзу хуррам ва дур аз шаҳрҳо ҷойгир шудаанд, на танҳо фазои орому осуда барои истироҳат, балки шароити мусоид барои машғулияти таълимӣ ва варзишӣ низ фароҳам меоранд. Хонандагон дар ин ҷо метавонанд ба бозиҳои варзишӣ машғул шаванд, дар маҳфилҳои эҷодӣ иштирок кунанд ва саёҳатҳои омӯзиширо таҷриба намоянд.

    24

    15.06.2026
  •  img
    Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад Дар ноҳияи Муъминобод чор муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дорад, ки дар он 320 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд.   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодааст. Зеро таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад.   Дар мамлакат барои рушди таҳсилоти томактабӣ «Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амал мекунад. То охири татбиқи барнома 800 муассисаи нави ин соҳа бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола ба таҳсилоти томактабӣ дар мамлакат бояд ба зиёда аз 50 фоиз расонида шавад.   Барнома бо мақсади идома бахшидан ба раванди босуръати сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон, васеъ намудани дастрасии босифат ба ин зинаи таълиму тарбияи насли наврас ва такмили сатҳи тахассусии кадрҳои соҳа таҳия гардидааст.   Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Имрӯз талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб таҳсил намуда, дар оянда дар пешрафти Ватан саҳми арзанда гузоранд.

    26

    15.06.2026